Мак-Кристал: "Ҳадаф наҷоти Қандаҳор аст, на тахриби он!".

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон генерал Стенли Мак-Кристал мегӯяд, амалиёти низомӣ, ки тобистони соли равон дар Қандаҳор раҳандозӣ мешавад, аз рӯёрӯии анъанавии низомӣ фарқ дошта, аснои татбиқи он ҳаёти мардуми осоишта зери хатар қарор нахоҳад гирифт.
Амалиёти Қандаҳор дигаргуна хоҳад буд

Генерал Стенлӣ Мак-Кристал, ки ҳамроҳ бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба ИМА сафар карда буд, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: "поксозии Қандаҳор аз Толибон барои пирӯзӣ дар Афғонистон муҳим аст".

Генерал ёдовар шуд, ки шаҳри Қандаҳор 500 ҳазор аҳолӣ дорад ва амалиёт дар он шабеҳи ҳамла болои минтақаи Марҷа нахоҳад буд. Моҳи феврал сарбозони амрикоиву паймони НАТО аснои як ҳамлаи ғофилгирона Марҷаро аз Толибон поксозӣ карда буданд.

Ба қавли Мак-Кристал, Қандаҳор таҳти тасарруфи Толибон нест ва шахс метавонад дар кӯчаҳои он сайр кунад, вале, ба ҳар ҳол, амнияти шаҳр ба он ҳадде нест, ки мардум нигарон набошад.

Таҷрибаи Ҳилманд

Мак-Кристал дар моҳи июни гузашта фармондеҳии нерӯҳои ИМА дар Афғонистонро бар дӯш гирифта, дар навбати аввал амалиёт дар минтақаи Ҳилмандро пиёда кард. Ӯ мегӯяд, танзими минтақаҳои амн ва тавсеаи тадриҷии ин минтақаро аз ҳадафҳои аслии амалиёти Ҳилманд боқӣ мемонад.

Фармондеҳи амрикоӣ бар ин назар аст, ки амалиёт танҳо бо поксозии минтақаҳо аз ошӯбгарон ба анҷом намерасад. Ӯ мегӯяд, эҳёи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва эҷоди эътимод ба мақомоти маҳаллӣ дар байни мардуми маҳалҳо аз вазифаҳои душвор ва дарозмуддатест, ки аз шарҳои асосии комёбӣ дар Афғонистон ба шумор меравад.

Ҳамфикрии Клинтон бо Карзай

Дар Вашингтон котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ҳам дар бораи амалиёти Қандаҳор ҳарф зада, паёми генерали амрикоиро такрор кард, ки ҳадаф наҷоти Қандаҳор аст, на тахриби он.

Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай суханони Клинтонро тасдиқ намуда, илова кард, ки ба фикри ӯ, иқдоми мақомоти афғону амрикоӣ дуруст аст.

Дар гузашта раҳбари афғон борҳо дар иртибот бо талафоти мардуми осоиштаи афғон аз сарбозони амрикоиву НАТО интиқод намудааст. Паймони НАТО мегӯяд, ҳаддалимкон саъй дорад, то аз талафоти мардуми осоиштаи афғон ҷилавгирӣ кунад.