Сомони 10-сола аз чӣ вафот кард?

Пизишкон мегӯянд, ҳамаи атфол то 6-сола бояд моякӯбӣ шаванд.

Сомон навраси хеле фаъол, аълохон буда, ҳам машқи таэквандо мекардааст ва ҳам забони чиноиро меомӯхтааст. Пайвандон ӯро чун нишона аз падараш хеле дӯст медоштанд.
Қиссаи Сомони ноком

Даҳ соли пеш баробари ба дунё омадани Сомон, падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад, аммо аз он ҷо ҷисми беҷони ӯро ба ватан мефиристанд. Волидони аламзада тамоми муҳаббат ва таваҷҷӯҳи ба фарзанд доштаашонро ба нишона аз ӯ - Сомони хурдакак бахшида, ба ин васила сӯзи қалби шикастаашонро таскин мебахшанд.

Бехабар аз он ки қисмат барояшон зарбаи дигареро омода кардаву, бо дасти худ ин набераи аз ҳама дӯстдорро низ ба хок хоҳанд супурд. Модаркалони Сомон мегӯяд, якбора ҳарорати бадани наберааш баланд мешавад ва дар ӯ нишонаҳои бемории гулӯдарду сармохӯрдагиро мушоҳида мекунад: «Аз ман пурсид, ки очаҷон ман мемурам? – гуфтам, ин хел нагӯ бачаҷон, мана ман касал мешавам, намемурам ку? – Ҳааааа гуфту монд...»

Ҳарчанд табибон сабаби марги Сомонро саратони хун унвон кардаанд, аммо модаркалонаш бо дарназардошти марги нобаҳангоми вай мегӯяд, эҳтимол дорад наберааш аз бемории полиомелит фавтида бошад. Чун одатан бемории саратони хун инсонро дар муддати кӯтоҳ ва якбора намекуштааст.

Чӣ гуна бояд фаҳмид, ки Сомон аз чӣ вафот кард?

Дар кишвар феълан ташхиси маризии фалаҷи кӯдак гузаронида намешавад ва бинобар ин дар баробари дигар сироятҳо, мавҷудияти вируси полиомелит дар бадани инсонро ташхисгоҳҳои маҳаллӣ муайян карда наметавонанд. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки як сабаби марги кӯдакон ки ахиран сурат мегирад, маҳз ҳамин маризӣ бошад, мегӯянд сокинон. Ба қавли сокинон, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он, ба вижа Ҳисор аллакай ҳодисаҳои марги кӯдакон аз ин маризӣ ҷой доштаанд, аммо маъмулан наздикони кӯдакони фавтида аз тарси мавриди ҳазари ҳамсояҳо қарор нагирифтан ин ҳолатро пинҳон медоранд, меафзоянд мусоҳибонам, ки зимни пажӯҳиши мавзӯъ дар пойтахт ва ноҳияи Ҳисор бо онҳо сӯҳбат доштам.

Мақомот: Сару садоҳо ҳақиқат надоранд

Шамсиддин Ҷобиров, раҳбари маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ, мегӯяд, сару садоҳое, ки оид ба марги кӯдакон бар асари полимелит дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст, воқеъият надошта, дар асл танҳо як кӯдак аз маризӣ ҷони худро аз даст додааст.

Ҷаноби Ҷобиров мегӯяд, вазъи эпидимиологии полиомелит зери назорат буда, аз якуми январи соли равон то имрӯз шумори гумонбарон ба ин маризӣ ба 293 нафар расидааст, ки ҳудуди 40 нафари онҳо синни аз 7 то 55- соларо доштаанд. Ягона роҳи муайян кардани бемории шадиди фалаҷ бо роҳи ташхис дар муддати 60 рӯз имконпазир аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав сурат мегирад, мегӯяд Шамсиддин Ҷобиров.

Дар Тоҷикистон феълан маъракаи милли эмгузаронӣ давод дорад, ки то 5-уми июн идома хоҳад кард. Дар давраи аввали эмгузаронӣ ҳудуди 99, 6 тифли то 6-сола моякубӣ шудаанд.

Ҷаноби Ҷобиров мегӯяд, сарфи назар аз аҳаммияти рақами яки моякӯбӣ, баъзе аз волидон ба моякубии фарзандон монеа эҷод мекарданд. Вазорати беҳдошт аз сокинон даъват кардааст, ки то 6-уми июн аз сафар кардан бо кӯдакони то 6-солаашон ба хориҷи кишвар худдорӣ кунанд, то ҳама хурдсолон бо се марҳилаи моякубӣ фаро гирифта шаванд.