Охирин зоирон вориди Саудӣ шуданд

Охирин гурӯҳи зоирони хориҷӣ вориди майдони ҳавоии Ҷиддаи Арабистони Саудӣ шуданд ва қарор аст, сар аз 23-юми ноябр роҳҳои ҳавоӣ барои ҳуҷҷоҷ баста шавад. Зоирони ба Макка расида ба адои расми ҳаҷҷи умра шурӯъ кардаанд, аммо аз рӯзи 25-уми ноябр маросими адои ҳаҷ дар Масҷид-ул-Ҳаром шурӯъ шавад.
Дар баробари беш аз панҷ ҳазор зиёраткунандаи ҳаҷ аз Тоҷикистон, дар Маккаи Муаззама имсол наздик ба се миллион нафар аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ташриф овардаанд.

Ба гуфтаи Аҷмал Турман, хабарнигори радиои Афғонистони Озод, ки ҳоло дар Арабистони Саудист, куллия зоирин бо пироҳане бо рангҳои парчами давлатӣ ба бар менамоянд, ки гувоҳи аз кадом кишвар омадан ва мансубияти миллии онҳост:

“Дар Арабистони Саудӣ аз тарафи тамоми кишварҳое, ки дар ин ҷо ҳуҷҷоҷашон барои адои маросими ҳаҷ меоянд, макотиб сохта шудаанд, ҳотелу хонаҳои алоҳида кироя шудаанд, то ки ҳоҷиён тавонанд ба сурати ором ва хуб маросими ҳаҷҷи худро пеш баранд. Ҳамчунон, дар фурудгоҳи Ҷидда тартиботе ҷорӣ шудааст, зоирони ҳар кишвар раҳнамоҳои худро доранд, парчами кишварҳо дар мавзеи алоҳида барои ҳар кишвар гузошта шудааст, ҳоҷиён зери парчами кишвари худ ҷамъ мешаванд ва бо автобусҳо ба марокизи худ мераванд…”

Сарфи назар аз хуруҷи саросарии зукоми хукӣ дар ҷаҳон, шумори зоирони ҳаҷҷ имсол коҳиш наёфтааст. Ба иттилои вазорати ҳаҷҷи Саудия, танҳо аз роҳи ҳавоӣ имсол беш аз як миллиону 140 ҳазор нафар ба қасди адои маросими ҳаҷ вориди ин кишвар шудаанд. Бад-ин тартиб, пешгӯиҳо дар мавриди эҳтимолияти коҳиши шумори зоирон ба иллати домангустарии вируси зукоми хук тасдиқ нашуданд.

Бо ин ҳол, вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ аз марги чаҳор зоири хориҷӣ бар асари гирифторӣ ба зукоми хук хабар додааст. Аз он миён ду мард аз Судону Ҳиндустон ва ду зан аз Марокашу Нигерия. Се нафари онҳо ду зани 75 ва 17-сола ва марди судонии 75-сола дар Мадина ва марди низ 75-солаи ҳинду дар Макка реҳлат кардаанд. Ба гуфтаи намояндаи вазорати беҳдошти Саудия, ҳар чаҳор нафари фавтида аз тавсияҳои тиббӣ, ки то оғози маросими ҳаҷҷ эълом шуда буданд, сарфи назар кардаанд. Манбаъ афзудааст, афроди фавтида ҳама гирифтори бемориҳои дарозмуддати қалб буда ва низ ҷисмҳои заъиф доштаанд.

Ин нахустин мавориди фавти зоирон бар асари ибтило ба вируси H1N1 дар соли ҷорӣ будааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ аз сокинон ва меҳмонони ин кишвар, ки қасди адои ҳаҷҷ доранд, ба сурати қатъӣ даъват кардаанд, ки аз яке аз бемористонҳои маҳаллӣ ваксинаи зидди вируси зукоми хук дарёфт ва эм кунанд. Вазорати беҳдошти Саудия мегӯяд, аз чораҳои хосаи зидди зукоми хук кор гирифтааст.

Аммо Аҷмал Турман, хабарнигори радиои Афғонистони Озод, мегӯяд, ба сабаби нуфузи зиёди ҳоҷиён, дасти пизишкон барои муоинаи на ҳама мерасидааст:

“Чун теъдоди ҳоҷиён бисёр зиёд аст, намешавад, ки аз ҳама гӯшаҳои Ҳарами муборак ва наздик ба ин мавзеъ дидан кард, то маросими тиббиро дид. Вале ман, ки сӯҳбате доштам бо доктор Шафиқи Самим, намояндаи вазорати ҳаҷҷи Афғонистон, вай гуфт, ки чаҳор нафар аз ҳуҷҷоҷи афғонӣ, ки вируси H1N1 дар онҳо кашф шуд, онҳо таҳти назорати духтурон қарор гирифтанд ва феълан вазъи сиҳҳатиашон мӯътадил аст ва дар маросими ҳаҷҷ ширкат хоҳанд кард…”

Бо ин вуҷуд мақомоти Саудия тавсия додаанд, ки афроди болиғ аз синни 65, кӯдакони зери синни 12 ва занони ҳомиладор, ки ҷисмашон бештар заъфпазир аст, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сироятёбиашон ба зукоми хукӣ аз вуруд ба Маккаи Муаззама худдорӣ кунанд. Вазорати беҳдошти Саудия масъулияти тақдири зоирони беморро ба дӯши мақомоти кишварҳое вогузоштааст, ки онҳоро ба ҳаҷҷ фиристодаанд.

Мақомоти беҳдоштии ҷаҳонӣ изҳори ташвиш мекунанд, ки хатари гирифторӣ ба вируси марговари зукоми хук маҳз дар маҳалли таҷаммӯи шумори зиёди мардум афзоиш меёбад.

Вазорати беҳдошти Саудия мегӯяд, бо ин замон дар миёни зоирони хориҷӣ 20 мубтало ба вируси зукоми хукро ошкор кардааст ва ҳамаи онҳо дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Дар Арабистони Саудӣ беш аз 10 ҳазор корманди ниҳоди махсуси ҳимоят аз ҳаҷҷ ба таъмини амният ҳангоми адои маросими ҳаҷҷ, ки то 29-уми ноябр идома мекунад, масъул шудаанд.

Адои ҳаҷҷ дар баробари шинохти ягонаии Худованд ва паёмбари ӯ Муҳаммад (с), адои панҷ вақт намоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва супурдани закот, - яке аз панҷ рукни асосии Ислом ҳисобида мешавад.

Барои ҳар фарди мусалмон, ки аз имкони молии адои ҳаҷҷ бархурдор аст, зиёрати Хонаи Худо, адои маросими ҳаҷҷ (ҳадди ақалл як маротиба) фарз дониста мешавад.