Амрико ба пиёда кардани стратегияи ҷадиди худ дар қиболи Афғонистон иқдом карда, дар авоили соли оянда ба ин кишвар 30.000 афсару сарбози илова эъзом мекунад. Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, бар асоси стратегияи ҷадиди худ қавл додааст, ки тӯли 18 моҳи оянда нерӯҳои худро аз Афғонистон берун хоҳад кард.
Мақомоти расмии Тоҷикистон, ки ба таъмини субот ва амният дар Афғонистон алоқамандии зиёд доранд, дар ҳоли ҳозир омода нашудаанд, дар бораи стратегияи нави Амрико изҳори назар кунанд. Вале коршиносони масоили сиёсӣ ҳозир шуданд, то назари худро дар ин мавзӯъ иброз доранд.
Танқид аз Стратегияи Обама
Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, аз стратегияи ҷадиди Обама интиқод кард ва гуфт, раисҷумҳури Амрико дар тарҳрезии ин стратегия бо генералҳо ва сиёсатмадорони худаш машварат кардааст, на бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон. Ба ин далел, ҷаноби Шарифов баъид медонад, ки ин иқдоми Амрико муваффақ анҷом ёбад.
Ба эътиқоди Абдулғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, эъзоми нерӯи изофӣ метавонад танҳо масъалаи тактикиро ҳал кунад, на масоили стратегиро, ки Амрико ба ал-Қоида ва Толибон бохтааст. Ҷаноби Мамадазимов гуфт, дар он сурат дар Афғонистон субот таъмин мешавад, ки қавми паштун ва ғайрипаштун ба ҳам мувофақа кунанд. Дар акси ҳол, ба қавли вай, ҷанги Афғонистон мушобеҳи ҷангҳои асри миёна садсола идома хоҳад кард.
Назари нек ба Стратегияи Обама
Сайфулло Сафаров, таҳлилгари умури сиёсӣ, ба муваффақияти стратегияи ҷадиди президент Обама хушбин аст. Агар, ӯ мегӯяд, Обама ҳадафи худро ба мардуми Афғонистон фаҳмонида тавонад ва ба ваъдааш вафо кунад, ки нерӯҳои Амрико пас аз 18 моҳ аз Афғонистон хориҷ мешаванд. Дар он сурат, мардуми Афғонистон дар атрофи ҳукумат муттаҳид мешавад.
Бароянд ё набароянд?
Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ҳузури тӯлонии нерӯҳои Эътилофи ҷаҳонии зиддитеррористӣ дар Афғорнистон, ҳамчунин заифии давлати марказӣ ва фасод дар ин кишвар мухолифат миёни қавму миллатҳоро дар Афғонистон афзоиш додааст.
Сайфулло Сафаров мегӯяд, мушкили умдаи Афғонистон, дар чанд соли ахир ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст.
Вале Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки дар сурате, ки ИМА дар тӯли 18 моҳ натавонад амният дар ин кишварро таъмин кунад, дар он сурат хурӯҷи Амрико Афғонитсонро бесуботтар хоҳад кард.
Коршиносон мегӯянд, пас аз хурӯҷи нерӯҳои Амрико мушкили умдаи Афғонистон мухолифат миёни қавми паштун ва ғайрипаштун хоҳад буд.