Имрӯз, 7-уми май, рӯзи радио ва кормандони соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон аст. Дар шаҳри Душанбе чаҳор шабакаи давлатӣ ва чандин шабакаи мустақил фаъоланд.
Вилоятҳои Тоҷикистон низ дорои радиоҳои маҳалӣ ҳастанд, ки мутааллиқ ба Кумитаи давлатии радио ва телевизион мебошад. Ҳамчунин, дар қаламрави кишвар 6 шабакаи радиоии мустақил амал мекунад. Аммо бо ин ҳам рушди радио дар Тоҷикистон дар кадом поя қарор дорад? Иззатманд Саломов, раиси иҷроияи дафтари намояндагии созмони амрикоии Интернюс-Нетворк дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нахуст ба ин суол посух гуфт,
- Ҳама чиз нисбӣ аст ва агар дар муқоиса ба замони Шӯравӣ вазъи радио дар Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор бидиҳем, воқеан рушди чашмгири ин арса ба мушоҳида мерасад. Зеро, дар замони Шуравӣ, танҳо як шабакаи радиоӣ, он ҳам Радиои Тоҷикистон фаъолият мекард. Ҳамакнун, Радиои Тоҷикистон ба шабакаҳое, назири Радиои сартосарӣ, Садои Душанбе, шабакаҳои Фарҳанг ва ҳамчунин бурунмарзии радио амал мекунад. Аммо рушди бештари радио ба фаъолияти радиоҳои ғайридавлатӣ, хусусӣ ё озод бастагӣ дорад. Дар ин замина нисбатан ба замони Шӯравӣ рушд кардем, аммо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя, мавқеи муносиберо касб накардаем. Чунки теъдоди радиоҳои мустақил дар як худи Қирғизистон ду баробар ва ҳатто дар Қазоқистон зиёдтар аз Тоҷикистон аст. Ё дар Афғонистони ба истилоҳ «ҷангзада» шумораи радиоҳои хусусӣ даҳчанд зиёдтар аз Тоҷикистон аст. Ин аз лиҳози шумора. Аммо аз лиҳози кайфият ё мӯҳтавои барномасозӣ, шабакаҳои мустақили радиоӣ боз ба дастовардҳое ноил ҳастанд. Онҳо як навъ пайгирӣ аз радиоҳои хориҷии Озодӣ, Би-Би-Сӣ ва ҳамчунин аз маҷмӯаи барномаҳои омӯзишии созмонҳои байналмилалӣ баҳравар шудаанд, маҳаки фаъолияти хешро қарор додаанд. Масалан, пахши хабарҳои радиои мустақили «Имрӯз» маро қонеъ месозад ва онро метавон як навъ рушди касбӣ номид.
Хуршеди Ҳамдам: - Вале мӯҳтавои барномаҳои радиоҳои давлатӣ аз назари Шумо чӣ гуна аст?
Иззатманд Саломов: - Баъзе масоили умда ҳастанд, ки дар сатҳи радиои давлатӣ матраҳ намешавад ва баррасии ин масоил дар шабакаҳои мустақил бештар ба назар мерасад. Аммо аз радиоҳои давлатӣ ҳам ҷои шикоят нест. Чунки барномаҳои радиои давлатӣ нисбат ба барномаҳои телевизиони давлатӣ беҳтар ҳастанд ва талоше дар ин замина дида мешаад. Мавзӯъҳо ҷолибтар ва умдатар аст.
Хуршеди Ҳамдам: - Шумо яке аз монеъаҳои рушди радио дар Тоҷикистонро ба густариши чашмгир надоштани шабакаҳои мустақили радиоӣ дар қаламрави ин кишвар марбут донистед. Аммо чанд соле пеш Интернюс-Нетворк барои роҳандозии панҷ шабакаи мустақили радиоӣ дар манотиқи ҷануб ва шарқи Тоҷикистон иқдом карда буд. Мутаассифона, ин тарҳ то ҳол амалӣ нагардид. Чаро?
Иззатманд Саломов: - Ба таври умум, ман мӯътақидам, ки инкишофи радиои Тоҷикистон марбут аст ба радиоҳои ФМ. Аммо мутаассифона бо он ки бисёриҳо алоқаманди таъсиси чунин радиоҳо ҳастанд ва талошҳое низ анҷом шудааст, вале мушкили дарёфти муҷаввиз монеъи хостаҳои онҳо шудааст. Ва иллати дастгирӣ ё мавриди иҷро қарор нагирифтани иқдоми чандин соли пеши Интернюс Нетворк барои фаъоли шудани панҷ радиои мустақил дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон низ ба амалкарди ниҳодҳои муҷаввиздиҳӣ рабт дорад. Шояд онҳо андеша мекунанд, ки ин иқдом ба манфиати кор набошад ва ё аз нуқтаи назари онҳо ин ба манфиати худи кумитаи салоҳиятдор набошад. Ба ҳар сурат гӯем, ки монополия ё майдони онҳо аст ва каси дигар дар ин майдон онҳоро танг мекунад, яке аз иллатҳои дигар ҳамин аст. Сабаби дигар низ он чӣ шуда метавонад, ки мардум ба фаҳми амиқи аҳамияти ин радиоҳо нарасидаанд. Мардум, ба ҳар ҳол дар назар дорам, онҳоеро, ки салоҳияти додани муҷаввизро доранд.
Хуршеди Ҳамдам: - Вале, масъулони кумитаи радио ва телевизион ҳимояти шабакаҳо тавассути созмонҳои хориҷиро, инҷо албатта созмони шумо - Интернюс Нетворк дар назар аст, медонанд. Зеро онҳо иддаъо доранд, ки қонунгузории Тоҷикистон шабакаҳоеро, ки муассисашон созмони хориҷист ва ё сармояи хориҷӣ дарёфт мекунанд, манъ кардааст?
Иззатманд Саломов: - Тибқи қонунгузории Тоҷикистон агар баҳогузорӣ кунем, ин даъвои пуч ва хандаовар аст. Зеро ба ҳар ҳол сармоя ва кумак аз созмонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла аз созмони мо ҳам мегиранд. Ҳам дар сатҳи ҳукумат ва болотаре, мисли сарҳадот, қувваҳои мусаллаҳ ва гумрук ва ғайра. Далели он ки муассис ташкилоти мо мешуд, асосе надорад. Зеро ҳадаф аз таъсиси ин шабакаҳо барои ҷомеъа ва тавассути худи он мардум буд ва танҳо созмони мо ба онҳо кумак дар шакли таҷҳизот мекард. Тарафи созмон ҳеҷ гунна муносибате нахоҳад дошт, на дар сатҳи контрол, на дар сатҳи мушовара ва ё чизи дигар, фақат кумак ба таъсиси радиоҳои маҳаллӣ буд. Фикр мекунам, ки инҷо сӯи тафоҳум буд. Онҳо андеша доштанд, ки ин радиоҳо тавассути Интернюс Неутворк сохта мешаванд ва моли созмон хоҳад буд, вале дар асл ин хел нест.
Хуршеди Ҳамдам: - Ҳамакнун, ки давлат монеъи таъсиси панҷ шабакаи мустақили радиоӣ дар манотиқи ҷануб ва шарқи кишвар шудаанд, аз назари шумо оё тавонистааст, ки ниёзи ҷомеъаро бо пахши барномаҳои радиоҳои давлатӣ комилан бароварда кунад ва ҳамчунин фазои иттилоотӣ амн бошад?
Иззатманд Саломов: - Албатта, бо он ки созмонҳои хориҷӣ натавонистанд то шабакаҳои мустақили радиоӣ густариш ёбанд, ҳатман худи Кумитаи давлатии радио ва телевизион дар пайи амалӣ кардани ин тарҳ хоҳад шуд. Аз ҷиҳати дигар ба даъвои расмӣ онҳо тавонистаанд, саросари кишварро бо барномаҳои радио фаро гиранд. Аммо чизи мусбате, ки ба назар мерасад, шабакаҳои мустақили радиоии «Имрӯз» ва «Азия плус» ният доранд, ки доираи пахши барномаҳояшонро дар дигар манотиқи кишвар густариш бахшанд, ки падидаи нек аст. Аммо мушкил аст, гуфтан, ки давлат тавонистааст, куллия фазои иттилоотии кишварро фаро гирифтааст. Зеро агар иштибоҳ накунам, дар манотиқи марзии вилояти Суғд бештар аз 30 мавҷи бегонаи шабакаҳои Узбакистон ва Қирғизистон пахш мешаванд, ки нисбат ба мавҷҳои пахшшаванда тавассути худи Тоҷикистон хеле пурқувваттар мебошад. Аз ин рӯ бори дигар мегӯям, амнияти иттилоотӣ дар кишвар таъмин нест.
Хуршеди Ҳамдам: - Пас дар ин сурат чӣ бояд кард, то раванди фаъолияти шабакаҳои мустақили радиои дар кишвар, тавсеаи бештаре дошта бошад, то ҳам мардум аз иттилоот баҳравар гарданд ва ҳам аз ҳуҷуми ба истилоҳ радиоҳои бегона ҷилавгирӣ шавад?
Иззатманд Саломов: - Танҳо тақвият бахшидан ба фаъолияти радиоҳои ба истилоҳ ФМ ё радиоҳои мустақил дар манотиқи марзӣ роҳи расидан ба таъмини амнияти иттилоотӣ хроҳад буд. Давлат низ бояд роҳро барои рушди радиоҳои ғайридавлатӣ, хусусӣ ва радиоҳое, ки ба манфиати миллат аст ва аз манфиати миллӣ пуштибонӣ ва ҳимоят мекунанд ва фазои амнияти иттилоотиро эмин нигоҳ дошта метавонанд, боз кунад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон давалат барои фаъолияти чунин радиоҳо кумак ва маблағ ҷудо мекунад ва имтиёзҳо медиҳад. Рушди радиоҳои мустақил омили тавсеаи ҷомеаи маданӣ ва ҳамин тавр боло рафтани зеҳният ва мафкураи мардум хоҳад буд, ки манфиат на танҳо барои шаҳрвандон, балки барои давлат низ аст.