Танқиди дин то куҷо ҷоиз аст?

Дар ҳоле, ки Маҷмааи кулли СММ барои баррасии мавзӯъи ҷилавгирӣ аз нақд ва тавҳини адён омодагӣ мегиранд, дар бештари кишварҳое, ки мавриди назарпурсии Бунёди World Public Option қарор гирифтанд, аз танқиди ошкору бепардаи дину мазҳаб пуштибонӣ кардаанд.
Дар маҷмӯъ 57 дар сади афроди пурсидашудагон гуфтаанд, ки ҳар фард бояд барои интиқоди адён иҷоза дошта бошад, зеро танқиди дин - як бахши озодии баён аст. Ва аммо тақрибан 34 дар сади мусоҳибони Бунёди World Public Option мутмаинанд, мақомот бояд онҳоеро, ки динро дар мазҳари ом интиқод мекунанд, ба муҷозот бикашанд ва ба маҳбас афкананд, зеро танқид боиси бадномсозии ин ё он дину мазҳаб мешавад.
Вашингтон мухолифи нақзи ҳуқуқҳои мазҳабӣ ва таъқиб барои афкори динист. Вале ҳар кас бояд дар мавриди қабул доштан ё надоштани дин соҳибихтиёр аст ва ба ихтилофи назар дар бораи дин бояд аз таҳаммул кор гирифт ва на аз саркӯбсозии баҳсҳо...


Мавзӯъи то куҷо бо озодии баён мутобиқ будани интиқод аз адён ва марзи миёни озодии баён ва тавҳини дин моҳҳои ахир баҳсҳои густардаро доман задааст. Ахиран Созмони конфаронси исломӣ, ки ба он 56 кишвари мусалмоннишин шомиланд, аз тарҳи қатъномаи СММ дар бораи мубориза бо тавҳини адён ва барангехтани низоъи мазҳабӣ, аз ҷумла, дар баробари дини ислом ва мардуми мусалмон, пуштибонӣ намуд.

Тибқи гузориши Бунёди World Public Option, миёни 7 кишваре, ки хостори мамнӯъ эълон кардани нақди адён шудаанд, панҷтояш мусалмоннишинанд – дар Миср 71 дар сад, дар Покистон 62 дар сад, дар Ироқ 57 дар сад, дар Индонезӣ 49 дар сад ва дар Фаластин 54 дар сади афроди мавриди пурсиш қароргирифта хостори муҷозоти онҳое шудаанд, ки аз дин интиқод ваё зиёда аз он, динро тавҳин мекунанд.

Тасмим дар мавриди ҷилавгирӣ аз нақду тавҳини адён моҳи март дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қабул шуд ва қарор аст, ки охири соли равон мавриди баррасӣ дар Маҷмааи кулли СММ қарор бигирад. Ва аммо гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва чанд кишвари ғарбӣ, аз ҷумла, ИМА, аз тарҳи қатънома интиқод карданд ва мутмаинанд, ки ин тарҳ озодии баёнро маҳдуд месозад. Ахиран Котиби давлатии Амрико хонум Ҳилларӣ Клинтон ҳам гуфт, ки “Вашингтон мухолифи нақзи ҳуқуқҳои мазҳабӣ ва таъқиб барои афкори динист. Вале ҳар кас бояд дар мавриди қабул доштан ё надоштани дин соҳибихтиёр аст ва ба ихтилофи назар дар бораи дин бояд аз таҳаммул кор гирифт ва на аз саркӯбсозии баҳсҳо.”

Бунёди World Public Option назарпурсии худро аз 25 апрел то 9 июли соли равон миёни тақрибан 18 500 нафар сокинони 20 кишвари олам доир кардааст. Аз ҳама бештар аз нақди адён дар ИМА пуштибонӣ кардаанд – 89 дар сади афроди мавриди пурсиш қароргирифта гуфтаанд, ки нақди адён як ҷузъи озодии баён аст. Дар ин кишвар фақат 9% аз манъи нақди дин ва муҷозоти мунаққдони мазҳаб ҷонибдорӣ карданду халос. Дар Мексика ва Британия 81 дарсадӣ, дар Олмон 76%, дар Лаҳистон 68% ва дар Озарбойҷон 67% гуфтаанд, ки бояд ҳар фард барои танқиди мазҳаб имкону иҷоза дошта бошад.

Ва аммо дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар робита ба мавзӯъи мутобиқати нақди адён ба озодии баён чӣ назарҳо мавҷуданд?

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили дин мегӯяд, ки нақди дин барои Тоҷикистон чизи нав нест ва тайи даҳсолаҳо - мубориза бо дин як бахши сиёсати давлат буд: “Нақди дин, нақди диндорон, ҳатто ба масхара кашидани онҳо - ҷузъи як сиёсати давлатӣ буд ва як қишри зиёиёни моро аслан ихтисосашон ин буд, ки бояд динро танқид кунанду дар зеҳни мардуми ҷойгоҳи онро заъиф созанд ва ҳатто марказҳову хонаҳои атеизми илмӣ буданд, ки бояд таблиғи зиддидиниро ба таври расмӣ ба роҳ мемонданд ва барои ин кормандонашон моҳона ҳам мегирифтанд. Яъне, айни ҳол ҳам мо як қишре дорем, ки ба дин нигоҳи интиқодӣ дорад.”

Ва аммо, меафзояд Абдуллоҳи Раҳнамо, баъд аз эълони истиқлол ва ба вижа баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ вазъ дар Тоҷикистон тамоюл ба тағйир хурдан дорад. Айни ҳол, ки онро метавон “давраи гузариш” низ номид, дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам ҷонибдорони интиқоди рушод аз дин ва ҳам афроди пуштибон аз манъи танқиди дин зиёданд.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, солҳои ахир дар Тоҷикистон баҳсҳои шадиди марбут ба дин ҳам сурат гирифтанд, ки доғтар аз баҳси нашри
Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, коршиноси тоҷик
карикатурҳои Паёмбари ислом дар нашрияҳои Дания буданд: “Агар даҳсолаи ахир матбуоти Тоҷикистонро баррасӣ кунем, мо даҳҳо матлабҳоеро мебинем бо нақди дин ва ҳатто бо нақди басо ҳам шадид, ки ба иззати нафси диндорон мерасанд. Бигирем, мақолаи машҳуре аз Абдураҳмон Бобоев дар нашрияи “Адабиёт ва санъат”-ро ва он ҷо оварда буд, ки “Қуръон” бо китоби “Майн кампф”-и Ҳитлер монанд аст ва мардумро ба низоъву куштор даъват мекунад ё ин ки Паёмбарро бо Чингизхон қиёс карда буданд... Яъне нақди шадид дар нашрияҳо ҷой дод. Ва ҷавобҳои шадидуллаҳн буданд, манзурам, баёнияву эътирозҳои Ҳизби наҳзати исломӣ ба ин гуна матлабҳост.”

Абдулло Раҳнамо меафзояд, ки аввалан, хушбахтона ин баҳсҳо дар сатҳи баҳсҳои инфиродӣ боқӣ монданд ва ин як чизи солим аст. Яъне “ин баҳсҳо дар Тоҷикистон боиси ба хиёбонҳо рехтани ҷонибдорони ин ё он ақида ва ташкили тазоҳуроту ба оташ кашидани бинову муассисаҳо нашудаанд”.

Дар сурати рух додани ин ҳаводис , ба гуфтаи ӯ, баҳси нақди дину озодии баён канор мерафт ва мавзӯъи таъмину оромиву суботи кишвар дар мадди назар қарор мегирифт. Сониян, ба гуфтаи таҳлилгар, “ ба назар мерасад, ки дар қиёс ҳатто бо панҷ соли пеш дигар нақди дин, нақди таълимоти динӣ дар Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунад”.