Ҳамон тавре, ки дар гузоришҳои қаблӣ гуфтем, қарзи берунаи давлати Тоҷикистон то моҳи январи соли 2010 аз як миллиарду 691 миллион доллар убур кардааст. Беш аз 900 миллион доллари он қарзи созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтаанд, ки қарзи ин ҷумҳурӣ ба Бонки осиёии рушд 301 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки осиёии рушд гуфтааст, аз соли 1998 то бад ин сӯ ба миқдори 560 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон вом додааст ва ёриҳои билоиваз кардааст.
Ҳамчунин, аз 2 сол бад ин сӯ Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ ба далели зиёдии қарзи беруна ва ба мақсад истифода нашудани қарзҳои дода ба Тоҷикистон аз додани қарз ба ин кишвар худдорӣ кардаанд. Танҳо ба Тоҷикистон ёриҳои билоиваз ироа мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир, Бонки осиёии рушд тасмим дорад, дар ихтиёри Тоҷикистон 74 миллион доллар кӯмаки билоивазро қарор диҳад. Ба гуфтаи Макото Оҷиро, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, ин 74 миллион доллар барои ду барнома – барномаи энержӣ ва мусоидсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ироа хоҳад шуд. Татяна Естисеева, суханӯги Бонки осиёии рушд, дар ин бора гуфт:
«Феълан, ин барномаи энержӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад. Дар сурати тасвиби он аз сӯи Шӯрои мудиромилони бонк ин грант ба Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.»
Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ дар замоне аз додани қарз ба Тоҷикистон худдорӣ карданд, ки Бонки миллӣ қарзи додаи Сандуқи байнулмилалии пул барои коҳиши камбизоатӣ дар ҷумҳуриро дар ихтиёри ширкатҳои фючерсӣ қарор дод ва ин ширкатҳо ин пулро ба наздикони худ ва пахтакорон қарз додаанд. Ба ин тариқ, бахши кишоварзӣ беш аз 500 миллион доллар қарздор шуд.
БОЗ БИХОНЕД: ҚАРЗҲО БА КУҶО МЕРАВАНД?
Мисоли дигар, фаъолияти ширкати Барқи тоҷик буд. Бо вуҷуди ироаи қарз барои ин соҳа ширкати Барқи тоҷик аз қарздорӣ берун нашуд ва дар тӯли 2 соли ахир 2 раиси ин ширкат барканор шуданд. Ба гуфтаи як тоҷир, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ширкати Барқи тоҷик дар тӯли чанд соли ахир дар бораи хариди дастгоҳу маводи сӯхт, аз ҷумла мазут, тендер ё музоида эълон накардааст ва ашхоси алоҳидаи наздик ба ҳукумат ин маводро барои ин ширкат бо қиммати гарон ворид мекунанд. Барои мисол, ба гуфтаи вай, тоҷирон метавонанд як тонна мазутро ба қиммати 250 то 300 доллар барои ширкати Барқи тоҷик ворид кунанд. Вале дасти тавоное вориди ин бозор аст, ки ба ин роҳ намедиҳад ва худаш 1 тонна мазутро бо қиммати 600-650 доллар ворид мекунад. Дар ҳоле, ки дар корхонҳаои тавлиди мазут дар Русия қиммати як тонна мазут аз 300 доллар боло нест.
Мақомоти Бонки осиёии рушд, Бонк ҷаҳонӣ ва СБП ин муомилаҳоро хуб медонанд ва чанд соли пеш хостори аудити ин корхона шуда буданд. Аудити охир таъид кард, ки ҳисобу китоб ё муҳосибот дар ширкати Барқи тоҷик дуруст нест. Мушобеҳи он ки ҳисобу китоб дар додани қарз ба пахтакорон дар 2 соли ахир дуруст набуд ва ширкати Эрнст энд Янги Бритониё инро собит кард.
Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, далели дигари беэътимодии созмонҳои сармоягузор ба Тоҷикистон, масрафи ғайримақсадноки қарзҳо аст. Барои мисол, ахиран коршиносони Фаронса, ки барои сохтмони терминали фурудгоҳи Душанбе 20 миллион евро ихтисос додаанд, аз истифодаи сементи навъи 200 норозиянд ва кори ширкати «Дилшод»-ро дар ин сохтмон қатъ кардаанд. Фаронса мехоҳад, то бар асоси пули ихтисосшуда сементи навъи 350 истифода шавад, ки нисбат ба сементи навъи 200 гаронтар аст. Мутахассисони Фаронса мутмаинанд, ки пас аз иҷрои ин барнома сементи арзони 200 дар санадҳои сохтмон сементи 350 нишон дода хоҳад шуд.
Мисли он ки директори собиқи нерӯгоҳи Норак ба ҷои ворид кардани даcтгоҳҳои ҷадид дастгоҳҳои таъмиршударо васл карда, пулҳои зиёдатӣ аз фарқияти нархҳоро ба ҳисоби ширкатҳои хусусии худ интиқол дода буд. Дар ин бора Оҷонси мубориза бо фасод дар соли 2008 иттилоъ дода буд.
Сафари Абдулаҳад, коршиноси умури минтақа низ ба ҳамин назар аст. Вай гуфт:
«Дар сохтмони бисёр аз иншоот дуздӣ ва қаллобӣ вуҷуд дорад. Ман мутмаинам, ки маводи сохтмони пурарзиш дуздӣ мешавад ва ба ҷои он маҳслуоти пастсифат истифода мешавад.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Темуралӣ Афғонов, сардори сарраёсати қарзҳои давлатӣ ва дороиҳои Вазорати молияи Тоҷикистон, давлат талош дорад, ки пардохти қарзҳои давлатиро аз ҳисоби буҷа кам кунад ва роҳҳои дигари пардохтро ҷустуҷу кунад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршинос, ягона роҳи кам кардани пардохти қарзҳо аз ҳисоби буҷа ин истифодаи грантҳои созмонҳои сармоягузор ба Тоҷикистон аст, ки 2 соли ахир давлат ин барномаро руидаст гирифтааст.