Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз масъулони амният ва марзбонии кишвар хостори расидагӣ ба мушкили чӯпонони афғон шудааст, ки дар минтақаи марзии Помири Шарқӣ ба офат дучор гардидаанд.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар Бадахшон, Мирзо Набиев, қаблан намояндагии Афғонистон дар Хоруғ ба мақомоти Тоҷикистон дар мавриди бар асари барфи ногаҳони гир мондани 25 нафар чӯпони маҳалли марзии Вахони Афғонистон бо бештар аз 3 000 сар молашон дар чарогоҳҳои дурдаст ва имкони истифода аз қаламрави Тоҷикистон ба мақсади таъмини бозгашти бехатари онҳо ба манзилҳояшон муроҷеъ шуд.
Ба гуфтаи котиби дуввуми намояндагии Афғонистон дар Хоруғ, Забеҳулло Носирӣ, роҳи бозгашт тавассути пайроҳаҳои кӯҳӣ барои чӯпонон, ки барфи ногаҳонӣ онҳоро ғофилгир сохт, ба хатари эҳтимолии барфкӯч ва резиши санг рӯбарӯ мебошад.
Вай гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ онҳо дархост карданд, то ба чӯпонон иҷоза шавад, 80 километро бо молашон то пули Лангари Ишкошим бо истифода аз роҳи автомобилгарди тарафи Тоҷикистон тай кунанд.
Ба гуфтаи масъули намояндагӣ, истифода аз қаламрави Тоҷикистон дар ин маврид роҳи осонтар ва бехатари бозгашти ашхоси ба офат дучоршуда мебошад ва вай бовар дорад, ки бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ иҷрои ин дархост мушкилоте дар пай нахоҳад дошт.
Масъули намояндагаии Афғонистон дар Хоруғ афзуд, аммо рӯзи саввум аст, ки чӯпонон тасмими мақомоти амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистонро дар мавриди иҷозаи убури марз интизор доранд.
Моҳи апрели соли равон бар асари боришоти ногаҳонии барф дар ин минтақаи Помири Шарқӣ, дар қаламрави Тоҷикисон се сарбоз бедарак шуд ва се нафарро сармо зад. Чӯпонони тоҷик, ки сарбозони сармозадаро аз ҷойи касногузар то роҳи мошингард интиқол доданд, нақл карданд, ки маҷбур шуданд, аз як сокини он тарафи марз бо номи Пирназар аспу уштур киро кунанд.Аммо он вақт ба хотири наҷоти офатзадагон монеаҳои расмӣ осонтар ва тезтар ҳал шуда буд.