Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, 12–умин Анҷумани ВАО-и Осиёи Марказӣ ба ибтикори САҲА ба кори худ оғоз кардааст.
Дар ин ҳамоиши дурӯза намояндагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва коршиносони байналмилалӣ аз Русия, Литва, Аврупо ширкат доранд, ки дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот ва фанновариҳои ҷадид» табодули назар доранд.
Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон
Анҷумани ВАО-и Осиёи Марказӣ дар ҳоле дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад, ки Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озоди матбуот, ба беҳбуди вазъи озодии матбуот дар ин кишвар таъкид дорад. Хонум Миятович, ки барои аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кардааст, гуфт, ҳанӯз ҳам дастрасӣ ба манобеъи иттилоот аз мушкилоти умда дар заминаи озодии ВАО дар ин кишвар боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест, ки натоиҷи мониторинг ё дидбонии панҷ соли ахири Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон аз беҳбуди мавориди дастрасӣ ба манобеъи иттилоот ҳикоят дорад. Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмон гуфт, агар дар соли 2005 хадамоти мониторинги НАНСМИТ 115 ҳодисаи мавориди нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро сабт карда бошад, ин рақам дар соли гузашта ба 26 ҳодиса расидааст.
Мушкили басомадҳо
Дуня Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, дар ҳамоиши Душанбе эҷоди маҳдудиятҳо дар кори расонаҳо аз ҷониби ҳукумат ба хотири дур нигоҳ доштани ҷомеа аз иттилоотро дар давраи гузариш ба фанноварии рақамӣ матраҳ кард ва гуфт, агар ҳукумат ба расонаҳои мустақил басомадҳо барои пахши мавҷи радиоӣ ва ё телевизионӣ ҷудо намекунад, пас далелаш ҳам он аст, ки намехоҳад, ки ҷомеа ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад. Ба ин далел, хонум Миятович таъкид бар он дошт, ки дар давраи гузариш ба фанновариҳои ҷадиди иттилоотӣ ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, набояд ба фаъолияти ВАО контрол дошта бошад.
Маҳмудхон Сараев, як масъули бахши иттилоот ва таҳлили раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин иддаъоро беасос хонд ва ба Радиои Озодӣ гуфт, демократия ин пеш аз ҳама итоат ба қонун аст. Ӯ гуфт, назорат дар чорчубаи муқаррароти қонуни ҳар давлат зарур аст.
САҲА ҳам танқид шунид
Талошҳои САҲА дар заминаи рушди расонаҳо ва густариши озодии матбуот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва хабарнигорони тоҷик ба амалкарди, ба гуфтаи онҳо, дугонаи ин созмон эътироз доранд.
Зафар Абдуллоев, раҳбари Медиа-алянс ё Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон, ба ин ҳамоиш даъват шуда буд, вале ба нишони эътироз ба фаъолияти САҲА, аз ширкат дар он худдорӣ кард.
Зиннатуллоҳи Исмоил, раиси СМТ ё Симои Мустақили Тоҷикистон, аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки САҲА ба ҳама созмонҳои рӯзноманигорӣ ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо як чашм наменигарад. Ӯ мегӯяд, лоиҳаҳое, ки барои ин созмон пешниҳод мешаванд, фақат дар доираи муайяне баррасӣ мешаванд. Аз сӯи дигар, илова мекунад ҷаноби Исмоилов, чун ин ё он созмони рӯзноманигорӣ ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд, бархурди созмонҳои байнулмилалӣ танҳо бо пахши як баёния маҳдуд мешавад.
Дифоъ аз САҲА
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, дар ин масъала айбро бар гардани худи созмонҳои маҳаллӣ ва расонаҳои дохилӣ бор кард ва гуфт, созмоне, ки лоиҳааш намегузарад ё наметавонад ба он созмонҳо ҳадафашро фаҳмонад, айби худаш ҳаст.
Михаил Унланд, мушовири умури матбуоти дафтари САҲА дар Душанбе, мегӯяд, ин созмон бо ҳама созмонҳои маҳаллии рӯзноманигорӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва умдатан тарҳҳои стратегии бахши ВАО – ро сармоягузорӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, ба далели набуди маблағи кофӣ ин дафтар наметавонад ҳама созмонҳо ва расонаҳо дар Тоҷикистонро ҳимояти молӣ кунад.
Вале масъулони бархе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз масраф шудани маблағҳои бузург барои баргузории нишастҳои камарзиш тавассути САҲА дар тааҷҷубанд. Онҳо ба унвони мисол аз ҳамин ҳамоиши мазкур ном мебаранд, ки на танҳо мавзӯъи он забонзада ва маъмулист, балки бо харҷи маблағҳои бузург дар боҳашаматтарин меҳмонхонаи Душанбе - «Ҳайат Реҷенси» доир мешавад.