То кунун ҳеҷ яке аз номзадҳои аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар манотиқе, ки аз нуфуз ва ҷонибдорони бештар бархӯрдоранд, комёбӣ ба даст наовардаанд.
Дар ду даври қаблии интихоботи парлумони касбии Тоҷикистон аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон - ҲНИТ ва ҲСДТ натавонистанд, ки аз ҳавзаҳои инфиродӣ номзадҳои худро вориди парлумон кунанд. Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ин ду навбат ду вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон дошт, танҳо тавассути ҳавзаи ягона тавонист, то садди панҷдарсадиро убур кунад, вале номзадҳояш аз ҳавзаҳои инфиродӣ ба ин даст наёфтанд.
Бо ин вуҷуд, ки навоҳии минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ва ҳамчунин бархе аз навоҳии атрофи Душанбе ва Исфара дар шимолиин кишвар аз ҷонибдорон ва ҳаводорони бештари ҳизби наҳзати исломӣ шинохта мешаванд ва ҳизби сосиал-демократ дар вилояти Бадахшон аз нуфузи бештар бархурдор аст, намояндагони ин ҳизбҳо дар интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ин манотиқ ҳамвора шикаст хӯрдаанд.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳам аҳзоб, ҳам ҳукумат ва ҳатто ҳам мардум то ҳол ба моҳият ва дарки интихобот ба унвони талоше қонунӣ барои тағйири вазъ ба самти беҳтару хубтар сарфаҳм нарафтаанд. Саймиддин Дӯстов, раиси созмони ғайриҳукуматии «Индем», бар ин назар аст, ки бо гузашти наздики бист сол аз истиқлоли Тоҷикистон ба мардум ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан дода нашудааст, балки ин ҳама равандҳо аз сӯи гурӯҳи ҳукмрон, яъне ҳокимият, идора ва назорат мешавад. Ҳамин аст, ки аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла аҳзоби мухолиф, ки ҳеҷ фишанге дар ихтиёр надоранд, аз ин мусобиқот ҳамеша ноком берун мешаванд.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари мустақили тоҷик, мегӯяд, он манотиқе, ки ба истилоҳ минтақаҳои таҳти нуфузи аҳзоби мухолифшинохта мешавад, аз бесамарӣ ва беасарии кори ин аҳзоб хаста шудаанд. Ҳокимият дар маҳалҳо, ки дигар бо итминон ба ҷараёноти интихоботӣ мудохила мекунанд, нуфузи ин аҳзобро то ба ҳадде камранг кардаанд, ки интихобкунанда ба сӯи онҳо майл пайдо мекунад.
Ба ақидаи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар Тоҷикистон минтақае, ки таҳти нуфузи аҳзоби оппозисиюнӣ қарор дошта бошад, вуҷуд надорад. Оқои Сафаров мӯътақид аст, ки ҳеҷ яке аз аҳзоби мухолиф дар ноҳия ва маҳалли хоси кишвар ҳатто панҷоҳ дарсади нуфузи ҳизби ҳокимро надорад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, ин заъф ва тақсири худи аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар манотиқи таҳти нуфузи худ дар интихоботҳо баранда намешаванд. Оқои Раҳнамо мегӯяд, аҳзоби мухолиф дар интихобот афродеро номзад ба вакилӣ муаррифӣмекунанд, ки шояд дар дохили худи ин ҳизбҳо маълум бошанд.
Ба ин тартиб, дар ҳоли ҳозир аз Ҳизби сосиал-демократ дар яке аз ҳавзаҳои вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов, муовини раис аз ҳавзаи якмандаӣ номзад пешниҳод шуда, вале ҲНИТ дар ин навбат касеро аз ҳавзаи навоҳии водии Рашт номзад муаррифӣ накардааст. Ҳарчанд, ин ҳизб барои тақрибан нисфи ҳавзаҳои якмандатӣ номзадҳои худро муаррифӣ кардааст, аммо на дар Исфара ва на дар навоҳии минтақаи шарқии кишвар, ки гӯиё таҳти нуфузи ин ҳизб аст.
Бо ин вуҷуд, ки навоҳии минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ва ҳамчунин бархе аз навоҳии атрофи Душанбе ва Исфара дар шимоли
Ин ҳама равандҳо аз сӯи гурӯҳи ҳукмрон, яъне ҳокимият, идора ва назорат мешавад
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳам аҳзоб, ҳам ҳукумат ва ҳатто ҳам мардум то ҳол ба моҳият ва дарки интихобот ба унвони талоше қонунӣ барои тағйири вазъ ба самти беҳтару хубтар сарфаҳм нарафтаанд. Саймиддин Дӯстов, раиси созмони ғайриҳукуматии «Индем», бар ин назар аст, ки бо гузашти наздики бист сол аз истиқлоли Тоҷикистон ба мардум ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан дода нашудааст, балки ин ҳама равандҳо аз сӯи гурӯҳи ҳукмрон, яъне ҳокимият, идора ва назорат мешавад. Ҳамин аст, ки аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла аҳзоби мухолиф, ки ҳеҷ фишанге дар ихтиёр надоранд, аз ин мусобиқот ҳамеша ноком берун мешаванд.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари мустақили тоҷик, мегӯяд, он манотиқе, ки ба истилоҳ минтақаҳои таҳти нуфузи аҳзоби мухолиф
Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае, ки таҳти нуфузи аҳзоби оппозисиюнӣ қарор дошта бошад, вуҷуд надорад.
Ба ақидаи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар Тоҷикистон минтақае, ки таҳти нуфузи аҳзоби оппозисиюнӣ қарор дошта бошад, вуҷуд надорад. Оқои Сафаров мӯътақид аст, ки ҳеҷ яке аз аҳзоби мухолиф дар ноҳия ва маҳалли хоси кишвар ҳатто панҷоҳ дарсади нуфузи ҳизби ҳокимро надорад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, ин заъф ва тақсири худи аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар манотиқи таҳти нуфузи худ дар интихоботҳо баранда намешаванд. Оқои Раҳнамо мегӯяд, аҳзоби мухолиф дар интихобот афродеро номзад ба вакилӣ муаррифӣ
Аҳзоби мухолиф дар интихобот афродеро номзад ба вакилӣ муаррифӣ мекунанд, ки шояд дар дохили худи ин ҳизбҳо маълум бошанд.