Сандуқи нуфуси СММ мегӯяд, афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон ба болоравии сатҳи бекорӣ, фақр ва дар ниҳоят ба камбуди маводи ғизоӣ дар миёни сокинон мунҷар хоҳад шуд.
Намояндаи ин мақоми СММ Майкл Джонс ин матлабро рӯзи ҷумъа зимни баргузории нишасте ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе баён кард.
Фақирони серфарзанд
Ҳамасола 11-уми июл ба унвони Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Аммо гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳокист, ки афзоиши басуръати аҳолӣ бештар дар кишварҳои фақири олам ба мушоҳида мерасад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои собиқ Шуравӣ буда ва беш аз нисфи ҷамъияти он дар вазъи фақр ба сар мебарад. Бонки ҷаҳонӣ пешгӯи кардааст, ки то соли 2015 аҳолии ин кишвар ҳудуди 50 дарсад афзоиш хоҳад ёфт, ки мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор хоҳад овард.
Бобои Қурбоналӣ, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон 12 фарзандро тарбия карда ва ҳамаи онҳоро оиладор кардааст. Вай мегӯяд, ҳар фарзандаш соҳиби 4 то 7 фарзанд ҳаст ва набераву абераҳо дорад. Ҳамакнун ҳамроҳи бобои Қурбоналӣ се фарзандаш бор хонаводаашон зиндагӣ доранд, ки дар ҷиҳати хонаву ҷойи истиқомат танқисӣ мекашанд. Аслан, бобои Қурбоналӣ 73 сол дорад, ки бо 60 сомонӣ, ба қавле даври нафақа меронад.
Аммо дар қатори бобои Қурбоналӣ ҳазорҳо хонаводаҳое дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки ҳамакнун мушкилоти пайомади серфарзандиро мекашанд. Албатта онҳо хушҳоланд, ки Худованд ба онҳо фарзанд додааст, аммо набуди ҷойи зисту кор, проблемаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ душвориҳоеро ба рӯзгорашон бор кардааст.
Афзоиши аҳолии курраи Замин
Ин дар ҳолест, ки пажӯҳиши ахире, ки Маркази таҳлилии амрикоии «Population Reference Bureau» (PRB) анҷом додааст, интизор меравад, ҷамъияти ҷаҳон дар соли 2050 ба 9,4 миллиард нафар хоҳад расид. Ин марказ афзоиши 97 дарсади аҳолиро аз ҳисоби кишварҳои фақиртарини ҷаҳон медонад.
Бар асоси ин пажӯҳиш, аҳолии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи кишварҳои фақиртарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, 84 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки афзоиши башиддати ҷамъият дар Тоҷикистон ба болоравии мизони бекорӣ, фақр ва дар ниҳоят ба камбуди маводи ғизоӣ дар кишвар мунҷар хоҳад шуд.
Зӯҳро Аҳмадова, намояндаи UNFPA ё Сандуқи нуфуси CММ, низ дар ин бора мегӯяд, «пайомади афзоиши ҷамъият, муҳоҷирати аҳолиро бештар хоҳад кард. Зеро бекорӣ зиёд аст. Аз сӯи дигар афзоиши аҳолӣ, мушкилиҳои дастрасӣ ба мактабу маориф ва хадамоти беҳдоштиро бештар мекунад, ки албатта бӣа сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир дорад».
Хатари камбуди замин ва об
Аз сӯи дигар масъулони Сандуқи нуфуси СММ ҳушдор медиҳанд, ки «агар ҳамзамон бо афзоиши аҳолӣ, дастрасии мардум ба замин, оби нушокӣ ва ҳамин тавр дигар хадамот тавсеа наёбад, душвориҳои сангинтареро метавон интизор шуд».
Ин дар ҳолест, ки мизони саршумории аҳолӣ дар муддати понздаҳ соли ахир дар Тоҷикистон тағйир накарда ва ба гуфтаи Гулнора Саломова, корманди Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон, ин кишвар дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар заминаи таваллуд дар мақоми аввал қарор дорад, ки ин амр аз сабабҳои аслии афзоиши аҳолӣ дониста мешавад:
«Дар воқеъ таваллуди зиёд омили афзоиши аҳолӣ аст. Зеро вуҷуди анъанаҳо дар миёни мардум, яъне серфарзандӣ боси шуда, ки мардум таваллуди зиёдро меписанданд. Аз сӯи дигар фарзанд барои хонаводаҳои тоҷик барои иҷрои корҳо зарур аст. Ҳамчунин пойин будани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии занон аз дигар сабабҳои афзоиши сатҳи аҳолӣ аст. Зеро занон дар таваллуди фарзанд танзимро риоя намекунанд ва аз таҷҳизоти зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз таваллуди бидуни фосила истифода намебранд».
Барномаи бенатиҷаи танзими оила
Ҳамакнун Зуҳро Аҳмадова, намояндаи Сандуқи нуфуси СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, танҳо рушди масоил демографии аҳолӣ, ба хусус танзими хонавода метасонад омили за байн бурдани пайомадҳои номатлуби равнади сареъи афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон бошад:
«Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш дар мавзӯи танзими хонавода ва мушкилоти демографӣ дар моҳи феврали соли 2001 таъкид карда буд, ки оила бояд он теъдод фарзанде дошта бошад, ки ба талаботи давлат ва оила ҷавобгӯ бошад. Раисиҷумҳур нагуфт, ки бояд як, ду, се ва ё чаҳору панҷ ва аз он зиёду кам фарзанд бояд дошт, балки бар он даъват кард, ки афзоиши аҳолӣ набояд ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум асар гузорад».
Аммо ҳамакнун бо гузашти 8 сол маълум мешавад, ки барномаи давлати Тоҷикистон дар заминаи танзими хонавода ва таъсиси марказҳои вижа дар манотиқи мухталифи кишвар дар ин росто натиҷаи муассире дар пай надоштаааст. Аҳолии кишвар ба иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон дар муддати даҳ соли ахир беш аз 1, 5 миллион афзудааст.
Ҷонибдорони серфарзандӣ
Аслан Тоҷикистон аз шумули кишварҳои шуравии пешин аст, ки мардумаш ба серфарзандӣ таваҷҷӯҳ дорад. Бобои Қурбоналӣ, сокини ноҳияи Восеъ, ки дар оғоз бо ӯ сӯҳбате доштам, ҷонибдори бисёрфарзандӣ аст, аммо мегӯяд, «фарзанд атои Худо аст, ризқашро Худо медиҳад. Фарзанд соҳиби маълумот ва кор бошад, ҳатманд нафъаш ба дигарон мерасад. Аммо агар бекор бошад, дар назди дигарон низ сари баланд надорад».
Ҳарчанд омори расмии бекорӣ дар кишвар ҳудуди 3 дарсадро ташкил медиҳад, аммо таҳқиқотҳои созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ин рақамро ҳудуди 30 дарсади нерӯи қобили меҳнат дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Афзун бар ин мутахассисони арса мегӯянд, солона дар ин кишвар 100 ҳазор нерӯи қобили меҳнат афзоиш меёбад. Ин аст, ки дар муддати чанд соли ахир муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳоли афзоиш буда ва ҳатто бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ натавонистаааст, пеши роҳи ин равандро бигирад.
Мӯҳоҷирони ноновар
Давлат теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишварро ба ҳудуди 800 ҳазор ва манобеи ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион нафар мегӯяд. Ва мусаллам аст, ки таъмини маишии аксарияти кулли мардуми Тоҷикистон низ аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷи кишвар аст. Зеро як ё ду нафар дар Русия кор мекунад, бақия аъзои оилаи тоҷик, ки аз 7 то 10 ва аз он бештарро ташкил медиҳад, мехӯранду мепӯшанд ва зиндагиро пеш мебаранд. Ин аст, ки охири соли гузашта Барномаи ғизои СММ шумори мардуми ниёзманд ба кумаки ғизоӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 1, 5 миллион нафар хонда буд.
Хонаводаи мӯйсафеди Қурбоналӣ, низ аз ҷумлаи мардуми ниёзманде аст, ки ба гуфтаи вай на ҳама вақт ғизои колоринок истифода мекунанд. Бештари маводи хӯрокаи ини хонавода, маҳсулоти лубиёӣ, сабзавот ва караму картошка аст. Дар ҳоле, ки вай дар замони Шуравӣ шуғли ронадагӣ буд ва маоши хубе ҳам мегирифт, ки 12 фарзандашро бо тамоми шароит таъмин мекард.
Аз сӯи дигар хонумаш, кампири Сангимо, пас аз таваллуди фарзандон аз сӯи давлат кумакпулиҳо дарёфт мекард. Вай унвони «Қаҳрамонмодар» -ро низ соҳиб шуда буд. Зеро ба модароне, ки аз нӯҳ фарзанд зиёд доштанд, ҷоизаи «Қаҳрамонмодар» дода мешуд. Вале ҳамакнун дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ин имтиёзот аз байн рафта ва давлат хоҳони танзими масоили демографӣ, ба хусус танзими таваллуди фарзанд аст.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва Кумитаи омори Тоҷикистон интизор доранд, ки аҳолии ин кишвар ба 8 миллион нафар расидааст. Зеро қарор аст ба таърихи 21 то 30 сентябр дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда мешавад. Нахустин ба рӯйхатгирии аҳолӣ пас аз касби истиқлол дар Тоҷикистон 6 миллиону 132 ҳазор нафарро ташкил дода буд.