Ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ба ин ширкат ҳудуди 10 миллион доллар хисорот ворид шудааст.
Афзун бар ин, раҳбарияти ин ширкат иддао дорад, ки ҷониби Узбакистон бояд барои вагонҳои боздоштшуда ба соҳибонашон миллионҳо доллар ҷуброн кунанд.
Боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон аз мавзӯоти меҳварӣ дар нишасти матбуотии Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, буд. Ба таъкиди ҷаноби Ҳукуматулло, ин вазъ ба фаъолияти ширкат дар заминаи кашондани бору мусофирон асар гузошта ва таҳлилҳо низ ҳокист, ки ҳамагуна боркашонӣ, аз ҷумла боркашонии тронзитӣ мутаносибан 40 то 50 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.
Раиси ширкати «Роҳи оҳан» -и Тоҷикистон дар бораи хисороти ворида ба ин ширкат гуфт, «имрӯз вақте, ки ҳукумати Узбакистон дар минтақаи тронзитӣ ҳама борҳоро бастааст, ба ғайр аз маҳсулоти нафтӣ, ширкати «Роҳи оҳан» дар ҳама ҳамгуна боркашонӣ қариб даҳ миллион доллар зарар дидааст. Албатта ба ин боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва боркашонии тронзитӣ дахл дорад. Боркашонии тронзитӣ бошад беш 40 дарсад кам шудааст».
1186 вагон дар банди Узбакистон
Амонуллои Ҳукуматулло шумори вагонҳои дар Узбакистон боздоштшударо 1186 адад номид ва гуфт, аксарияти онҳо, қариб 800 вагонаш, ба вилояти Хатлон марбут аст. Ба гуфтаи вай, вагонҳои боздоштшуда дар қаламрави Узбакистон дорои маводи сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ, гилхок, булдозерҳову экскаваторҳо ва дигар таҷҳизоти фаннӣ ҳастанд.
Ба таъкиди ҷаноби Ҳукуматулло, вагонҳои булдозеру экскватор барои иҷрои тарҳи соҳилмустақкамкунии дарёи Панҷу Сурхоби ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ дар назар гирифта шудаанд ва агар ин таҷҳизоту техника саривақт ба маҳалли муқараршуда мерасид, эҳтимол буд, оқибатҳои селобҳои ахир дар ин навоҳӣ низ ҳам камтар харобиовар мебуд.
Раиси ширкати «Роҳи оҳан» натавонист ба суоли хабарнигорон дар бораи сабаби аслии боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон посухи аниқу дақиқ диҳад. Вай гуфт, ҷониби Узбакистон иллатро дар қитъаи роҳи охани Амузанг–Термез бар асари сел арзёбӣ мекунад, дар ҳоле, ки ба гуфтаи Амонуллои Ҳукуматулло, аз як тараф дар ин минтақа ҳеҷ гоҳ борон намеборад ва аз сӯи дигар дар ин муддат қаторҳои мусофирбари масири Кӯлобу Қурғонтеппа - самти Русия ҳамеша дар ҳаракат ҳастанд.
Талошҳои бенатиҷаи "Роҳи оҳан"
Ҳатто ҷаноби Ҳукуматулло гуфт, ҷониби Узбакистон дархости ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон барои тармими ин қитъаи роҳро рад кардааст. Вай мегӯяд, талоши Шӯрои байнидавлатии роҳҳои ИДМ дар заминаи мусоидат ба ҳалли ин қазия низ бидуни натиҷа будааст. Аммо раиси ширкати Роҳи оҳан аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе, ки маводи сӯхташон барои нерӯҳои мустақар дар Афғонистон дар миёни вагонҳои боздоштшуда аст, ба муроҷиатҳои ин ширкат посухе надодаанд.
Дар ҳар сурат ҷаноби Ҳукуматулло бар ин назар аст, ки қазияи боздошти вагонҳо мушкили миёни ду ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва Узбакистон нест. Зеро, ба гуфтаи вай, ширкати роҳи оҳани Узбакистон, ки ҳамеша бо масъулони он мукотиба сурат мегирад, хоҳони рафъи ин бунбаст ҳаст.
Омодагии ҳайати баландпоя барои музокирот
Дар ҳамин ҳол ду рӯзи пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқуи ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти раёсати Муродалӣ Алимардонов, муовини нахуствазири ин кишвар, ба Тошканд ба манзури ҳалли қазияи боздошти қаторҳо хабар дод.
Раҳматулло Валиев, коршиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки ҳайат дар ҳалли мушкили боздошти қаторҳои Тоҷикистон мушкилӣ хоҳад кашид. Зеро ба таъкиди вай мушкили аслӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, ки Узбакистон аз мухолифони сарсахти ин тарҳ мебошад.
Вай афзуд, «ҳайати давлатӣ бо раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазир дар ҳалли ин масъала мушкилӣ мекашад. Зеро ин масъала дар сатҳҳои гуногун, ҳатто дар сафари Бан Ки Мун, дабири кули СММ, низ ҳалли худро пайдо накард. Мушкил дар дигар ҷост. Мушкил бар сари сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст ва дар сафари ин ҳайат дар Тошканд низ ин мавзӯъ матраҳ мешавад. Ба ин далел ин масъала ҳамчунон кашол хоҳад ёфт».
Умедҳо аз сафари Алимардонов ба Тошканд
Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бар ин бовар аст, ки Муродалӣ Алимардонов, метавонад ҷониби Узбакистонро ба ҳалли ин масъала мутақоид кунад. Ба гуфтаи вай, «Алимардонов як қобилияте дорад, ки нуқтаи ба ҳамоӣ ё компромисс дар ҳаллу фасли ин мушкилро таъмин кунад. Аз ҷумла вай метавонад тарҳи ин нерӯгоҳро, ки дар даврони Шӯравӣ ташаббускораш Тошканд буд, пешниҳод кунад. Ҳамчунин Алимардонов дигар маводҳоеро дорад, ки сохтмони «Роғун» ба манфиати Узбакистон хоҳад буд».
То ҳол таърихи сафари ҳайати мақомоти Тоҷикистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба Тошканд мушаххас нашудааст. Манобеи давлати Тоҷикистон мегӯянд, интизори посухи ҷониби Узбакистон дар заминаи пазируфтани ин ҳайат ҳастанд.