Шакли идораи президентӣ интизороти ҷомеаи Қирғизистонро бароварда накард ва ҳоло муаллифони тарҳи ҷадиди Қонуни асосии ин кишвар ба мардум тавсия кардаанд, ки аз низоми идораи парлумонӣ ҷонибдорӣ кунанд.
Бархе аз коршиносон дар Тоҷикистон низ аз ин андеша дастгирӣ карда, мегӯянд, тӯли мавҷудияти худ низоми идораи президентӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳокимиятро амалан дар қабзаи як гурӯҳ вогузошта, ҳифз ва ҳимояти манофеъи гурӯҳиро аз милливу давлатӣ болотар ниҳодааст.
Салоҳият ва ваколатҳои густарда ва беохири идораи раёсати ҷумҳурӣ боис шудааст, ки ин кишварҳо аз масири мардумсолорӣ ихроҷ ва ба ботлоқи низомҳои худкомагӣ ва тоталитарӣ фурӯ бираванд. Аз ин рӯ, мегӯянд ин коршиносон, ин кишварҳо аз ҳар лиҳоз баста ва пӯшидаанд ва аз сӯи дигар дар маърази хатар ва ноамнӣ қарор доранд. Саймуддин Дӯстов, масъули созмони иҷтимоии мавсум ба «Индем».
Ӯ мегӯяд: «Як масъалаи мубрами сиёсиро мегирем, ки албатта дар ҳалли он низоми парлумонӣ самаранокии худро ҳамчун низоми идораи давлатӣ нишон медод. Дар баҳси гидроэнергетика дар Осиёи Марказӣ ҳам кишвари Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон сахт нигаронанд аз мавқеъгириҳои Русия. Русҳо низ хуб медонанд, ки дар ин масъалаҳо мешавад фишангҳоеро ба кор бурд, ки роҳаброни ин давлатҳо гузашт кунанд. Аз ин рӯ низоми президентӣ дар ин кишварҳо пеш аз ҳама ба фоидаи абарқудратҳое мисли Русия, Амрико ва Чин аст».
Коршиносоне, ки мегӯянд, идораи давлат аз тариқи намояндагони мардум, яъне парлумон, беҳтар аст, далел пеш меоваранд, ки раиси ҳукумат нафари ҳисоботдиҳанда аст ва он наметавонад даст ба иқдоме бизанад, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо парлумон сурат гирифта бошад. Ва табъан, ки парлумон интихобӣ ва аз гурӯҳҳои мухталиф таркиб меёбад, наметавонад зери бори гурӯҳҳои алоҳида биравад ва барои ҳимояи манофеи танҳо як гурӯҳ қарору қонун қабул кунад.
Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки дар шароити кунунӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистони парлумонҳои бо салоҳият ва ихтиёроти густарда бояд, ки рӯи кор ояд. Ӯ мегӯяд: «Аз соли 1997, яъне баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ то соли 2007 тақвияти низоми президентӣ дар Тоҷикистонро метавон як марҳалаи хуб арзёбӣ кард. Аммо баъди махсусан зимистони сарди соли 2008 исбот кард, ки ҳокимяити иҷроия дар танҳоӣ дар шароити изтирорӣ коре аз дасташ барнамеояд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ҳоло дар мо шароите фаро расидааст, ки бояд салоҳиятҳои порлумон аз ҳисоби ваколатҳои президент бештар карда шавад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони вобаста ва ё наздик ба ҳукумати Тоҷикистон низоми идории раёсати ҷумҳуриро барои ин кишвар муқаддамтар мешуморанд. Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутмаин аст, ки барои Тоҷикистон шакли идораи президент дурустӣ ва самарбахшии худро ҳам дар даврони ҷанги дохилӣ ва ҳам дар шароити имрӯза собит кардааст.
Ӯ мегӯяд: «То ҳамин ҳоло низоми раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дурустии худро нишон додааст ва нишон дод, ки дар ҳалли масоили кишвар ҷавобгӯ аст. Аз ин рӯ, метавонам бигӯям, ки мо як системаи устувор ва боварибахши идораи давлатро ёфтаем».
Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мушкили ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистонро дар шакли идораи давлат намебинад. Оқои Давлат мутмаин аст, ки ҳам низоми парлумонӣ ва ҳам низоми президентии идораи давлат дар ҳоле мусбат ва муассир воқеъ мешавад, ки аркон ва қавонини демократӣ дар кишвар ба таври устувору собит амал кунад.
Ӯ мегӯяд: “Барои Тоҷикистон як бори дигар баргаштан ба низоми парлумонӣ маъно надорад. Бисёр кишварҳоро метавон мисол овард, аз ҷаҳони саввум, ки мисли мо мушкилот ва масоили ҳалношуда доштанд ва дар низоми идораи раёсати ҷумҳрӣ ва зери раҳбари як нафар, яъне президент ба як марҳалаи пешрвӣ ва шукуфоӣ даст ёфтанд”.
Андеша ва назарҳои мухталифи коршиносон ва таҳлилгарон дар робита ба низомии идораи давлатҳо дар Осиёи Марказӣ чуноне мебинем яксон ва якранг нест. Вале як нуктае ҷолиб, ки садо дод ин буд, ки низомҳои ҳокими раёсти ҷумҳурӣ дар ин кишварҳо дар баъзе аз маворид ҳатто амнияти иқтисодӣ ва сиёсии давлатӣ ва миллиро ба хотири ҳифзи курсӣ ва фурсати бештари бозмондан дар он ба тиҷорат мезанад.
Ҳамин аст, ки мавҷудияти низоми идораи раёсати ҷумҳурӣ аз сӯе ҳам ин кишварҳоро дар баробари қудратҳои бузург осебпазир кардааст. Аз ин рӯ, мегӯянд ин коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеиятҳо ва низ қабзаи қудрат дар дасти тоифаи алоҳида барои кишварҳои Осиёи марказӣ, ки ҳанӯз дар марҳалаи ибтидоии ҳаракат ба самти демократианд, идораи ҷамъӣ, яъне парлумонӣ, беҳтар аз яккаҳукмронӣ, яъне президентӣ, мебошад.