Шӯрои амнияти СММ ба қатъномаи Эрон раъй медиҳад

Қарор аст, имрӯз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба қатъномаи таҳримҳои иловагӣ алайҳи Эрон раъй диҳад. Пешнависи ин қатънома аз ҷониби Амрико пешниҳод шудааст ва Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё онро дастгирӣ кардаанд.
Панҷ кишвари аъзои доимии Шӯрои амният ҳаққи вето доранд ва ҳимояти онҳо барои тасвиби қатънома бисёр муҳим аст. Ин дар ҳолест, ки ҳадди ақал се кишвар аз 10 кишвари аъзои ғайридоими Шӯрои амният - Лубнон, Туркия ва Бразилия ба тақвияти таҳримҳо мухолифат нишон додаанд.

Клауди Ҳеллер, сафири Мексика дар СММ ва раиси даврии Шӯрои амният, эълом намуд, ки нишасти Шӯрои амният имрӯз соати 10-и субҳ бо вақти Ню-Йорк баргузор мешавад, аммо ӯ мушаххас накард, ки оё кишварҳои узв бевосита ба раъйдиҳӣ шурӯъ мекунанд ва ё қабл аз ин суханронӣ хоҳанд кард.

Намояндаи Лубнон, кишваре, ки шумораи пайравони мазҳаби шиъа дар онҷо зиёд аст, гуфтааст, аз раъйдиҳии имрӯза худдорӣ мекунад. Туркия ва Бразилия, ки моҳи гузашта бо миёнҷигарии онҳо созишномаи табодули сухти ҳастаӣ бо Эрон ба имзо расида буд гуфтаанд, ки бар зидди қатънома овоз хоҳанд дод.

Ҳушдори Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, зимни боздидаш аз Туркия дар мавриди раъйдиҳии имрӯза дар Шӯрои амният таҳдид намуд, ки агар таҳримҳои нави иқтисоди алайҳи кишвараш эълом шаванд, кишвараш аз музокирот дар мавриди барномаҳои атомӣ даст хоҳад кашид.

Робетр Гейтс, вазири дифои Амрико гуфтааст, ки бо истифода аз фишор ва дипломатия мешавад аз дастрасии Эрон аз ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ пешгирӣ кард.

Владимир Путин нахуствазири Русия, ки дар баробари Аҳмадинажод дар конфронси байналмилалии Истамбул ширкат мекард, гуфт, ки таҳримҳо набояд беш аз андоза бошад ва дар натиҷаи он мардуми Эрон ба мушкилот рӯба рӯ шаванд.

Раҳим Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон тарҳи қатъномаро “бемантиқ” номида, онро инкор кард.