Аз Қӯрғонтеппа то Прага

Рӯзи аввал Прага шаҳри бисёр сокит ба назар менамуд. Осмон тира, чеҳраи хуршед аслан наметобад.
Мошин дар ҷодаҳо кам, одамон низ дар кӯчаҳо аҳёнан дида мешаванд. Гуфтанд, ки рӯзи шанбе аст, маъмулан рӯзҳои таътил сокинони ин шаҳр ё ба берун аз шаҳр мераванд, ба мавзеъҳое, ки лижаронӣ кардан мумкин, ё дар мавсими сармо андаруни хонаҳо истироҳат мекунанд.
Чӣ фарқе миёни ин ҷову он ҷо дидӣ? Зиндагӣ дар куҷо беҳтар аст...


Фикр кардам, дар Қӯрғонтеппаи ман ин тавр нест. Зимистону тобистон рӯзи шанбеву якшанбе беш аз ҳар рӯзи дигар мардум ба кӯчаву хиёбонҳо мерезанд. Ҳама аксаран ба ҷониби бозор мешитобанд. Кишоварзон аз навоҳии атрофи шаҳр субҳи содиқ ё ҳатто шабонгаҳ ба қасди дар бозори Қӯрғонтеппа ҷой гирифтан ба такопӯ меафтанд...

…Дурии маро аз Ватан, аз аҳли хонавода ва дӯстон интернет наздиктар месозад. Ба худ меандешам, дар саду дусад сол қабл онҳое, ки ҳазорҳо фарсах дур аз ватану пайвандон меуфтоданд, чӣ рӯзҳои сахти ғурбат доштанд. Замоне ки ҳеҷ василаи мухобирот набуд, на телефон буд, на интернет.

Ин ҷо дар тахайюлам “тарозу”-е пайдо шуд, бармекашид, қиёс мекард бардоштҳо аз воқеияти як шаҳри аврупоиро бо воқеиятҳои зодгоҳам - Қӯрғонтеппа. Ва бо ҳамин эҳсоси наздикӣ бо Ватану пайвандон, ҳамоно, ғайриинтизор, тафовутҳое ҳазоркилометрӣ кашф кардам…

Нахустин суоле, ки пас аз расиданам ба Прага дӯстони тоҷикистонӣ аз тариқи имейл аз ман карданд, ин буд: “Чӣ фарқе миёни ин ҷову он ҷо дидӣ? Зиндагӣ дар куҷо беҳтар аст?”

Ана акнун бештар сари ин савол меандешам. Мехостам, ки дар посух бигӯям: “Тақрибан ҳеҷ. Вазъи иҷтимоӣ дар Ватани мо беҳтар аст…”

Аммо маро дар рӯҳияи ростқавлӣ тарбият кардаанд…

Дар Қӯрғонтеппа ҷое барои лижаронӣ нест. Кинотеатри фаъол ҳам нест. Аммо дискоклуб ҳаст. Ба фарқ аз Прага, дар Қӯрғонтеппа кӯдакон ҳам “ҳуқуқ”-и ворид шудан ба дискоклубҳо доранд. Дар Қӯрғонтеппа барои алоқаманди дискоклуб шарт нест, ки ҳатман ба балоғат расида бошад. Ҳамчунин дар зодгоҳи ман кӯдакон метавонанд озод сигор бихаранд, бикашанд, май бихаранд, бинӯшанд…

Касе аз кӯдак намепурсад, ки сигору майро чӣ мекунад? Куҷо, ба кӣ мебарад? Волидон ҳам озод, милиса онҳоро барои беназоратии кӯдакон ҷавобгар намекунад. Милиса ҳатто дар фикраш нест. Дар Прага сигор ё май харидани ноболиғон мамнӯъст.

Кӯдакони Қӯрғонтеппа аз кӯдакони Прага пешрафтатар ҳастанд. Ҳисобу китобашон бо пул, тиҷорат карда метавонанд, меҳнат мекунанд, бештар мустақиланд дар тасмимгирӣ. Намехоҳанд – намераванд ба мактаб! Кӯдакони бинои серошёна (ба истилоҳи русӣ - дом)-и мо рӯзҳои таътил аз субҳ то нисфи шаб рӯйи ҳавлӣ бозӣ мекунанд, рӯзона хобкунӣ, китобхонӣ нест, театрравӣ нест.

Куҷо раванд дигар? Театру кинотеатр нест, паркҳо кор намекунанд, волидон дар бозор, барқ нест, ки телевизор бинанд, хона торик, китоб хонда нашавад…

Кӯдакони Прага ба истилоҳи кӯдакони мо “эркаанд”. Онҳо барои таътилу фароғат барномаҳо доранд, барқи доимӣ, компутару интернет, атраскионҳо, мавзеъҳои махсуси дилхушӣ, кинотеатрҳо бо филмҳои бачагона… Интихоби калон.

Кӯдакони Прага ба кӯдакистону мактаб бо худ нон намебаранд, ҳар ҳафта чанддонаӣ пиёзу сабзиву картошка низ…

Кӯдакони Прага то ошёнаҳои баланд обкашонӣ намекунанд. Онгуна ки ману бисёре аз дӯстони ман аз хурдӣ ин корро анҷом медодем. Дар Прага натанҳо то ошёнаҳои 3-юму 4-ум, ҳатто то ошёнаҳои аз ин баландтар ҳам об мебарояд. Барқкушӣ ҳам нест ин ҷо. Сокинони маҳаллӣ ёд надоранд, ки кай бори охир манзили онҳо бебарқу сард монда буд.

Мақомоти инҷоӣ дар ҳоле ки мардуми худашон тамоми мавсими сармо дар бебарқӣ мезиянд, нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя намефурӯшанд. Мардуми бекору бечора охирин пайсаи дар бозор коркардаашонро барои хариди шамъу чароғ сарф намекунанд, то ақаллан гирди дастурхони шомгоҳӣ чеҳраи ҳамдигарро дида, дар рӯшноӣ тановул кунанд.

Дар Қӯрғонтеппа ҳанӯз ҳам мегӯянд: “Рӯзе мерасад, ки бебарқӣ афсона мешавад…” Инро ҳатто як масъули давлатӣ гуфта буд. Агар ин тур аст, пас АФСОНА ин ҷост, дар Прага аст?

Боми биноҳои истиқоматӣ намечакад. Ҳарчанд ин ҷо ҳам аксаран хонаҳо шахсӣ шудаанд, ҳукумат ғами мардумро мехӯрад, аз ҳисоби молиёт (андозҳо) ва дигар хизматпулиҳое, ки мардум пардохт мекунад, ҳукумат мушкилиҳои маишии шаҳрвандонро ҳал месозад.

Ин ҳама дар ҳоле, ки дар Прага шумораи хонаҳои истиқоматӣ хеле ва хеле зиёдтар аст назар ба Қӯрғонтеппаи ман. Фарқ яке: агар дар ин ҷо пайдо кардани бинои бисёрошёнае, ки бомаш намечакад, мушкил бошад, дар зодгоҳи ман хонаи бомаш намечакидагӣ ёфтан амри маҳол аст…

Зимистони ин ҷо сард нест, ҳарчанд дар телевизор хабар медиҳанд, ки Тоҷикистон гармтар аз Чех аст. Ман худро зимистон дар панҷум ошёна, ки бомаш мечакаду газу барқаш нест, батареяҳо аслан кор намекунанд, бештар сармохӯрда ҳис мекунам, назар ба ин ҷо. Бомро, ки таъмир кардӣ, як сол мепояд, соли дигар боз ҳамон аҳвол. Ҳамсояам пул надорад, ки бомашро таъмир кунад, то оби барфу борон ба боми мо нагузарад…

Барои бачаҳои “замони нав” дар Қӯрғонтеппа ҳатто мафҳуми “батареяи гармидиҳӣ” бегона аст. Кӯдакони мо намедонанд, ки хона бояд аз тариқи батареяҳои танаи девор гарм шавад. Аз куҷо донанд? Вақте мардуми ноумед (шояд аз қаҳру ғазаб ё алами дил) он батареяҳоро батамом канда партофтаанд. Гӯё онҳо медонанд, ки дигар ба ин батареяи хонаҳо гармӣ намеояд. ТЭТС-и Қӯрғон “хоб” аст…

Пеши даромадгоҳи хонаҳо пайи хокистари дегдонҳо нест, мардум ба сабаби бебарқию бегазӣ дар кӯча нону таом намепазанд. Ин ҷо мисли ҳамсояҳои ман чанд хонавода, подъезд ба подъезд, якҷоя пиёзу картошка ё биринҷу сабзӣ ҷамъ оварда, хӯрок таҳия намекунанд, то ҳезум захира шавад: Худо медонад, ки барқу газ кай меояд, бояд ҳезум “эконом” шавад…

Аҷоиб, ки дар Прага танӯр ҳам дида намешавад дар пеши ҳар як бино…

Дар ҳеҷ як хиёбони калони Прага партовгоҳи 6-ҳектораро надидам, ба фарқ аз зодгоҳи ман. Ва замини ҳеҷ як партовгоҳи ифлосу ба саломатӣ зараровар барои истифодаи мардум фурӯхта нашудааст.

Ҳар бинои истиқоматӣ қуттиҳои партобии худро дорад ва ҳар субҳи душанбе маро садои мошине, ки барои гирифтани он партоб меояд, аз хоб бедор мекунад. Ин ҷо касе аз пур шудани партобгоҳи маҳалла ва як ҳафтаву даҳ рӯз наомадани мошинҳои партобғундор шикоят намекунад. Касе наметарсад, ки хонаводааш аз бӯйи ғализи партоби ғуншуда метавонад мубтало ба бемориҳои сироятӣ шавад. Ҷӯйҳои обгузари шаҳр аз ифлосӣ маҳкам нест, оби ифлосу сиёҳлой ҳам ҷамъ нашудааст, ба машоми роҳгузарон бӯйи бад намерасад.

Ба фарқ аз Қӯрғонтеппа, 60 дар сади хадамоти ёрирасони Прага фалаҷ нашудааст ва кори бисёре аз бахшҳои шаҳрдорӣ, мисли хизматрасонии маишиву коммуналӣ, таъмини барқу газ заифу номуассир хонда намешавад.

Вале бо ин ҳама, Қӯрғонтеппаи ман зӯртар аст. Чаро?

Агар нақлиётӣ ҷамъиятӣ мебуд, автобусу минибусҳо мебуданд, одамон дар Қӯрғонтеппа аз хизмати таксӣ бар ивази як сомонӣ (25 сенти амрикоӣ) истифода карда наметавонистанд.

Агар об то ошёнаҳои баланди хонаҳо мебаромад, кӯдакони мо ҳар рӯз бо обкашонӣ машқи бадан намекарданд.

Агар барқ ҳеҷ гоҳе хомӯш намешуд, бонувони мо қадри вақт намедонистанд ва ҳар гоҳе, ки мехостанд, умури хонаводаиро анҷом медоданд.

Агар бомҳоямон намечакид, аслан ёди ҳукумату шаҳрдорон намекардем.

Агар газ ҳамеша мебуду батареяи хонаҳо кор мекард, одамон худро ба бозор намезаданд, ҳама танбал мешуданд.

…Лекин аҷиб, чаро прагагиҳо бо ин ҳама шароит танбал нашуданд?