Қотили Наталя Эстемирова муқаррар ва ҷустуҷӯи ӯ шурӯъ шудааст. Ин баёнияи Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар як нишасти хабарии муштарак бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар шаҳри Екатеринбург пахш шуд.
Сарвари Русия афзуд, ки тафтиши сабабҳои куштори корманди маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Чеченистон Наталя Эстемирова идома дорад ва афзуд, ки “дар тафтиши ин гуна парвандаҳо ба натиҷаи фаврӣ муваффақ шудан ғайримумкин аст”.
Мавзӯъи тафтиши парвандаи Эстемироваро хонум Ангела Меркел ба миён гузошт ва аз мақомоти Русия даъват намуд, ки ба раванди ошкор ва муҷозот кардани омилони ин ҷиноят суръат бубахшанд. Ҳомии ҳуқуқи башар ва корманди “Мемориал” дар Чеченистон Наталя Эстемирова расо як сол қабл, 15 июли соли 2009, дар шаҳри Грозний рабуда шуд.
Ҷасади тирхӯрдаи ӯ шоми ҳамон рӯз дар канори деҳаи Ғозӣ Юрти Ингушистон ошкор гардид. Наталя Эстемирова далелҳои даст доштани мақомоти Чеченистон ва мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дар куштору одамрабоиҳоро ҷамъ меовард.
Олег Орлов, раиси маркази ҳуқуқи башари “Мемориал”-и Русия дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар ташреҳи баёнияи Дмитрий Медведев дар робита ба мушаххас шудани қотили Наталя Естемирова гуфт:
- Бубинед, ҳарфҳое зада шудаанд ва аммо ному насабе эълон нашудааст, хуб, қотиле пайдо шудааст ва ӯро кофтукоб мекунанд, фармоишгаронро низ меҷӯянд. Ва аммо ин қотил кист, ному насабаш чист, дар ин бора иттилоъе нест. Мо қаблан ҳам гуфта будем, ба мо, бар пояи асноди зери дастамон буда, маълум аст, ки фарзияи аслӣ ва, метавон гуфт, ниҳоии тафтишот он аст, ки қотил Азхазур Башаев буд ва ӯ кушта шудааст. Чӣ гуна фарди кушташуда метавонад мавриди кофтукоб қарор бигирад? Ё мақомот фарзияи аслиро зери шубҳа бурдаанд ва ё мехоҳанд Башаевро “зинда” созанд? Ё шояд ягон нафарро дар нақши “қотил таъин кардаанд”? Ростӣ, ман инро намедонам... Мо иттилоъи хело кам дорем, то гуфтаҳои ҷаноби Медведевро ташреҳ кунем. Дар робита ба мавзӯъе, ки шояд мақомот касеро дар нақши “қотил” таъин кунанд ва шояд аз ягон фарди мусаллаҳ ном бубаранд, мо чанде пеш дар як нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ карда будем. Дар нишаст аз он ҳам нигаронӣ шуда буд, ки мақомоти додситонӣ дигар фарзияҳо, аз ҷумла, имкони даст доштани намояндагони ҳукуматро тафтиш намекунанд. Зимнан, ин фарзия ҳаққи арзи вуҷуд дорад ва он хело ҷиддист ва бояд дар баробари дигар фарзияҳо, мисли даст доштани афроди мусаллаҳ, тафтиш шавад.
- Ҷаноби Орлов, қаблан бархе расонаҳо навишта буданд, ки “Мемориал” мехоҳад тафтиши мустақили куштори Наталя Эстемироваро роҳандозӣ кунад. Ин иттилоъ то куҷо воқеист ва оё “Мемориал” имкони тафтиши ин кушторро дорад?
- Чӣ гуна “Мемориал” метавонад тафтишоти мустақилонаи ҷиноятро доир кунад? Медонед, мо фақат метавонем баъзе далелҳои алоҳидаро ҷамъ оварда, онҳоро дар ихтиёри мақомоти тафтишот гузорем, вале мо наметавонем кори муфаттишоро анҷом диҳем ва, бигирем, ягон касро бозпурсӣ кунем. Ва аммо, тавре мебинем, тафтишот низ ин корро карда наметавонад ва аз бозпурсии бисёр мансабдороне, ки бояд мавриди пурсуҷӯ қарор бигиранд, худдорӣ мекунад. Мо бо вакили дифоъ созиш ҳосил кардаем, бо вакиле, ки аз манфиатҳои пайвандони Эстемирова дифоъ мекунад. Ӯ дар робита ба парвандаи қатли Наталя Эстемирова дархостҳо мекунад ва баъд аз хатми тафтишот пурра бо асноди парвандаи ҷиноӣ ошно мешавад. Ва аммо кай тафтишот хотима меёбад ва оё умуман хатм хоҳад шуд, мо чизе гуфта наметавонем...