70-умин солгарди таҷлил аз Рӯзи байнулмилалии ҳамраъии донишҷӯён, ки аз Ҷумҳурии Чехословакия оғоз шудааст, бо 20-умин солгарди инқилоби махмалин дар ин кишвар рост омадааст.
Авохири моҳи октябри соли 1939 дар Чехословакияи забтшуда аз сӯйи гурӯҳҳои фашистон, донишҷӯёни макотиби олии Прага ҳамроҳ бо устодони худ ба хиёбонҳои ин шаҳр баромаданд, то аз якумин солгарди истиқлолияти ин ҷумҳурӣ таҷлил кунанд. Аммо низомиён гирдиҳамомадагонро пароканда карда, даҳҳо нафарро ба ҳабс гирифтанд. Зимнан яке аз донишҷӯён ба қатл расид, ки баъдан маросими хоксупории ӯ мавҷи эътирозотро дар Прага барпо кард. 17-уми ноябр ишғолгарон хобгоҳҳои донишҷӯёнро ба ҳалқа гирифта, беш аз ҳазору дусад донишҷӯро боздошт ва ба зиндонҳо ирсол намуданд, нӯҳ нафар аз онҳо дар зиндон кушта шуданд. Бо фармони Гитлер тамоми макотиби олии Чехословакия то поёни ҷанг баста шуданд.
Бо гузашти ду сол аз ин ҳодисаҳо, соли 1941, дар Лондон вохӯрии байнулмилалии донишҷӯёни мубориз алайҳи фашизму миллатгароӣ доир гардид, ки он ҷо қарор шуд, ҳамасола 17-уми ноябр ҳамчун Рӯзи донишҷӯ қайд карда шавад.
Ҳамакнун 17-уми ноябр дар Чехия ва Словакия рӯзи таътили саросарӣ эълом шуда, ҳазорон пиру барно ба кӯчаву хиёбонҳои оростаи Прага баромаданд.
20 соли қабл ҳамчунин дар Чехословакия, ҳоло Чехия ва Словакия, инқилоби махмалин сар зад, ки ҳамоно кори дасти донишҷӯён хонда мешавад.
Рӯзи барҳамзании низоми коммунистиро акнун дар ин кишварҳо Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия меноманд. Рӯзи сешанбе одамон дар маркази Прага рӯйи он кӯчаҳо қадам заданд, ки 20 соли қабл донишҷӯён намоишҳои эътирозӣ мекарданд.
Ин инқилоби махмалин ҳанӯз ҷавон аст ва шояд ба ҳамин хотир чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳар сокини Прага ҳаводиси он солҳоро ба ёд дорад. Йиржи Ҳомола, яке аз ширкатдорони намоишҳои эътирозии 20 соли пеш, ба ёд меорад, ки баъди 17-уми ноябри он сол, вақте полис тазоҳуроти эътирозии донишҷӯёни чехро саркӯб кард, ба ӯ дӯстонаш телефон карда, чунин гуфтанд:
“Корро як сӯ гузор ва аз он корхонаи тангат берун шуда ба сафи мо дар инқилоб ҳамроҳ шав. Ман савори мошин шуда ба театри “Виноҳради” рафтам. Вазифаи ман тақсими варақаҳои таблиғотӣ ва ба ҷои муайян расондани ҳунарпешаҳои ширкатдори ин намоишҳо буд. Ҳамон вақт ман кори худро хотима дода корро барои инқилоб шурӯъ кардам”.
17 ноябри соли 1989. Мақомоти интизомӣ донишҷӯёни эътирозгарро дар Прага саркӯб мекарданд, аммо рӯзи оянда зиёиёну ҳунармандон аз ҷавонон дастгирӣ карданд ва инқилоби махмалин пирӯз шуд, дар ҳоле ки аллакай девори Берлин барандохта шуда буд. Ҷавонон то ҳанӯз нахустин раисҷумҳури Чех Ватслав Ҳавелро доҳии худ худ мехонанд, ки дар рӯ ба рӯи издиҳом гуфта буд: “Ҳақиқат ва муҳаббат бояд бар дурӯғу нафрат ғолиб ояд!”
Ян Сиверни, аккоси 35-солаи Чех, мегӯяд: “Ватслав Ҳавел барои ман доҳӣ аст. Бо вуҷуди иштибоҳҳои сиёсии ӯ, вай ҳанӯз ҳаст. Ман то ҳанӯз ӯро бениҳоят эҳтиром мекунам”.
Дар Прага бо гузашти 70 соли дароз аз эълони Рӯзи байнулмилалии донишҷӯён ва 20 сол аз инқилоби махмалин, донишҷӯён ин санаҳоро бо шаҳомати хос таҷлил карданд. Рӯзи донишҷӯён ҳамчунин дар ағлаби донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон ҳам ҷашн гирифта шуд. Ба фарқ аз Тоҷикистон.
Бо ин вуҷуд, ки шумораи донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон беш аз 50 ҳазор нафар ва шумораи макотиби олӣ наздик ба 40 хонда мешавад, дар ҳеҷ як донишгоҳе аз Рӯзи донишҷӯён таҷлил нашуд. Эраҷи Амон, донишҷӯи тоҷик, мегӯяд, раҳбарияти донишгоҳе, ки вай таҳсил мекунад, ҳеҷ тасмими донишҷӯёнро барои ташкил додани гирдиҳамоиҳо пуштибонӣ намекунад ва баръакс, барои ширкати онҳо дар ҳар гуна ҳамоише, ки ба мавзӯъҳои сиёсӣ рабт дорад, монеъ мешавад:
“Дар мо дигар одат шудааст, ки ҳама чиро бо фармони раисиҷумҳур анҷом диҳанд. Фикр мекунам, то он замон ки тасмими таҷлили Рӯзи байнулмилалии донишҷӯёнро худи Президент ҷонибдорӣ накунад, ҳатто ҳаминро ҳам дар донишгоҳ намегузоранд, ки бо ҳамоишҳо ҷашн гирем. Дар ҳоле ки ахиран дар хобгоҳи донишгоҳ маҳфиле ороста шуд ва ду журналисти маъруф ба вохӯрӣ даъват шуданд, раиси донишгоҳ бисёр нороҳат шуд ва бар зидди сӯҳбатҳои журналистон баромад. Магар баъд аз ин донишҷӯён чӣ коре карда метавонанд?”
Дар ҳамин ҳол, Иршод Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо таъкид ба мушкилоти зиёди марбут ба ҳуқуқу озодиҳои донишҷӯён ва умуман, ҷавонон, мегӯяд, зарурати таҷлили як чунин рӯзи хосаи донишҷӯён ва ҳамоишҳо дар Тоҷикистон пеш омадааст:
“Чунки имрӯз ҳам дар масоили ҳуқуқи донишҷӯён ва таълим дар макотиби олии Тоҷикистон, фикр мекунам, ки мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Масалан, бар асоси ҳар гуна низомномаву “тавсия”-ҳои вазорату донишгоҳҳо ҳатто ҳуқуқи донишҷӯён барои интихоби озодонаи сарулибос каме маҳдуд шудааст, ҷавонон бидуни галстук наметавонанд дар донишгоҳ ҳузур пайдо кунанд ва духтарон, масалан, либоси исломӣ ба бар кунанд. Ҳамин қабил мушкилот ҳоло зарурати ҷашнгирии санаҳое назири Рӯзи донишҷӯён асоснок мекунанд. То ки донишҷӯён тавонанд дар ҳамоишҳои худ мушкилоташонро матраҳ кунанд, аз масъулин пурсон шаванд, ки чаро чунин мушкилот вуҷуд дорад ва роҳҳал чист?”
Оқои Сулаймонӣ мегӯяд, вай низ бисёр алоқаманд аст ва гузашта аз он, орзу дорад, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳам, ба мисли ҳамсолони хориҷии худ, дар воқеъ ба як нерӯи таҳрикдиҳандаи ҷомеа бадал шаванд.