Субҳи рӯзи 1 апрел – Рӯзи ханда дар суроғи одаме шудем, ки аз ҳазлҳояш ҳатто дар чеҳраи ҷиддитарин одам ҳам табассум пайдо мешавад.
Ҳунарманди шинохта Қиёмиддини Чақалро дар ноҳияи Файзобод пайдо кардем ва сӯҳбатро аз суоле шурӯъ кардем, ки дар ин рӯзу замона, ки дар Тоҷикистон ҳазл тухми анқо шудааст, ӯ қиссаву латифаҳои ноби худро аз куҷо пайдо мекунад?
- Манбаъи ҳама латифаҳову қиссаҳо халқ аст, миёни мардум мегардӣ, мебинӣ, ки пастиву баландиҳои зиндагиро мардум хело аҷоиб “ренгтен” мекунанд. Сарчашмаи латифаҳои ман халқ аст, зеро мо драмматурге надорем, ки барои ҳаҷвнигорҳо нависанд... Масалан, дар Русия махсус барои Петросян шаш-ҳафт драмматург саҳнача меофаранд ва ӯ баромад мекунад. Мо надорем ҳамин хел одаме, ки чунин қалам дошта бошад, ҳаҷвияҳо нависад ва ба ҳунармандҳо пешкаш кунад... Ҳар ҳаҷвияе, ки ҳунарманд дар Тоҷикистон бо он баромад мекунанд, дарёфти худаш аст, кӯшишу ғайрати худаш аст, онҳоро аз ҳар ҷо ҷамъ меоварад ва баробари ҳунару тавонияш иҷро мекунад. Бисёриҳо аз китоби ман “Сад табассум”, аз китоби латифаҳои ман ҳам мегиранду саҳначаҳову намоишҳо месозанд...
- Қиёмиддин, охирин, яъне тозатарин латифае, ки шунидаед, кадом аст, латифае, ки парерӯз, дирӯз ё ҳамин саҳар шунидаед?
- Ин саҳар ягон латифа нашунидаму ин шаб як бузам зоид... Дугоник зойид... Латифаҳо ман бисёр мешунавам, баъзеҳояшон ҳамон латифаҳои худама гап мезананд ва ва маҷбур механдам, вале ҳама латифаҳои шунидагӣ дар хотир намемонад... Як мард ба автобус савор мешавад ва мебинад, ки одам хело зиёд аст ва ҷойи шиштан нест, худаш марди фарбеҳи шикамкалон, ворид мешаваду мегӯяд, ки “манба ҷой диҳед, ман аквариум дорам”. Ба ӯ ҷой медиҳанд, менишинад ва аз ӯ мепурсанд, ки “канӣ аквариум, охир, гуфтед, аквариум доред-ку?”. Мард ба шикамаш ишора карда мегӯяд, ки “аквариуми ман ҳамин аст, дар дарунаш ҳозир панҷ бокал пива аст ва се моҳӣ...”
- Миёни ҳунармандони театр ҳам баъзан ҳодисаҳои ҷолиб руй медиҳанд, ки шумо шоҳидаш будед... Ҳамин ҳоло ягон ҳодисаи ҷолиби саҳнавӣ ба ёдатон мерасад?
- Ин хел ҳодисаҳо дар саҳна бисёр шудааст... Масалан, мо ҳамроҳи Шер Абдулқайсов нақш мебозидем аз намоишномаи “Хирургия”-и Чехов, саҳнаи дандонканиро... Намоиш дар ошёнаи сеюми корхонаи ҷӯроббофии шаҳри Душанбе мегузашт. Зал пури тамошобин. Мо саҳнаро бозӣ мекардем, ки аз дари пушти саҳна садои тақ-тақ сар шуд. Ба мо халал мерасонданд, бо як азоб он тақ-тақу тароқу-туруқа таҳаммул карда, саҳначаро тамом кардем, ки дар ҳам шикаст ва рӯи саҳна афтид. Дидем, ки пушти дар чиҳил-панҷоҳ нафари дигар истодаанд. Маълум шуд, ки пушти девор дигар корхона будааст ва вақте мо “дандон мекандем”, одамҳои он ҷо гумон карданд, ки мо касеро мекӯбем ва барои ҳамин дарро зада шикаста даромаданд. Онҳо пешакӣ ба милиса ҳам телефон карда будаанд... Милиса гирди корхонаро печонида гирифтааст. Мо бо ҳамон грим дар саҳна миёни ду гурӯҳи тамошобин мондем... Ин лаҳзае буд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намешавад.
- Қиёмиддин, ман шунидам, ки шумо дар навиштани нақиза ҳам устухон надоред, аз ҷумла, баъзе шеърҳои устод Бозор Собирро ҳам чапаву роста мекунед, аз дигар шоирро ҳам...
- Устод Бозор ҳеҷ вақт аз ман хафа намешуд, вақте шеърҳояшро палағда мекардам, фақат механдид, завқ мебурд ва мегуфт, ки “бинавис, Қиёмиддин, бинавис...”. Устод як шеър дорад:
Ҷониби рӯи ту рӯ гардонам аз чор сӯ,
Шоириро чаппагардон кардаам аз пушту рӯ.
Назмро ман дар таппиш овардаам чун набзи худ,
Мекунам ҷилди китобамро иваз бар ишқи ту!
Ин беҳтарин шеърест, ки ман дар асри 20-у 21 шунидам. Ба ҳамин ман як нақизаи дароз навиштам ва ошхона бурдам ин шеъра. Ман гуфтам, ки
Ман ба кухнии ту рӯ гардондам аз чор сӯ,
Деги ошро чаппагардон кардаам аз пушту рӯ,
Зирбакашро дар таппиш овардаам чун набзи ту
Мекунам гӯшту пиёзамро иваз бар ишқи ту!
Хуб, ин нақиза хело дароз аст...
- Қиёмиддин, ташаккури зиёд барои ин сӯҳбат... Ва Рӯзи ханда муборак бошад!
- Саломат бошед, ва табассум аз лабҳоятон канда набошад!