Абхозистон раисҷумҳур интихоб мекунад

Имрӯз, 12-уми декабр, сокинони Абхозистон раисҷумҳурро интихоб мекунанд. Ин нахустин интихобот дар ин ҷумҳурӣ баъд аз эълони истиқлол ва эътирофи ин истиқлол аз сӯи Русия ва чанд кишвари хурди Амрикои Лотин аст.
Миёни панҷ довталаби курсии раисҷумҳури Абхозистон раҳбари феълии минтақа Сергей Багапш барои пирӯзӣ шонси бештар дорад. Коршиносон мегӯянд, Маскав дар ин маъракаи сиёсӣ маҳз аз номзадии Багапш ҷонибдорӣ мекунад. Рақиби аслии ӯ дар ин маърака Раул Хаҷимба низ дар Кремл пуштибонҳои зиёд дорад. Боз як номзад – тоҷир ва раиси ҳизби рушди иқтисодии Абхозистон Беслан Батба низ, аз нигоҳи коршиносон, тавони комили, ба истилоҳ, сар ба сар шудан бо рақибони маъруфашро дорад.

Гуфта мешавад, бо назардошти дар инзивои байнулмилалӣ қарор доштани Абхозистон ва вобастагии комилаш аз Русия, натоиҷи раъйдиҳӣ чизеро дар ин ҷумҳурӣ тағийр нахоҳад дод. Ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози шимолӣ зери нуфузи комили Маскав қарор дорад. Бештари шаҳрвандони Абхозистон шиносномаҳои русӣ доранд ва пули расмӣ дар ҷумҳурӣ низ рубли русист. Аксари абхозҳо асосан бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд. Ҳамчунин Русия ягона сармоягузории хориҷии Абхозистон аст. Дар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ дасти кам 3800 низомии рус мустақаранд. Маскав дар шаҳри бандарии Очамчурӣ пойгоҳи бузурги дарёӣ бунёд мекунад. Сергей Багапш ҳамчунин назорати марзҳо, фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳанро дар ихтиёри Русия гузоштааст.

Гуфта мешавад, на фақат Сергей Багапш, балки дигар довталабҳо низ худро ҳамчун номзади вафодор ба Кремл намоиш медиҳанд. Рақиби аслии ӯ, корманди собиқи Кумитаи амнияти миллӣ Раул Хаҷимба, ки дар барномаи пешазинтихоботӣ ҳифзи забони абхозӣ ва ҳувияти миллиро дар хатти аввал гузоштааст, аз дӯстони наздики сарвазири Русия Владимир Путин маҳсуб мешавад.

Аз нигоҳи коршиносон, дар интихобот номзаде пирӯз хоҳад шуд, ки ба пуштибонии ақаллиятҳои қавмии муқими Абхозистон даст меёбад. Панҷ сол пеш Сергей Багапш маҳз тавассути ҷонибдории гурҷиҳои муқими ноҳияи Галӣ пирӯз шуда буд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин, Раул Хаҷимба талош кард ба қонуни интихобот нуктае ворид кунад, ки тибқи он дар раъйдиҳӣ фақат афроди соҳиби шиносномаи Абхозистон ширкат мекунанд. Аз 45 ҳазор гурҷии сокини ҷумҳурӣ фақат чаҳорякашон соҳиби шиносномаи абхозиянд. Ва аммо ҳамзамон гуфта мешавад, ки Багапш аз пуштибонии арманиҳои муқими Абхозистон низ бархурдор аст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, интихоботи нав такрори интихоботи президентии моҳи октябри соли 2004 мешавад. Дар он маърака Маскав пуштибонии худ аз Хаҷимбаро пинҳон намекард ва аз ӯ аксари сиёсатмдорони шинохта ва ҳатто овозхони маъруф Иосиф Кобзон рӯирост ҷонибдорӣ карда буданд. Владимир Жириновский ҳатто таҳдид карда буд, ки дар сурати бохти Хаҷимба Русия марзҳояш бо Абхозистонро мебандад. Аммо бо вуҷуди ин Сергей Багапш бо бартарии андак пирӯз шуда буд. Баҳсҳо оид ба натоиҷи интихобот то охири сол идома карданд ва дар ниҳоят Маскав роҳи мусолиҳаро пайдо кард – Хаҷимба муовини раисҷумҳури Абхозистон интихоб шуд.