Пас аз иҷозаи транзити 96 вагони Тоҷикистон дар ду рӯзи пеш, ки ба дунболи вуқӯъи ҳодисаи сел дар шаҳри Кӯлоб «раҳм» -и ҷониби Узбакистонро ба вуҷуд овард, субҳи 10-уми май 55 вагони дигар, ки умдатан аз орд ва масолеҳи сохтмонӣ аст, аз тариқи истгоҳи вилояти Хатлон, вориди Тоҷикистон шуд. Бад ин тартиб, ҳукумати кишвари Узбакистон муддати се рӯзи ахир иҷозаи раҳоии 151 вагони Тоҷикистонро дод.
Дархостҳои муаллақ
Аммо Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати «Роҳи Оҳан» -и Тоҷикистон, аз он изҳори тааҷҷуб ва ҳамзамон нигаронӣ кард, ки кишвари ҳамсоя барои раҳоии вагонҳои ҳомили маводи сӯхтӣ иқдом накардааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, «аз ин 55 вагон, 14 адад вагон масолеҳи сохтмонӣ, 4 адад шифер, якто равғани пахта, якто равғани растанӣ ва боқимонда орду гандум аст. Лекин мо ҳозир проблемаи сӯзишворӣ аст ва ин маводро надода истодаанд. Сӯзишворӣ ҳам барои кишту кор, ва ҳам барои рафъи оқибатҳои сел дар шаҳри Кӯлоб зарурӣ аст. Чунки маводи сӯхт бошад, мо метавонем, зудтар оқибатҳои офати табииро рафъ кунем. Аз сӯи дигар ҳоло маводи сӯхтро аз Душанбе ба Кӯлоб мебаранд. Ин вазъ болои нархи он асар мегузорад. Мо дархостмекунем, лекин дархостҳои мо муаллақ мемонанд. Асосан мо бояд дархост накунем, худи вагонҳо бояд бидуни мамоният ба истгоҳҳои муқараршуда биоянд».
«Ташаккур, Ислом Абдулғаниевич...»
Дар пайи раҳоии нахустин қатораҳои роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистон, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон таблиғотеро шурӯъ карда, ки бархе аз масъулон ва шаҳрвандони кишвар аз ба истилоҳ «хайрхоҳӣ» - и кишвари ҳамсоя изҳори қадрдонӣ карда, миннатдории худро баён мекунанд. Ин дар ҳолест, ки вагонҳои воридшуда, молу колои Тоҷикистон, ба хусус аз тоҷирону соҳибкорони тоҷик аст ва Узбакистон бояд бидуни ҳар навъ мамоният ва мушкил чанд моҳ пеш транзити онҳоро таъмин мекард.
Қадрдонии расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар мавриди «тараҳҳум» -и ҷониби Узбакистон ва он ҳам пас аз се моҳи боздошти беш аз 2 ҳазор вагон, ки «муште аз хирвор» -ро мемонад, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард ва чӣ сирре ин ҷо ниҳон аст?
Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик: «чун телевизион дастгоҳи таблиғотии ҳукумат аст, албатта бе иҷозати ҳукумат амал карда наметавонад. Ва албатта ин гуна амалҳо дар худ месиҷ ё ишораҳое дорад. Шояд ба ҳукумати Узбакистон фаҳмонданӣ аст, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон омода аст, як гузаштҳое ҳадди ақал лафзӣ дошта бошад. Вале ман фикр намекунам, ки ин амалҳои тактикӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои Узбакистон пешгӯинашаванда бошад».
Раҷаби Мирзо, соҳибназари дигари тоҷик: «ҳукумат чун ночор аст. Зеро талошҳои вай дар ин замина натиҷае надоданд. Созмонҳои байналимлаӣ низ дар ин замина натавонистанд ба Тоҷикистон кумаки қоибили қабуле бикунанд».
«Хайрхоҳӣ» чанд вагон давом мекунад?
Хуб, аз ин ҳам бигзарем ва иқдоми Узбакистонро ба таъкиди шабакаҳои телевизионии давлати Тоҷикистон «хайрхоҳӣ» ва «гирифтани дасти фитодае» арзёбӣ кунем, аммо оё метавон гуфт, ки Тошканд, дар рӯзҳои оянда куллия вагонҳои бору колои кишвари ҳамсояаш Тоҷикистонро раҳо хоҳад кард ё хайр?
Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати «Роҳи Оҳан»: «ин ба салоҳияти ширкати «Роҳи оҳан» Узбакистон бастагӣ надорад, онҳо ҷавоб ҳам намедиҳанд. Чунки чунин ба назар мерасад, ки дастур аз боло аст. Ҳамтоёни узбаки мо аз гап задан дар ин масъала метарсанд».
Ҳикматуллои Сайфуллозода, таҳлилгари маркази «Диалог»: «ҳоло танҳо баҳонае ҳодисае, ки дар Кӯлоб иттифоқ афтод мебошад. Ба ҳамин васила, то ҷое сӯҳбатҳои хушунатомез низ дар ин тарафу он тараф ба мушоҳида намерасад. Вале ман гумон намекунам, ки ин мушкил комилан ҳал шавад. Бидуни нишасти раҳбарияти ду кишвар, агар тавонмандӣ ва иродаи ҳар ду ҷониб бошад, ки биншинанду мушкилро ҳал кунанд. Дар акси ҳол, боз ниёзе ба ҷониби миёнҷӣ аст».
Ниёз ба ҳазор «хайр»-и дигар
Ҳамакнун тибқи иттилои ширкати «Роҳи оҳан» танҳо вагонҳои мутааллиқ ба истгоҳи вилояти Хатлон дар қаламрави Узбакистон беш аз 995 ададро ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи масъулони ин рақами ниҳоӣ нест. Зеро, ҳар рӯз теъдоди ин вагонҳо дар марзи Узбакистон меафзояд. Чӣ расад ба вагонҳое, ки барои шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон муқарар шудаанд.
Ҷониби Узбакистон иллати боздошти вагонҳои Тоҷикистонро мушкили фаннӣ ва хароб шудани қитъае аз роҳи оҳан арзёбӣ карда буданд. Аммо масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон борҳо иддаъои Узбакистонро рад карда ва онро «баҳона» хонда буданд. Вале, ҳамакнун бо раҳоии теъдоде аз вагонҳо аз сӯи кишвари ҳамсоя, шабакаҳои телевизионии давлати Тоҷикистон худ далели овардаи Узбакистонро такрор мекунанд.