Боре дар умрам лижаронӣ накардаам ва бовар ҳам надорам, ки аз ман лижарони хубе барояд, вале ба ин намуди варзиши зимистона хеле шавқ ва таваҷҷӯҳ дорам. Ҳар бор бо дидани наворҳои зебои лижаронҳои ҳирфайӣ дар Ванкувер ин хоҳишам боз бештар мешавад.
Бо баҳонаи таҳияи гузориш ва аслан барои дидани ин ҳама манзараҳо аз наздик ва ҳадди ақал як маротиба лижа рондан, чанд бор тасмим гирифтам ба машқгоҳи лижаронии Сафедорак сафар кунам. Чунин имкон ҳам даст дод ва ҳамроҳи ҳамкорам Фирӯз ба роҳ баромадем.
Роҳкиро ба деҳаи Сафедорак, ки дар қариб 70-километрии Душанбе, дар ноҳияи Варзоб, ҷойгир аст, дар ин мавсим ба фарқ аз тобистон чанд маротиба гаронтар будааст. Ронандаҳои таксӣ аз мо барои як тараф 300 сомонӣ талаб карданд, зеро, ба қавли онҳо, дар ин роҳи пур аз барфу мушкил сӯзишвории зиёде сарф мешудааст. Ба ҳар сурат, ронандае, ки худ сокини деҳаи Такоби наздик ба Сафедорак будааст, розӣ шуд, бо нархи нисбатан арзон моро ба машқгоҳи лижаронӣ бирасонад, аммо қабл аз сафар хабар дод, ки бо сабаби барфи зиёд мо бояд ҳудуди 3 километр баландиро аз деҳаи Сафедорак то ба машқгоҳи лижаронӣ пойи пиёда равем, зеро ҳаракати мошин дар ин роҳ феълан номумкин аст. Тасмимамон, ки қатъӣ буд, хуб гуфтем ва агар чанд маротиб банд шудани мошинамон рӯи роҳҳои пур аз барфро ба инобат нагирем, ба хубӣ ба ин деҳ расидем.
Вақте аз Душанбе мебаромадем, ҳаво гарму офтобӣ буд, вале дар Сафедорак моро барфи баланде пешвоз гирифт. Ҳарчанд шунида будам, ки ин мавзеъ аз моҳи декабр то апрел барфпӯш аст, вале чандон аҳамият надода, он рӯз ҳам либоси ғафс напӯшидаму, пойафзолам ҳам, ки аз афташ танҳо ба зимистони камбарфи Душанбе мутобиқ будааст, тавони барфи баландро накарда, тар ва канда шуд. Бо ин ҳол тай кардани 2 километр роҳи кӯҳҳои пурбарф суйи машқгоҳи аслии лижаронӣ бароям, ба фарқ аз ҳамроҳони роҳабалади лижаронамон, чандон осон набуд.
Аз ҳама ҷолиб бароямон ин буд, ки дар ин роҳе, ки тақрибан 4 моҳ ҳаракати мошинҳо манъ мешавад, садои нақлиётеро шунидем, ки аввалин бор медидемаш. Ин ҳам снегоход ё мотосикли барфгард будааст, ки дар деҳ аз замони Шӯравӣ 5-то боқӣ мондаву, дар чунин рӯзҳо, дар ҳолатҳои зарурӣ ба мардуми деҳоти болои куҳ, барои расидан ба беморхона ё роҳи мошингард кӯмак мекардааст. Ин барфрав баъзан барои интиқоли ҷасадҳо ҳам истифода мешудааст.
Дар машқгоҳи аслии лижаронӣ, ки мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистона ҳам он ҷо ҷойгир аст, кӯдакону наврасони аз 5 то 16 сола лижаронӣ мекарданд. Вале ман, ки афтидаву хеста ним соат рӯйи барф, пойи пиёда ба ин маҳал омада расидам, дигар аз хастагӣ чандон хоҳиши лижаронӣ ҳам надоштам, ҷое нишаста машқи бачаҳоро тамошо кардам. Барои ман ҳайратовар буд, ки онҳо, бидуни сару либоси вижае, ки ман дар телевизион медидам, яъне айнаку дастпӯш лижа меронаданд. Вале бепарвоёна бо дастони лучу аз сармо суп–сурхшуда, бо такя ба асочаҳои махсуси лижаронӣ аз баланди 1 километр бо навбат ва бо суръат поин мешуданд.
Аксари хонандагони наврасу ҷавони ягона мактаби лижаронӣ дар кишвар сокинони маҳалҳои атрофи машқгоҳи лижаронӣ будаанд. Воқеан ҷавонону наврасони ин деҳ ба фарқ аз аксар дигар навоҳии дурдасти кишвар ва ҳатто шаҳр ҳам, ки намедонанд вақти худро дар зимистон чӣ тавр ва дар куҷо сарф кунанд, хеле хушбахтанд. Онҳо машғулияти хуби варзишӣ доранд, ки он ба рушди ҷисмонияшон мусоидат мекунад. Вале медонед, на танҳо варзишгари хуб будаанд ин наврасон, балки фикррониву баёни хуб ҳам доранд.
Ба хусус, сӯҳбати яке аз ин наврасони куҳистоние, ки боре ҳам ба пойтахт наомадааст ва забони хонаводигаш ҳам яғнобӣ аст, моро бисёр хушҳол кард. Ӯ бо забони хеле хуби адабӣ ва хеле равон бо мо сӯҳбат кард.
Бо ҳадафи лижаронӣ ин сафари пурмушкилро тай кардаву, ба машқгоҳи аслӣ расидем, вале бо дидани ин ки наврасон ва ҳатто як кӯдаки 5-солае дар пеши чашмам бидуни либоси махсусу шароитҳои бехатарӣ бо маҳорати хубе лижатозӣ мекард, аз раъйям гаштам ва бо ҳамон ташнагӣ ба Душанбе баргаштам, вале бо таассуроти зиёди хубу ҷолиб ва сӯҳбатҳои шуниданӣ, ки метавонед ин ҳамаро дар барномаи “Ояндасоз” бишнавед.