Дар шаҳри Остона нишасти сарони кишварҳои АврОсиё баргузор шуд. Аммо муҳимтарин ҳадафи ин ҷамъомад, таҷлили 70 -солагии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон унвон мешавад. Чанде қабл порлумон ба Нурсултон Назарбоев, унвони «Пешвои Миллат»-ро эъто кард. Ин иқдом вокунишҳои мухалиферо ба дунбол дошт.
Нишастҳои ҳамзамон бо мавлуди президентҳои Осиёи Марказӣ
Сарони Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро зодрӯзи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурои Қазоқистон гирди ҳам овард. Сешанбеи 6 июл 70 соли баҳори умри ҷаноби Назарбоев пур мешавад. Афзун бар он, душанбеи 5 июл дар пойтахти Қазоқистон, Рӯзи пойтахт эълон шудааст. Ин барои аввалин бор нест, ки сарони кишварҳои Шӯравии собиқ ба баҳонаи ҷашни зодрӯзи ин ё он раиси ҷумҳур нишастҳои расмӣ ва ғайрирасмии созмонҳои минтақаиро баргузор мекунанд.
5 октябри соли 2007, дар рӯзи зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 55 солагиашро таҷлил кард, нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуда буд.
Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик ва мувоини раҳбари Ҳизби состсиал - демократи Тоҷикистон мегӯяд, ингуна баргузории нишастҳо, ки бештар ҳадафи ҷашнгирии зодрӯзи сарон аст, шахспарастӣ ва худкомагиро густариши чашмгире мебахшад.
Ӯ мегӯяд: «Аз нуқтаи назари усулӣ ҳамаи ин боиси зиёд шадани авторитаризм ва шахспарастӣ дар минтақа мешавад. Аз сӯи дигар, ба ин баҳона онҳо ба воситаи маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ корҳои шахсии худро ба анҷом мерасонанд, ки ин хуб нест ва паёомадҳои нохуб ва номатлуб ба бор меорад».
Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба ҷашнгирии зодрӯз табдил додани нишасти сарони ҷомеаи иқтисодии АврОсиё, на танҳо шахспарастиро афзун мекунад, балки обрӯ ва эътибори ин созмонро коҳиш медиҳад.
Ӯ мегӯяд: «Чӣ зарурате аст, ки 70 - солагии Назарбоевро оварда ба ба манфиатҳои дигар кишварҳо, мисли Русия, Белорус, Тоҷикистон ва Узбакистон тавъам карданд. Инҷо проблемаҳое бояд ҳаллу фасл шаванд ва ҳастанд, ки аз 70 - солагии Назарбоев болотар ва заруртар барои кишварҳои узви АврОсиё мебошанд».
Ҷашни 70 солагии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш порлумони он кишвар дар чаҳорчуби қонун ба ӯ унвони «Пешвои Миллат»-ро дод.
"Падарон, пешвоҳо ва қаҳрамонҳои миллатҳои Осиёи Марказӣ"
Ҳарчанд худи Назарбоев, қонун дар ин заминаро имзо накард, аммо рӯзи гузашта, дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Вести» -и Русия гуфт, «агар саломатӣ имкон диҳад ва боварии мардум ҳамин тавре, ки ҳоло ҳаст, бошад дар мақоми президенти Қазоқистон хоҳам буд".
Ин ҳарфи президенти кишварест, ки ҳамакнун раёсати САҲА-ро бар дӯш дорад ва беш аз 20 соли ахир дар курсии раиси ҷумҳури Қазоқистон нишастааст.
Агар рӯ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Узбакистон ва Тоҷикистон биорем, инҷо низ вазъ аз Қазоқистон беҳтар нест. Зеро Ислом Каримов, бо собиқаи аз Шӯравӣ дошта, то ҳол сарварии Узбакистонро бар ӯҳда дошта ва дар шахспарастӣ ва яккатозӣ беҳамто бошад, пас Эмомалӣ Раҳмон, бо фурӯпошии Шуӯравӣ аз соли 1992 то кунун, дар мақоми сардори давлат ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.
Агар дар Қазоқистон, Назарбоев ҳамакнун унвони «Пешвои Миллат» -ро гирифта бошад, порлумони Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз дар соли 1999 унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» -ро эъто карда буд.
Натиҷаи густариши шахспарастӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он овардааст, ки ин кишварҳо ҳамеша аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифта ва дар гузориши ин созмонҳо ба унвони кишварҳои худкома муаррифӣ мешаванд.
"Хунбаҳои ҳаводиси Қирғизистон ба виждони президентҳои ИДМ"
Исмоил Талбаков, вакили маҷлис густариши шахспарастиро ба менталитети шарқиёнаи мардумони Осиёи Марказӣ марбут медонад. Аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон назари дигар дорад.
Ӯ мегӯяд: «Вохӯрии сарварони кишварҳои муштаракулманофеъ буд дар 8 майи соли ҷорӣ дар Маскав, ки Лукашенко, президенти Белорус пешниҳод кард, ки бояд ҳодисаҳои Қирғизистон маҳкум шавад. Сарони кишварҳо эъломия қабул карданд, ки дар он аз Қурмонбек Боқиев ба унвони раиси ҷумҳури қонунии Қирғизистон ҳимоят карданд. Ин ба он овард, ки вазъ дар ҷануби Қирғизистон тезутунд шавад. Хунрезиҳои Қирғизистонро ба виҷдони раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ метавон вогузор кард. Чун ки онҳо аз Боқиев дастгирӣ карданд ва Лукашенко низ гуфт, ки имрӯз Бишкек, фардо кишвари дигаре метвонад бошад ва чунин ҳаводис метавонад раҳбари дигар кишварро низ иваз кунад».
Аз гуфтаи ҷаноби Маҳмадазимов, метавон хулоса кард, ки ҷилва додани шахспарастӣ дар ҷомеъаи Осиёи Марказӣ василае барои баровардаи ҳадафҳои стратегии абарқудратҳои минтақа аст. Аммо таассуфовар он аст, ки шахспарастӣ ва худкомагии раҳбарон саранҷом боиси вуқӯъи норозиятӣ, исёну ошӯб ва ҳатто кудатоҳои давлатӣ мешвад.
Мисоли равшани онро дар ҳаводиси ахир дар Қирғизистон метавон хулоса кард. Ҳамакнун Роза Отунбоева, президенти ба тозагӣ интихошудаи Қирғизистон танҳо, раиси ҷумҳур аст, ки дар ҳоли ҳозир ба ӯ, нисбат ба ҳамтоёнаш дар ҷомеъаи иқтисодии АвруОсиё ибораи «шахспарстӣ ва худкомагиро» нисбат наметавон дод.