Ба додгоҳ кашида шудани се нашрияи мустақили «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» дар ҷомеа вокунишҳои гуногунеро ба бор овардааст. Бархе мегӯянд, ин як баҳси ҳуқуқист, аммо бархи дигар онро дорои ангезаи сиёсӣ мешуморанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бархилофи изҳороти созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои ахбори ом, баҳси байни додрасҳо ва нашрияҳо ҳеҷ иртиботе ба ҳукумати ин кишвар надорад.
Маҳмудхон Сараев, сармутахассиси шӯъбаи иттиллоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки иртибот додани ин баҳс бо интихоботи парлумонӣ ва даст доштани ҳукумат дар он дур аз воқеият аст.
Вай афзуд, ки додраси додгоҳ низ бар пояи муқаррароти мавҷуда ва меъёрҳои як кишвари демократӣ аз ин ҳақ бархӯрдор аст, ки дар сурати нақзи ҳуқуқаш ба додгоҳ муроҷиат кунад.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои хабарӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла созмони « Гузоришгарони бидуни марз» баҳсҳои миёни расонаҳои гурӯҳӣ ва ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Додгоҳи олии Тоҷикистонро навъе фишор болои матбуоти мустақил арзёбӣ мекунанд. Зеро тайи ду моҳи ахир нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Миллат» ва инак, ахиран «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» аз сӯи масъулони мақомоти давлатӣ аз идораи «Тоҷикстандарт», Вазорати кишоварзӣ ва Додгоҳи олӣ барои чопи матолиби, ба гуфтаи онҳо, тавҳиномез ба додгоҳ кашида шудаанд. Ин ниҳодҳо аз нашрияҳои мазкур аз 300 ҳазор то ба 5 миллион сомонӣ ҷуброни хисороти маънавӣ талаб кардаанд.
Зафар Абдуллоев, раиси созмони "Медиа-алянс" ва сардабири нашрияи «Факти и комментарии», мегӯяд, ин ҳама баҳсҳо бо расонаҳои мустақил дар арафаи интихоботи парлумонӣ ҷараён мегиранд ва сарфи назар аз он ки мақомот онро сиёсӣ намехонанд, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар он сиёсӣ тафсир мешавад.
Аз сӯи дигар Додгоҳи Олӣ худ як шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ аст ва вақте ҳокимияте, ки ҳаққи қазоват бо ӯст, дар баробари матбуот мавқеъгирӣ мекунад, онро наметавон танҳо рӯйдоди ҳуқуқӣ арзёбӣ кард. Оқои Абдуллоев мегӯяд бо таваҷҷҷӯҳ ба анъана ва расми шарқӣ ба ин қазия дахолати мустақими раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир аст:
Аммо бархе дигар аз коршиносони тоҷик бар инанд, ки расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон ба далели заъфи молӣ гоҳо минбар ва гоҳе сипари гурӯҳҳо ва ҳатто мақомоти расмӣ мешаванд, ки дар охири кор бори ҷавобгарӣ ва масъулият бар дӯши онҳо гузошта мешавад.
Раҷаби Мирзо, аз соҳибназарони умури матбуот мегӯяд бо иваз шудани нафари аввал дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки қаблан бо Оҷонсии мубориза бар зидди фасод ва Додгоҳи олӣ ихтилоф дошт, ҳамакнун нашрияҳои мазкур дар вазъияти номуносибе қарор гирифтаанд.
Баҳс миёни се нашрияи мустақили «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» бо ду додраси Додгоҳи олӣ ва додраси Додгоҳи шаҳри душанбе баъди нашри як номаи саркушодаи Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ ба унвони мақомоти аввали Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилӣ дар робита ба парвандаи маъруф ба «қазияи исфарагиҳо» оғоз шуд.
Ҷӯраев дар ин матлаб далелҳоеро матраҳ мекунад, ки додрасони Додгоҳи олӣ дар ҷараёни муҳокима ва содир кардани ҳукм ба як қатор қонуншиканиҳо даст задаанд. Аммо додрасони Додгоҳи Олӣ нашри ин матолибро тӯҳмат ва мудохила ба раванди муҳокимаи додгоҳӣ арзёбӣ карда, алайҳи ин нашрияҳо ба додгоҳ шикоят бурданд. Рӯзи 2 феврал нахустин муҳокимаи додгоҳии ин қазия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Додрасон аз ин нашрияҳо ба маблағи 5, 5 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд. Муҳокимаи парванда дар додгоҳ 23 феврал идома хоҳад ёфт.