Зоиров боз ҳам таъхири интихоботро хост

Раиси ҲСДТ, гуфт, қатъи назар аз «меъёрҳои зиддиқонунӣ ва гаронии гаравпулӣ» ҳизбаш дар ҳар ду ҳавзаи интихоботии Бадахшон номзад пешниҳод хоҳад кард.
Раҳматилло Зойиров баён дошт, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар манотиқи шарқу шимоли кишвар ва маркази ҷумҳурӣ ҷонибдорони бештар дошта, онҳо аз имконияти ҳизб дар ин манотиқ дар мавриди вориди сабқат шудан дар ҳавзаҳои интихоботии якмандата истифода мекунанд.

Раҳматилло Зойиров гуфт, аммо дар ҷараёни сафар ба Бадахшон ва бо дидани сардии ҳаво бори дигар ба дурустии тасмимаш дар мавриди гузаронидани интихобот аз фасли зимистон ба баҳор боварӣ ҳосил кардааст.

Ӯ афзуд, ба хотири мушкилоти ҳамлу нақл, ҷилавгирӣ аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳифзи саломатии иштирокдорони сабқат аз таъсири сардиҳои зимистон ҳукумат бояд тасмими гузаронидани интихоботи парлумониро дар фасли баҳор ҷонибдорӣ кунад. Раиси ҲСДТ гуфт, барои қабули қарор дар мавриди гузаронидани интихобот ба вақти дигар ҳанӯз вақти кофӣ дар даст аст.

Қаблан, намояндагони ҲНИТ ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар Бадахшон дар як нишаст марбут ба интихоботи ояндаи парлумонӣ бо шикоят аз мушкилоти фасли зимистон хостори баргузории интихобот дар фаслҳои гармтар шуданд. Аммо ахиран раиси коммунистон Шодӣ Шабдолов дар гуфтугу бо хабаргузориҳо таклифи ба вақти дигар гузаронидани интихоботро бо назардошти мушкилоти мавҷуд амри мантиқӣ, вале хилофи меъёрҳои конститутсионӣ арзёбӣ намуд.

Вале Раҳматилло Зойиров мегӯяд, Сарқонун мӯҳлати фаъолияти Маҷлиси намояндагонро муайян кардааст, на вақт ва рӯзи баргузории интихоботи онро.

Аммо намояндаи ҲХДТ Ақдодхон Муродалиев, бинобар беҳтар шудани авзоъи иқтисодиву иҷтимоӣ зимистонро мувофиқтарин фасл барои баргузории интихоботи парлумонӣ мешуморад ва мегӯяд, зарурате барои тамдиди ваколати намояндагони парлумон намебинад.

Раиси ҲСДТ парлумонро муттаҳам кард, ки ягона ниҳоде мебошад, ки бар хилофи кодекси меҳнат пас аз се моҳи кор ба рухсатӣ мебарояд. Зойиров афзуд, ба манзури ба тақвими корӣ мутобиқ сохтани фаъолияти парлумон дар оянда рӯзи 6-уми ноябр ҳамроҳ бо интихоботи президентӣ баргузор намудани интихоботи парлумониро ба мақсад мувофиқ мешуморад.