Дар Русия дар чаҳорчӯби омодагиҳо барои парвоз ба Сайёраи Сурх тарҳи “Миррих-500” пиёда сохта мешавад. Чанд рӯз пеш шаш нафар ихтиёриёни “парвози озмоишӣ” вориди маҷмааи таҷрибавии Пажуҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия, воқеъ дар шаҳри Маскав, шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Роскосмос – Оҷонси федеролии кайҳонии Русия, “миррихнавардон” 17 моҳи оянда аз ин маҷмаа берун нахоҳанд шуд. Озмоиш дар “киштии кайҳонӣ” аз се марҳила иборат аст – 250 рӯзи аввал “миррихнавардон” гуё ки ба Миррих парвоз мекунанд. 30 рӯзи дигар онҳо, дар болои “Сайёраи сурх” “озмоишҳо” анҷом медиҳанд ва 240 рӯзи боқимонда - роҳи бозгашт аз Миррих ба Заминро тай хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки афроди зиёде хоҳиши ширкат дар ин парвози озмоиширо доштанд ва аммо аз миёни садҳо довталабон фақат шаш олими варзида пазируфта шуданд. Зимнан, яке аз онҳо Сӯҳроб Камолов, номзади илми тиб, ҷарроҳи дил ва корманди Маркази илмиву тиббии ба номи Бакулеви шаҳри Маскав аз рӯи миллаташ тоҷик аст.
Сӯҳроб 38 сол дорад, ӯ зодаи шаҳри Душанбе аст ва соли 1989 мактаби миёнаи рақами 60-и пойтахтро хатм кардааст. Волидайни ӯ - табибони маъруфанд ва, ба навиштаи хабаргузориҳо, то солҳои 90-ум дар кӯчаи ба номи Ломоносови шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Айни ҳол Сӯҳроб Камолов ва волидайнаш дар шаҳри Маскав ба сар мебаранд.
Дар озмоиши “Миррих-500” ҳамроҳ бо Сӯҳроб ҳамчунин Александр Смолеевский ва Алексей Ситев, ҳамчунин шаҳрванди Чин Ванг Ю, Диего Урбинаи итолиёвӣ ва Роман Шарл аз Фаронса ширкат мекунанд. Евгений Дёмин, раиси бахши техникии барномаи “Миррих-500”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нафаре аз “экипаж” қаблан дар ин гуна озмоишҳо ширкат надоштанд.
Ӯ афзуд, ки аз рӯзи аввал ширкатдорони озмоиш бо ҳам муносибати дӯстона доранд. Ба гуфтаи Евгений Дёмин, ҳар соати парвози озмоишии “миррихнавардон” барномарезӣ шудааст – онҳо ҳашт соат дар “киштии кайҳонӣ” ба озмоишҳои илмӣ ва таъмини кори ҳама системаҳои киштӣ машғул хоҳанд шуд. Ҳашт соат барои хоб ва ҳашт соати боқимонда барои анҷоми корҳои инфиродӣ ҷудо шудааст. Аъзои экипажи киштӣ шабу рӯз таҳти назорат аз тариқи видео қарор хоҳанд дошт.
Ва аммо оё қабл аз вақт қатъ шудани озмоиш имконпазир аст? Ба гуфтаи Евгений Дёмин, “озмоиш фақат дар сурате қатъ карда мешавад, ки агар вазъ хело сангин шуда, барои ҳаёти онҳо таҳдиде ба миён биёяд. Ин метавонад марбут ба саломатӣ ё марбут ба техника бошад. Дар дигар ҳолатҳо, ҳатто озмоишро тарк кардани яке аз аъзои экипаж наметавонад мунҷар ба қатъи озмоиш шавад”.
Евгений Дёмин афзуд, ки аҷаб нест “миррихнавардон” дар вазъи изтирорӣ ҳам қарор бигиранд – созмондиҳандагони барномаи “Миррих-500” – ЕКА ё Оҷонси кайҳонии Аврупо ва Пажуҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия мехоҳанд вазъи ғайримунтазираеро низ озмоиш кунанд, ки шояд дар Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ ба вуқӯъ пайвандад.