Тоҷикистон аз қабули Қонуни асосии нави Қирғизистон истиқбол ва омодагашро барои ҳамкорӣ бо ҳукумати мунтахаби ояндаи ин кишвар эълон кард. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки бо порлумонӣ шудани низоми Қирғизистон, абарқудратҳо мехоҳанд низомҳои худкомаи президентии Осиёи Миёнаро аз байн баранд.
Бархе аз соҳибназарон, референдуми Қонуни асосии Қирғизистонро омили қонунӣ фаъолият кардани ин кишвар ва ҳалли муноқишоти дохилӣ унвон кардаанд. Аммо бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба низоми порлумониро пазируфтани Қирғизистон ба маънии оғози аз байн бурдани режимҳои худкома дар кишварҳои Осиёси Марказӣ, тавассути кишварҳои абарқудрат аст.
"Тоҷикистон ба интихоби мардуми қирғиз арҷ мегузорад"
Дар ҳоле, ки масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузории ҳамапурсии Қонуни асосии Қиғизистонро кори дохилии ин кишвар медонанд, аммо ҳамзамон аз он истиқбол кардаанд.
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: «Имрӯз вақте, ки мардуми Қирғизистон сохти полрлумонии идораи давлатро интихоб кардааст, ин ихтиёри онҳост. Ва Тоҷикистон омодааст, бо ҳар гуна ҳукумате, ки тавассути раъдиҳии халқ ба вуҷуд меояд, кор мекунад, фаъолият мекунад, ҳамкорӣ мекунад. Ва мо ҷонибдорӣ ҳамин ҳастем, ки ҳар чӣ бештар ва ҳар чӣ тезтар он вазъи муташанниҷе, ки дар ин кишвари барои мо дӯст ва бародар ба вуҷуд омадааст, паси сар шавад ва роҳи сулҳу салоҳ ва мусолиматомези қазия пайдо шавад то ин кишвар боз ба маҷрои мӯътадил ва рушд баргардад».
Бад ин тартиб, Қирғизистон он гуна, ки Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон пас аз поёни раъйдиҳӣ гуфт, интихобкунандагон Қонуни асосии нави ин кишварро тасдиқ карда, низоми порлумониро барои сохти давлатдорӣ аз низоми раёсатҷумҳурӣ авлотар донистанд.
Зиндагии "бе президент" чӣ гуна хоҳад буд?
Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бар ин бовар аст, ки референдуми Қонуни асосӣ барои Қирғизистон танҳо роҳи наҷоти ин кишвар аз ҷанги дохилӣ будааст.
Ӯ мегӯяд: «Қирғизитстон роҳи халосии худашро аз ҷанги дохилӣ дар ҳамин дидааст. Дидааст, ки талоши президентшавӣ аз ҳад гузашт, барои ҳамин қарор доданд, ки бе ҳамин президент зиндагӣ кунанд».
Аммо ҳамзамон бархе таҳлилгарон низоми порлумонӣ барои Қирғизистонро дар шароити феълӣ муносиб ва муассир намедонанд.
"Низомӣ порлумонӣ барои Осиёи Марказӣ муовифқ нест"
Абахон Султонназаров, раиси минтақавии Пажӯҳишгоҳи бритониёии Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) роҳи интихобкардаи Қирғизистонро барои ин кишвар муассир намедонад.
Ӯ мегӯяд: «Хуб, дуруст аст, ки давлат порлумонӣ мешавад. Аммо бовар кунед, аз ин метавон бесарусомнӣ ва беназмиро дар дохили порлумон интизор шуд. Аз сӯи дигар, шоҳиди фасод низ хоҳем шуд. Чун ҳизбҳои сиёсӣ, ба хусус ҳизби ба қавле ҳоким талош мекунад, то ба хотири қабул шудани лоиҳаи пешниҳодии худ орои дигар ҳизбҳоро бихарад. Низоми порлумонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ он қадар қобили қабул нест. Чун мардум омода нестанд. Барои ин беҳтар аст, то низом дар ин кишварҳо президентӣ ва порлумонӣ бошад».
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия низ дар ҷараёни ҳамоиши G20 дар Торонто гуфтааст, ки амалӣ гаштани идеи ҷумҳурии порлумонӣ дар Қирғизистонро тасаввур карда наметавонад ва бовар дорад, ки дар шароити феълӣ метавонад аз ҳам фурӯ пошад.
"Агар порлумон муваффақ нашавад, хатари бозгашти президент вуҷуд дорад"
Шодӣ Шабдолов, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, роҳи устувор мондани низомӣ порлумонӣ дар Қирғизистон вуҷуд дорад.
Ӯ мегӯяд: «Агар интихобот бар асоси барномаҳои аҳзоби сиёсии кишвар сурат бигирад, побарҷо мондани порлумон имкон дорад. Аммо агар дар асоси интихоби қавму қабилаҳо ва дигар гурӯҳҳо анҷом шавад, боз ҳам маҳалгароӣ, минтақагароӣ ва ғайраро дуҷор омадан мумкин аст. Ҳамон гуна, ки Укроин рӯ ба рӯ шуда буд».
Бо ин ҳама, Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ референдум дар Қирғизистон ва гузариш ба низоми порлумонӣ, танҳо василаи қонунӣ гардонии ҳукумати муваққат ва ҳамзамон таъмини субот дар ин кишвар асту халос.
Ӯ мегӯяд: «Бубинед ҳоло барои Русия ва кишварҳои Ғарб субот дар Қиизистон зарур аст ва қонунӣ будани ҳукумат. Пас аз он онҳо метавонанд бо ин ҳукумат ба таври расмӣ ҳамкорӣ кунканд. Низоми порлумонӣ ҳеҷ вазъи идориро дигар нахоҳад кард. Ҳамон хоҳад монд. Аммо дар оянда имкон дорад, боз сохтор президентӣ шавад. Ҳамон гуна, ки дар солҳои аввали 1990 дар Тоҷикистон пеш омада буд. Дар сесияи 16 -ум гуфта буданд, ки низоми порлумонӣ бояд бошад, лекин як сол баъд мавқеъҳо дигар шуд ва сохтори президентӣ рӯи кор омад. Дар Қирғизистон низ ин имкон дорад».
Аммо таърих ҳокист, ки дар пайи ба истеъфо рафтани Раҳмон Набиев, собиқ президенти Тоҷикистон дар сентябри соли 1992, салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ба раиси порлумон ё Шӯрои олии вақт гузашт ва дар иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992, Тоҷикистон низоми порлумониро ихтиёр кард ва он ҳам бо вожаҳои раиси Шӯрои олӣ - Сардори давлат.
Таърихчаи низоми порлумонии Тоҷикистони
Вале як соли баъд боз ҳам кишвар ба низомӣ президентӣ рӯ овард ва аз соли 1994 то кунун низоми мудрият дар кишвар раёсати ҷумҳурист, ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон, қарор дорад. Ҳамакнун бештари соҳибназарон мегӯянд. Тоҷикистон ба шеваи мудирияти порлумонӣ барнахоҳад гашт. Зеро ба таъкиди ин соҳибназарон вазъи дохилӣ инро тақозо намекунад. Онҳо мегӯянд, бештар авзоъи сиёсии Белорус ва Гурҷистон ниёзеро барои низоми порлумонӣ дар кишварҳояшон ба вуҷуд овардааст.
Аммо Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон, ки тасмими мардумаш барои гузариш ба низоми порлумониро раҳоии кишвар аз яккараҳбарии худкома донистааст, метавонад, сабақе барои дигар кишварҳои минтақа бошад.
Зеро аз оғози беназмиҳо ва нооромиҳо дар Қирғизистон ҳамеша бар даст доштани кишварҳои абарқудрат, ба хусус Русия таъкид мешавад.