Як ҳафтаи Тоҷикистон дар оинаи матбуот

Моҷарои роҳи пулакии Душанбе—Чаноқ, солдгарди кушта шудани Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва пайомадҳои муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон, аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.
«Ман молики IRS нестам»

Бештари нашрияҳо молик будани Ҷамоллиддин Нуралиев, муовини вазири молия ва яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон ба ширкати «Иновейтид Роуд Солшенз»-ро, ки ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе–Чаноқ машғул аст, ба баррасӣ гирифтаанд.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар сафҳаи аввал матлаберо зери номи «Ҷамоллиддин Нуралиев: Ман молики IRS нестам» бо аксаш чоп кардааст, ки дар он ҷаноби Нуралиев қаробати худ бо ин ширкатро рад кардааст. Вай гуфтааст, «пас аз нашри иттилои расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар бораи гуё робитаи ман бо ширкати IRS, ман унвонии радиои «Садои Олмон» ва ҳафтаномаи Азия плюс» нома фиристодам ва хоҳиш кардам, ки чунин хабарҳои беасос пахш накунанд.Ва бори дигар мегуям, ки на ман Ҷамоллиддин Нуралиев ва на вазорати молияи Тоҷикистон ба ширкати Иновейтид Роуд Солушнз» ягон рабте надорем».

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ин мавзӯъ менависад, «аҷиб аст, ки овозаи ба шахси наздик ба президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доштани ширкате, ки баъд аз таъмир, роҳҳои шимоли кишварро пулакӣ кард ва бо ҳар баҳона аз ифшои молики аслиаш худдорӣ мекунад, ҳанӯз моҳи апрел, аз аввали ба пулчинӣ шурӯъ кардани ин ширкат паҳн шуда бошад ҳам, аммо то ҷаноби Ҷамолиддин Нуралиев, касе аз ақрабои Президент ба ин иттилоъ изҳори норизоӣ накарданд».

Аммо ҳафтаномаи «Озодагон» бо суоли «IRS моли кист?» назари чанд танро пурсон кардааст, то молики аслии ширкати пулчинии роҳ дар Тоҷикистонро пайдо кунад. Амонулло Ашур, раиси хадамоти зиддиинҳисорӣ, нахустин мансабдори давлати ки дар муқобили ин ширкат сангар гирифта ва фаъолияти онро ғайриқонунӣ хондааст, дар посухи ин суол мегцяд, «ниҳоде, ки ваколатдор аст ва метавонад, пурра ба ин суол посух гӯяд, ин Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ аст, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро онҳо доранд ва бояд гӯянд, ки муассиси IRS кист. Бо ин суол ба Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ муроҷиат кунед, ҷавоб хоҳанд гуфт».

Қатли мармузи Мирзо «Ҷага»

«Нигоҳ» ба муносибати солгарди кушта шудани Мирзо Зиёев, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифони пешини давлат ва вазири собиқи умури изтирории Тоҷикистон, дар канори ёддоварӣ аз нооромиҳои шарқи ин кишвар, ҳамчунин сӯҳбати Иқлима Зиёева, ҳамсари собиқи Мирзо Зиёевро, ки моҳи августи соли гузашта анҷом шудааст, мунташир кардааст.

Бону Иқлима гуфтааст, ки «мо дар оила фарҳанги исломӣ дорем ва ба корҳои шавҳар хира намешавем. Ӯ ҳам, (яъне Мирзо Зиёев дар назар аст) ба мо дар бораи касе сергапӣ намекард. Лекин боре ба ман гуфт, «э ванҷӣ, як чиза барот мегум, аз ёдат набарор! Ман ба дарди илоҳӣ намемирам. Маро оқибат тири номард мекушад. Ӯ аз чунин кушта шуданаш хабар дошт».

Ҳафтаномаи «Пайкон» дар мақолаи «Як сол бе Мирзо Зиёев» аз тири ҳамсафон кушта шудани вазири пешини умури изтирорӣ дар 11 июли соли 2009 дар Тавилдараро фарзияи расмӣ медонад ва менависад, «овози тарафи дигар ҳаргиз шунида нашуд, то назари худро бигӯяд, ки дар воқеъ ҷониби фармондеҳи пешини худ силоҳ кашид ва ӯро кушт?»

Тоҷикистон оянда дорад...

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос ва аз раҳбарони собиқи Иттиҳоди опозисиюни тоҷик зимни посух ба суоли хонандагони сомонаи «Азия плюс» гуфтааст, ки китоберо дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон таълиф кардааст ва агар Худованд даст диҳад онро дар остонаи 20 солагии хатми ҷанги дохилӣ интишор хоҳад кард. Ба таъкиди ин рӯҳонии тоҷик Тоҷикистон метавонад оянда дошта бошад ва ин аз фаъолмандӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандонаш вобаста аст. Зеро ба гуфтаи вай агар шаҳрванд ояндаи дурахшонеро хоҳанд, пас бояд барои ин саъй кунанд.

Ҷаноби Тураҷонзода ба ин суол, ки оё имкони такрори ҳаводиси Қирғизистон дар кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад ё хайр, посух дода гуфтааст, «ин ба хоҳиши абарқудратҳои таъсиргузор ва сиёсатмадорони бонуфузи минтақа бастагӣ дорад». Дар ҳамин ҳол ҷаноби Тураҷонзода аз номбар кардани исми дӯстонаш дар ҳукумат худдорӣ кардааст. Зеро вай иддаъо дорад, ки «ифшои номи онҳо метавонад , боиси барканории зудҳангоми онҳо аз мақомҳояшон гардад».

Узбакистон - Исроили Осиёи Марказӣ?

Бархе аз ҳафтаномаҳо, аз ҷумла «Миллат», «Истиқлол» ва «Азия плюс», «Нигоҳ», мавзӯъи идомаи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистонро бозтоб дода, навиштаанд, ки ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон барои таркиши 37 вагон мум дар истгоҳи ноҳияи Ҷамоллидини Румии вилояти Хатлон, пас аз таҳқиқ алайҳи Узбакистон шикоят хоҳад бурд. Зеро ба таъкиди масъулони Роҳи оҳан, кишвари ҳамсоя зимни боздошти вагонҳои Тоҷикистон, дар вуқӯъи таркиши ҳазорҳо тун мум дар қаламрави ин кишвар гунаҳкор аст.

«Миллат» дар мақолае зери номи «Узбакистон Исроили Осиёи Марказӣ» аз Узбакистон ба унвои кишваре донистааст, ки монеи пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистон то замони истиқлол ва баъд он будааст. Муаллифи матлаб менависад, «ҳукумати Узбакистон абзорҳои мухталифи фишорро истифода карда шуру валвала ва деги фитнаро алайҳи Душанбе ба ҷӯш овардааст. Тавре огаҳӣ дорем, муддати 18 соли ахир хатти парвози муштараки ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя аз фаъолият бозмонда, ширкати «Ҳаво йулларӣ» фурудгоҳҳои Узбакистонро барои Тоҷикистон баста нигоҳ медорад».

Хукумати Каримовӣ Маҳмуд Худойбердлиевро дар оғӯши худ ҷой дод ва ӯ тавонист аз он ҷо ба оромтарин минтақаи Тоҷикистон — Хуҷанд ҳамла орад. Узбакистон - барои тоҷикистониён, ки наздиктарин ҳамсоя аст, низоми раводид ташкил кард. Инчунин газро бо ҳар баҳона масдуд мекунад, барқро дар шадидтарин лаҳзаҳо қатъ кард, ки аз сармои қаҳратуни соли 2008 чандин тифлу барнои тоҷик аз хунукиву бебарқӣ ҷон ба ҷонон супурданд. Ин гуна мисолҳо ва таҳримҳои «ҳамсояи наздики беҳ аз додар» -и Узбакистон хеле зиёданд, ки чандин саҳифаро метавонад пур кунанд».

Эҳёи Хуросони Бузург

Ин аст, ки ҳафтаномаи «СССР» вазъи сиёсии Тоҷикистонро бо Эрон монанди ҳам медонад ва дар матлаби «Тоҷикистон—Эрон: Оғози эҳёи Хуросони Бузург» менависад, «муносиботи сарди Тоҷикистону Узбакистон ва Эрону Амрико вазъи сиёсии ду кишварро мушобеҳ кардааст. Ҳамонгуна, ки Амрико тамоми воситаҳоро барои зарар додан ба Эрон истифода мебарад, Узбакистон низ бо тамоми вуҷудаш роҳҳои мазаррат расондан ба Тоҷикистонро ҷӯё аст. Дар чунин ҳол ҳамкориҳои густурдаи Русия бо Эрон ба манфиати Тоҷикистон буда метавонад. Яъне ҳамкорӣ бо кишвари барои мо бародар маънии пушт сӯи Русияро надорад. Мантиқан дар чунин ҳол Узбакистон ҳатман ҳамкориро бо Амрико пурзӯр мекунад».

Аммо ба эътиқоди муаллифи матлаб сафари Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раҳбари дастгоҳи президенти Эрон ба Тоҷикистон ва башорати вай дар бораи кушода шудани аввалин «Хонаи Эрон» дар Тоҷикистон «шояд ин оғози анҷоми саргумиҳои Тоҷикистон ва хишти аввал дар эъмори Хуросони Бузург бошад»

«Репетитсияи фоҷеаи бузурги Андиҷон»

«Гастербайтерҳои террористи узбак дар Хуҷанд» унвони матлаби дигарест, ки дар ҳафтаномаи "СССР" мунташир шудааст. Нашрия навиштааст, ки «аз боздошти ҷангиёни узбектабор дар Хуҷанди Тоҷикистон, ки дар ноором кардани вазъ дар Қирғизистон даст доштанд, метавон хулоса кард, ки дар хунрезиҳои қирғизӣ маҳз узбектаборон гунаҳкоранд. Зеро маҳз инҳо буданд, ки ба хотири диверсия хуни ноҳақ рехтанд, духтарони қирғизтаборро таҷовуз намуданд ва миёни 2 миллат оташи нифоқ барангехта шуд. Воқеан ҳам аз эҳтимол дур нест, ки ҷангиёни ҲИУ тавъам бо гурезаҳои қирғизистонӣ ба Узбакистон бозгаштанд. Зеро ҳадафи асливу усулии Ҳаракати исломии Узбекистон ҳамоно бӯғранҷсозии вазъ дар вилояти Фарғона ва Андиҷони Узбекистон аст. Пас метавон тахмин зад, ки фоҷеаи Ҷалолобод репетитсияи фоҷеаи бузурги Андиҷон хоҳад буд».

Ҳаракати мардумӣ алайҳи фасод

Ҳафтаномаи русизабони «Вечерний Душанбе» аз таъсиси ҳаракати мардумӣ алайҳи коррупсия хабар додааст. «Шаҳрвандон ришва надиҳед!» шиори ин ҳаракат аст, ки дар канори Комиссияи ҷамъиятӣ дар муқобила бо фасоди шаҳрдории Душанбе, нашрия низ аз ташабускорони аслӣ мебошад. Нашрия хитоб ба шаҳрандон навиштааст, «агар аз Шумо ришва талаб кунанд, ба ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» муроҷиат кунед».