Интиқоди шадиди Медведев аз ҳизби Путин

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо лаҳни шадид мақомоти узви ҳизби “Русияи воҳид”-ро барои сӯиистифода аз салоҳиятҳояшон ва ба ҳам задани ҷараёнҳои демократӣ дар ҳангоми раъйдиҳии ахир дар интихоботи моҳи октябр танқид кард ва гуфт, ки онҳо бояд “ёд гиранд, ки ба таври одилона пирӯз шаванд”.
Изҳороти Медведев ҳамчун як интиқоди бесобиқа аз ҳизбе ба раҳбарии нахуствазир Владимир Путин ва шахсе, ки барои сари қудрат омадани ӯ сабаб шудааст, арзёбӣ шуд. Зимни суханрониаш дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳузури худи Путин – Медведев баъзе аз шӯъбаҳои минтақаии ин созмони сиёсиро барои истифода аз фишангҳои маъмурӣ дар ҳангоми раъйдиҳӣ танқид кард. Вай гуфт, ҳизб бояд сафи худро аз чунин афрод холӣ карда аз чунин рафтори бади сиёсӣ ҳам даст кашад.

“Мутаассифона, баъзе шӯъбаҳои минтақаии аҳзоб, аз ҷумла ҳизби “Русияи воҳид”, бояд ошкор бигӯем, ки фаъолиятҳои сиёсиро ба бозиҳои мансабталошӣ баробар мекунанд. Интихоботҳо, ки усулан бояд инъикоскунандаи раъйи мардум ва рақобати андешаву барномаҳои ҳизбӣ бошанд, дар натиҷаи чунин тақаллубкориҳо на аз ҷараёни демократӣ, балки аз манфиати сохторҳои маъмурӣ бештар шаҳодат медиҳанд. Бояд аз нафаре, ки ба чунин аъмол даст мезанад, халос шуд. Ҳамчунин аз одатҳои бади сиёсӣ низ”.

Медведев афзуд, интихобот бояд баёнгари хостҳои мардум дар рақобати озоди миёни ормонҳову барномаҳо бошад, вале дар сурати омезиш ёфтани ҷараёнҳои демократӣ ва чораҳои маъмурӣ вазъ дигар мешавад:

“Русияи воҳид” танҳо дар он сурат метавонад ба пешрафтҳои мусбат ноил шавад, ки худаш мунтазам такмил ёбад. Фикр мекунам, ин як амри табиист. Ҳизб бояд ҳамеша муосиру модерн бошад, то ки ба истилоҳ, пир нашавад, то аз ҳаёт ақиб намонад ва пайравонашро аз даст надиҳад”.

Феълан аз 450 курсии палатаи поёнии парлумони Русия 315-тоаш дар ихтиёри ҳизби “Русияи воҳид” мебошад. Аксар раҳбарони баландпояи федероливу минтақаӣ дар Русия аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд ва баъди интихобот мухолифин ин ҳизбро барои роҳ додан ба тақаллуби фаровон интиқод карданд. Дар баробари ҳизби коммунист нозирони байналмилалии интихоботӣ ва аҳзоби дигар аз натиҷаҳои интихоботи маҳаллии моҳи октябр шадидан танқид карда гуфтанд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ райъдиҳии батакрор ва тақаллуби баргаҳои раъй зиёд ба мушоҳида расидааст. Бархе мухолифин гуфтанд, ки онҳо аслан барои ширкат дар интихобот роҳ дода нашуданд ва барои таблиғи барномаҳояшон бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гардиданд. Вале дар паи интихобот ҳам Путин ва ҳам Медведев аз ҳизби “Русияи воҳид” ситоиш карда гуфтанд, мавридҳои тақаллуб ва шикоятҳо аз нақз шудани қонун ба ҳангоми раъйдиҳӣ бояд таҳқиқ шавад.

Аз мавқеи баъзе соҳибназарон, интиқоди рӯзи шанбеи Медведев бештар бояд чун кӯшиши ислоҳи мавқеи пешинаи ӯ дар робита бо интихоботи гузашта арзёбӣ шавад, на ҳамчун талоши ба чолиш кашондани обурӯву салоҳиятҳои Владимир Путин, ки назар ба пурсишҳои афкори умум дар дохили Русия ва берун аз он аз нуфузи бештар назар ба Медведев бархӯрдор мебошад. Баъди соли гузашта сари қудрат омаданаш Дмитрий Медведев талош кардааст худро ҳамчун раҳбари либерал ва пойбанди қонун муаррифӣ кунад, ки дар тафовут бо Путин бештар аз озодиву арзишҳои демократӣ пуштибонӣ мекунад. Вале бо ин вуҷуд, аксар нозирон мегӯянд, ки ин талошҳои ӯро дар амал неву дар забон мебинанд ва ҳамоно раҳбари воқеии ин кишвар Владимир Путин аст, ки ният дорад соли 2012 дубора ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишинад.

Суханронии аз ин пеши Медведев ё муроҷиати ахири ӯ ба мардуми Русияро ҳам таҳлилгарон чун талоши намоиши мустақилияти вай аз Путин арзёбӣ карданд. Вай дар ин нуқташ ба зарурати берун шудан аз вобастагӣ ба содирони нафти хому газ ва коҳиши нақши давлат дар иқтисод таъкид карда буд. Рӯзи шанбе дар суханронии худ дар анҷумани ҳизби ҳоким Владимир Путин ҳам аз ин андеша пуштиботӣ ва талошҳои Медведевро барои навсозии иқтисод ситоиш кард. Путин тааҳҳуд кард, ки ҳукумати Русия дар самти пуштибонӣ аз риштаи саноат, ки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ осеб дидааст, идома хоҳад дод.