Ахиран, дар шаҳри Душанбе тавассути интишороти «Шуҷоиён» китобе бо номи «Илми ахлоқ ва одоб» мунташир шуда, ба дасти хонандагон расид. Муаллифони ин китоб донишмандони тоҷик Саъдиниссо Ҳакимова ва Мирбобои Мирраҳим мебошанд.
Хонум Ҳакимова донишманди арсаи тиб ҳастанду, оқои Мирраҳим дар умури фалсафа. Вале чӣ боис шудааст, ки онҳо ба навиштани китобе дар бораи ахлоқ рӯ оваранд, дар ҳоле ки ҷомеа ҳоло ба китоб рағбати камтар дорад ва аслан ин китоб дар чӣ бора сӯҳбат мекунад? Бо ин суолҳо ба Мирбобои Мирраҳим, яке аз муаллифони ин китоб, муроҷиат кардем.
Мирбобои Мирраҳим: - Китоб ҷанбаи амалӣ дорад. Дар он бештар дар мавзӯи одоб ва ахлоқи имрӯзаи мо, аз давраи ҷавонӣ ва то давраи поёни умр, ки одам бояд илми ахлоқ ва донишро биомӯзад ва баҳрабарӣ аз он пешниҳодҳо, ки дар ин ҷо оварда шудааст, гуфта шудааст. Ҳамчунин, қоидаҳои беҳдошти донишҷӯ, беҳдошти инсон, одобу рафтор дар кӯчаву хиёбон, одоби мо дар нақлиёти шаҳрӣ ва нақлиётӣ умумӣ, дар мактаби олӣ бояд чи тавр муносибату рафтор бошад, одоби ошноӣ, одоби сӯҳбат, одоби хӯрдани таом ва аз ҳама муҳим, нукоти ахлоқие, ки хеле муҳим аст ин тавсияҳое аст, ки барои ҳар як инсон дар муносибат, рафтор ва гуфтори худ бояд риоят кунад. Ин қисмати оғози китоб аст. Қисмати дуввуми китоб аз замимаҳое иборат аст, ки тамоми беҳтарин ганҷинаи осори ахлоқии гузашта аз Суқроту Афлотун ва Арасту сар карда, то бузургони мо, ки дар гузашта аз Ибни Муқаффаъ яъне Рӯзбеҳ, Ибни Мискавейҳ, Унсуралмаолии Кайковус , Хоҷанасириддини Тӯсӣ, Саъдии Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва аз осори муаллифону муҳаққиқони ғарб, ҳамчунин Роберт Шуман Фридрих Нише оварда шудааст.
Озодӣ: - Фикр мекунед, ин китоб дар вазъият ва шароити имрӯза чӣ аҳамият дорад?
Мирбобои Мирраҳим: - Арз шавад, ки ҳар вақте як таҳаввулоте дар ҷомеа ба миён меояд, дар ҳар давраи шикасту рехт, яъне, давраи гузар ахлоқи одамҳо ба як маънӣ гӯем, дучори тағйироти ҷиддӣ мешавад. Беҳтарин намуна ин ҳамаи он кутуби ахлоқие, ки дар гузашта навишта шудааст, дар як давраи гузар иншо шудааст. Бубинед, баъди таҳоҷуми муғул ва шикасти он фарҳанге, ки дар мо буд, ҳам Убайди Зоконӣ ва Саъдии бузургвор китобҳое навиштанд дар бораи ахлоқ, ҳамчун «Гулистон», ки мо дар ёд дорем. Ё баъдтарро бигирем, ки ҷангу ҷангҷолҳо буданд ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба чунин кор даст зад. Дар Ғарб ҳам ба ин наздик аст. Масалан Фридрих Нишше вақте китоби худ «Даромаде ба фалсафа ё Фаросӯи фалсафа»-ро навиштааст, маҳз дар ҳамон давре, ки давраи сармоядорӣ дар олами Ғарб ба по менишаст. Яъне, як давраи шикасти феодализм буд. Чун ҷомеаи имрӯзаи мо, низ аз як давраи сохти Шӯравӣ, ки буд як давраи сармоядории белаҷом пой гузошт, агар ба ҳамин як кӯчае оддитарин, ки ҳоло мо нишастем нигоҳ кунед дар атрофи худ мебинем, ки аксари онҳое, ки дар ин ҷо баъд аз зӯҳр мебароянд дар хиёбонҳои мо ҳунарашон ин аст, ки ё ки донаи офтобпараст ва ё сақич мехоянд. Дар ҳоле, ки дар ягон давра мо чунин фарҳанге надоштем. Аммо ҳоло ин як чизи маъмулӣ шудааст
Озодӣ: - Фикр мекунед, ки нашри чунин китоб ва рисолаҳо боис мешавад, ки ахлоқи ҷомеа ба як маҷрои суннатӣ бархоҳад гашт?
Мирбобои Мирраҳим: - Баргаштан дигар душвор аст. Чун ман бори дигар аз нигоҳи ҳамчун колбудшикофии замони гузар таъкид мекунам, ки ҳар чизе, ки беҳтару хубтар буду, нигаҳдорӣ нашуд ва аз байн рафт, ҷойи онро як чизи берӯҳу бемаънӣ мегирад. Дар ин ҷо фақат мо метавонем кӯмак кунем, ки одамҳо худро дарёбанд, яъне андеша кунанд рӯи кору гуфторашон. Агар ин китоб дар макотиби миёна ва олӣ дастраси муҳассилин шавад ва онҳо тавонанд, ки аз ин истифода кунанд ва асотиди мӯҳтарам рӯи ин таҳаммул ва андеша мекарданд, барои ҷомеаи мо муфидтар мебуд.
Озодӣ: - Вале ба ҳар сурат тиражи ин китоб хеле кам аст ва гумон аст, ки ба дасти бештари хонанда бирасад.
Мирбобои Мирраҳим: - Арз шавад, ки рӯи ин китоб мо бо модархонум Саъдиниссо Ҳакимова наздики 15 сол заҳмат кашидем ва китоб бо харҷи худи банда нашр шудааст ва ҳар чизе ки доштам сарфи ин китоб кардам. Шуморагони ин китоб 500 адад аст. Ва аз касеву созмоне кӯмак нагирифтаем. Тавони мо ҳамин қадар буд. Яъне, мо аз ягон вазорат, аз ягон созмон ва тоҷиру бозаргоне чизе ҳам хоҳиш накардем ва ниёз ҳам набуд. Чунки касе ҳам дар шароити имрӯзи Тоҷикистон ин корро ҳам намекунад. Мо фақат хостем, ки як каме ин халоро пур кунем.