Ба дунболи боло бурдани мизони андози боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхт тавассути Русия, давлати Тоҷикистон роҳҳои воридоти ин мавод аз Туркманистонро ҷустуҷӯ дорад.
Вазир барои бензин ба Ишқобод рафт
Ин аст, ки дар ҷараёни сафари ахири Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Ишқобод, мавзӯи афзоиши воридоти маводи сӯхт аз Туркманистон матраҳ шудааст.
Сафари ғайримунтазираи ҳайати давлати Тоҷикистон, дар раъси вазири рушди иқтисод ва тиҷорати ин кишвар ба Туркманистон ба дунболи боло бурдани мизони андози давлатӣ дар маводи сӯхт тавассути Русия сурат гирифтааст. Нуралӣ Шоқурбонов, сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ, гуфт, ҳайати Тоҷикистон мулоқотҳое дар сатҳи ҳукумат, вазорату идораҳои ду кишвар анҷом дод, ки воридоти маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ҷустуҷӯи маводи сӯхт
Тибқи итттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз аввали соли ҷорӣ то кунун ба Тоҷикистон беш аз 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 97 дарсади он ба Русия ва танҳо ҳудуди як дарсад ба Туркманистон рост меояд.
Ҳамакнун, Тоҷикистон мехоҳад мизони воридоти маводи сӯхт аз Туркманистонро афзоиш бидиҳад, вале дар ниҳоят ҳадафи аслии он пардохт накардани андози давлатӣ ба ин кишвари ҳамсоя аст. Зеро, Туркманистон дар нисбати Русия чунин андозеро муқаррар накардааст. Ба гунаи дигар, Тоҷикистон мехоҳад то андозае аз фишори Русия берун шавад.
Зеро, тибқи иттилои масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ба дунболи боло рафтани мизони андози давлатӣ барои содироти маводи сӯхт аз аввали моҳи май ин андоз ба 214 доллари амрикоӣ расидааст. Қаблан, ин рақам ҳудудан ба 70 доллар баробар будааст.
Боз вагон ва боз марз, марзи Узбакистон
Ба ин тартиб, сафари ахири ҳайати Тоҷикистон дар раъси Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат қадами ҷиддие дар ҷиҳати дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти маводи сӯхт аз хориҷи кишвар талаққӣ мешавад ва масъулони ин вазорат мегӯянд, тарафи Ишқобод низ алоқаманди содироти ин мавод ба Тоҷикистон будааст. Аммо ҳангоме, ки масири воридоти ин маводро пурсон шудем, масъулон дар посух ба роҳи қатор ва он ҳам тариқи марзи Узбакистон таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки муддати беш аз се моҳи ахир ба истилоҳ марзи Узбакистон бастааст ва вагонҳои молу колои Тоҷикистон иҷозаи убурро надоранд. Ҳарчанд, дар ин авохир Узбакистон ба раҳоии бархе аз вагонҳо иқдом кардааст, аммо Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтае як маротиба 10 то 15 вагон бор ба Душанбе ворид мешавад, аммо воридоти вагонҳо ба Хатлон мушкил аст. Маводи вагонҳои воридшаванда умдатан маводи хӯрока ва аз созмонҳои байналмилалӣ аст. Маводи сӯхтӣ умуман ворид намешавад.
Вақте захираҳо тамом мешавад...
Дар пай и афзоиши андози давлатӣ барои маводи сӯхт дар Русия қиммати бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшии Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш пайдо кард. Агар дар гузашта як литр бензини навъи А 92, се сомониву 20 дирам ва навъи А 95, се сомониву 40 дирам нарх дошт, ҳоло қиммати ин анвои бензин мутаносибан ба 3 сомониву 80 дирам ва 4 сомониву 20 дирам расидааст.
Ожонси зидиинҳисории Тоҷикистон талош дорад, то вазъро таҳти контрол дошта бошад, аммо коршиносон мегӯянд, эҳтимоли тамом шудани захираҳо ва ба вуҷуд омадани бӯҳрони маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон имкон хоҳад дошт. Пас оё Тоҷикистон роҳи дигаре барои раҳоӣ аз вазъи феълиро хоҳад дошт ё хайр?
Давлатмурод Ҷумаев, иқтисоддони тоҷик, дар посухи ин суол мегӯяд, мешавад, ки маводи сӯхтро аз Покистон ва Чин ворид кард, вале мушкили роҳ ва қиматии он шояд монеъи ин кор бошад. Ба ин далел, мегӯяд коршинос, ягона роҳи арзон ва он ҳам роҳаттар ин ворид кардани маводи сӯхт аз Русия ва дигар кишварҳои минтақа тариқи роҳи қатор ва он ҳам Узбакистон аст.
Ба гуфтаи масъулони Ожонси зиддиинҳисороти Тоҷикистон, ҳудуди 70 дарсади бозори маводи сӯхти ин кишвар дар дасти ширкатҳои Русия, ба хусус «Газпромнефт» мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, соҳибназарон низ мегӯянд, ҳарчанд Русия бо ҳар роҳ мехоҳад ба Тоҷикистон фишор ворид кунад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аз бозори ин кишвар даст кашиданӣ нест. Зеро, ба таъкиди соҳибназарон, ҳузури Русия дар бозори Тоҷикистон нуфузи ин абарқудратро дар минтақа боз ҳам тақвият хоҳад дод.