Бештари коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик ҳадс мезананд, ки ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт ба яке аз нуқоти доғ ва саҳнаҳои пуршӯри интихоботи парлумонӣ табдил хоҳад ёфт.
Зеро ду номзади аслии ин ҳавза - Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Давлати Усмон аз роҳбарони пешини Наҳзати исломии Тоҷикистон аз як сӯ ҳарифони баробарвазнанд ва аз сӯи дигар барои интихобкунандагони худ шахсони мӯҳтарам ва шинохташуда мебошанд.
Бар изофа Шукурҷон Зуҳуров аз пуштибонии ҳизби ҳоким ва мақомоти олии кишвар, вале Давлати Усмон аз дастгирии мардумӣ ва нерӯву гурӯҳҳои мазҳабӣ бархурдор аст.
Ҳарду номзади асосӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт мӯътақиданд, ки барандаи интихоботи парлумонӣ хоҳанд шуд.
Шукурҷон Зуҳуров дар як сӯҳбати телефонӣ бо радио Озодӣ гуфт, ки ҳоло худи ӯ мустақим вориди корзори интихоботӣ нашудааст, вале гурӯҳи ҷонибдорон ва шахсони боэътимодаш дар ҳавза даст ба кор шудаанд. Оқои Зуҳуров гуфт, ки барои дастгирӣ ва пазируфта шудани номзадиаш аз сӯи мардуми минтақаи Рашт бовар дорад.
Аммо Давлати Усмон, аз роҳбарони пешини Наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, ӯ дар ин минтақа аз ҷонибдории густардаи мардум бархурдор аст ва пирӯзӣ насиби ӯ хоҳад шуд.
Ба ин тартиб ҳарду номзад бар эҳтимолияти пирӯзии худ дар ин интихобот тардид надоранд. Аммо таҳлилгарони мустақил мегӯянд, ки ин ширкати Давлати Усмон аст, ки ҳавзаи интихоботии ноҳияи Раштро ба нуқтаи гарму доғи интихоботӣ бадал хоҳад кард. Вагарна дар интихоботҳои қаблӣ намояндаи ҳизби ҳоким дар ин минтақа бидуни мушкилӣ ва кадом сару садое пирӯзӣ ба даст оварда аст.
Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, Давлати Усмон дар шумори афроди соҳибнуфузи ин водӣ қарор дорад ва имкони зиёд вуҷуд дорад, ки ӯ пуштибонии бештари мардуми ин минтақаро ба даст оварад.
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки номзади ин ҳавза бо эҳтимоли зиёд раиси ояндаи парлумони кишвар хоҳад буд, имкон дорад дар ин ҷо аз тақаллубкории бештар кор гирифта шавад.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси дигари тоҷик низ таъид мекунад, ки оқои Усмон аз шахсиятҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон аст ва дар водии Қаротегин обрӯ ва мақоми мусбат дорад. Аммо нуфуз ва эътибори ҳарифи ӯ Шукурҷон Зуҳуров низ дар ин минтақа ба сатҳе аст, ки заминаҳои пирӯзии ӯро фароҳам мекунад.
Афзун бар ин танҳо дар расми муаррифии номзадии ӯ мушовири давлатии раисиҷумҳур ширкат дошт, ки ин як навъ паём барои интихобкунанда аст, ки мақомоти олии кишвар рӯи кӣ ангушт гузоштаанд ва киро спикери ояндаи парлумон дидан мехоҳанд.
Шукурҷон Зуҳуров, хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ дар солҳои шӯравист, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тӯли фаъолияти худ ӯ ҳам дар парлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст. Се навбат вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон буд.
Дар нахустин даври музокироти ҳайатҳои ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии гурӯҳи ҳукуматиро бар ӯҳда дошт. Ӯ аз афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли қавӣ курсии раёсати Маҷлиси намояндагони ояндаро соҳибӣ хоҳад кард.
Ва аммо Давлати Усмон яке аз муассисони Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамин тавр Наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Дар ибтидои фаъолияти расмии ҲНИТ ӯ ба ҳайси муовини раис фаъолият кардааст. Номи ӯ баъд аз ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ зери раҳбарии Раҳмон Набиев дар моҳи майи соли 1992 дар сархати ахбори олам қарор гирифт ва ӯ нахустин намояндаи расмии исломи сиёсӣ дар густураи шӯравии пешин буд, ки вориди ҳукумат шуд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Давлати Усмон раҳбарии Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи мухолифинро бар ӯҳда дошт. Баъди оштии миллӣ тибқи саҳмияи сидарсадӣ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон шуд. Дар интихоботи президентии соли 1999 номзади ҲНИТ бар муқобили раисиҷумҳури феълӣ буд, ки худ ин номзадиро эътироф накардааст.
Бо ин ҳама ҳадсу гумонҳои коршиносон ва таҳлилгарон дар мавриди ҳавзаи интихоботии Рашт то замоне идома хоҳад ёфт, ки натоиҷи интихобот эълон шавад. Аммо як нуктае дигар, ки бештари коршиносон рӯи он таъкид доштанд, ин буд, ки новобаста аз қаноатмандӣ ва ё ноқаноатмандии номзадҳои интихоботии ин минтақа натоиҷи интихобот бар субот ва амнияти минтақа латма ворид нахоҳад кард.
Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки номзади ин ҳавза (Рашт) бо эҳтимоли зиёд раиси ояндаи парлумони кишвар хоҳад буд, имкон дорад дар ин ҷо аз тақаллубкории бештар кор гирифта шавад ...
Ҳарду номзади асосӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт мӯътақиданд, ки барандаи интихоботи парлумонӣ хоҳанд шуд.
Шукурҷон Зуҳуров дар як сӯҳбати телефонӣ бо радио Озодӣ гуфт, ки ҳоло худи ӯ мустақим вориди корзори интихоботӣ нашудааст, вале гурӯҳи ҷонибдорон ва шахсони боэътимодаш дар ҳавза даст ба кор шудаанд. Оқои Зуҳуров гуфт, ки барои дастгирӣ ва пазируфта шудани номзадиаш аз сӯи мардуми минтақаи Рашт бовар дорад.
Аммо Давлати Усмон, аз роҳбарони пешини Наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, ӯ дар ин минтақа аз ҷонибдории густардаи мардум бархурдор аст ва пирӯзӣ насиби ӯ хоҳад шуд.
Ба ин тартиб ҳарду номзад бар эҳтимолияти пирӯзии худ дар ин интихобот тардид надоранд. Аммо таҳлилгарони мустақил мегӯянд, ки ин ширкати Давлати Усмон аст, ки ҳавзаи интихоботии ноҳияи Раштро ба нуқтаи гарму доғи интихоботӣ бадал хоҳад кард. Вагарна дар интихоботҳои қаблӣ намояндаи ҳизби ҳоким дар ин минтақа бидуни мушкилӣ ва кадом сару садое пирӯзӣ ба даст оварда аст.
Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, Давлати Усмон дар шумори афроди соҳибнуфузи ин водӣ қарор дорад ва имкони зиёд вуҷуд дорад, ки ӯ пуштибонии бештари мардуми ин минтақаро ба даст оварад.
Давлати Усмон дар шумори афроди соҳибнуфузи ин водӣ қарор дорад ва имкони зиёд вуҷуд дорад, ки ӯ пуштибонии бештари мардуми ин минтақаро ба даст оварад ...
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси дигари тоҷик низ таъид мекунад, ки оқои Усмон аз шахсиятҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон аст ва дар водии Қаротегин обрӯ ва мақоми мусбат дорад. Аммо нуфуз ва эътибори ҳарифи ӯ Шукурҷон Зуҳуров низ дар ин минтақа ба сатҳе аст, ки заминаҳои пирӯзии ӯро фароҳам мекунад.
Афзун бар ин танҳо дар расми муаррифии номзадии ӯ мушовири давлатии раисиҷумҳур ширкат дошт, ки ин як навъ паём барои интихобкунанда аст, ки мақомоти олии кишвар рӯи кӣ ангушт гузоштаанд ва киро спикери ояндаи парлумон дидан мехоҳанд.
Шукурҷон Зуҳуров, хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ дар солҳои шӯравист, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тӯли фаъолияти худ ӯ ҳам дар парлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст. Се навбат вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон буд.
Дар нахустин даври музокироти ҳайатҳои ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии гурӯҳи ҳукуматиро бар ӯҳда дошт. Ӯ аз афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли қавӣ курсии раёсати Маҷлиси намояндагони ояндаро соҳибӣ хоҳад кард.
Аммо нуфуз ва эътибори Шукурҷон Зуҳуров дар минтақа ба сатҳе аст, ки заминаҳои пирӯзии ӯро фароҳам мекунад ...