Нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи расмии роҳи пӯлакии Душанбе-Бӯстон-Чаноқ имрӯз дар маҳалли Чорбоғ, 10-километрии шаҳри Душанбе бо ҳузури вазири нақлиёт ва намояндагони ширкатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар роҳи Душанбе-Чаноқ феълан ду гузаргоҳи махсус барои қабули пардохти роҳпулӣ аз ронандагон омода шудааст ва дар оянда панҷ гузаргоҳи дигар дар манотиқи мухталифи ин шоҳроҳ бунёд хоҳад шуд.

Тибқи нархномаи роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз сӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омода шудааст, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шудааст.

Идораи зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар барномаи пулакӣ кардани ин роҳ арзонтарин таруфаҳо тасдиқ шудаанд.

Маросими ифтитоҳи роҳи пулакӣ истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд.

Роҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Rohi pulaki dar Varzob