Амрико ва рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ

Мақоми аршади ИМА мегӯяд, кишвараш мехоҳад, аз тавонмандиҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар таҳкими амният ва рушди иқтисодии Афғонистон истифода кунад.
Майкл Деланӣ, ёвари вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ба Бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти моҳи гузашта дар Вашингтон, ки дар он панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат варзида, намояндаи Афғонистон дар он ба ҳайси нозир ҳузур дошт, оғози як барномаи дарозмуддатест, ки ҳадафаш аз тариқи тиҷорат таҳким додани амният ва рушди ҳамкориҳои минтақаӣ мебошад.
Ба бовари мо, ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар робита ба корҳое, ки мо мехоҳем дар Афғонистон бикунем, манфиати зиёду муштараки ҳаётан муҳим доранд ва мо фикр мекунем, онҳо метавонанд, дар пешбурди аҳдофи мо дар ҳарсе бахше, ки номбар кардам, нақши ҳаётан муҳим бозанд...


Вай афзуд, ҳукумати кишвараш аз натиҷаҳои ин ҳамоиш қаноатманд аст ва ҳоло ба баррасии тарҳҳои муайяни муштарак пардохтааст.

Бо вуҷуди ин, Майкл Деланӣ вазъи имрӯзаи тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодиро дар минтақа ва ҳамчунин равобити тиҷоратии давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иёлоти Муттаҳида мӯътадил номида, мегӯяд, барномаи нав имкон хоҳад дод, ҳамкорӣ ба нафъи ҳамаи тарафҳо густариш дода шавад.

То ҳамоиши Вашингтон Амрико бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон барномаҳои ҷудогонаи тиҷорат ва сармоягузориро ба тасвиб расонда буд. Акнун, ба гуфтаи Деланӣ, як барномаи умумӣ таҳия шудааст, ки ба манзара ё биниши минтақаӣ роҳ мекушояд.

Андешаи чунин барномаи куллӣ замоне ба миён омад, ки Иёлоти Муттаҳида бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди интиқоли молу муҳимот барои нерӯҳои худ дар Афғонистон ба созиш расид. Ёвари вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ афзуд, аз он ҷо ки кишвараш хостори таҳкими амният дар Афғонистон, бунёди ҷомеаи бозу шаҳрвандӣ дар ин ҷо ва шукуфоии иқтисодии Афғонистон аст, кишварҳои Осиёи Марказиро низ ба ин умур ҷалб мекунад.

Вай гуфт: "Ба бовари мо, ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар робита ба корҳое, ки мо мехоҳем дар Афғонистон бикунем, манфиати зиёду муштараки ҳаётан муҳим доранд ва мо фикр мекунем, онҳо метавонанд, дар пешбурди аҳдофи мо дар ҳарсе бахше, ки номбар кардам, нақши ҳаётан муҳим бозанд."

Дар гуфтугӯ бо Майкл Деланӣ, ёвари вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз ӯ дар мавриди Тоҷикистон низ суол кардем. Ба вижа назари мақомоти Амрикоро ба талошҳои Душанбе дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун пурсидем, ки дар сурати сохта шуданаш, судури нерӯи барқро ба Афғонистон ва Покистон мумкин мегардонад.

Деланӣ дар посух гуфт: "Ин тарҳҳои обу энержӣ имкониятҳои азиме доранд, вале дар айни замон харҷи онҳо низ хеле ва хеле зиёд аст. Ва мо ниёз ба ин дорем, ки чӣ гуна сармоягузориҳои хориҷиро бояд пайдо кард ва ҳамин барномае, ки дар Вашингтон баҳс кардем, беҳтарин механизм аст, барои ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ёфтани роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои беруна барои амалӣ намудани лоиҳаҳои обу энержӣ."

Ҳамзамон, ёвари вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фасодро яке аз монеаҳои асосии иҷрои созишҳои нав мешуморад ва таъкид мекунад, ҳамаи ҳукуматҳои минтақа бояд фасодро душмани асосии рушду шукуфоии худ шинохта, тамоми нерӯ ва имкониятҳои худро ба решакан кардани фасод равона созанд.

Вай меафзояд, ҳукумати Амрико аз ҷониби худ тамоми корро хоҳад кард, ки аз ҳама гуна падидаҳои фасод дар ин ҳамкориҳо ҷилавгирӣ карда, манфиати ҷомеа ва ҳуқуқи коргарро дар сархатти талошҳои худ қарор диҳад: "Фасод буғикунандаи тиҷорат ва сармоягузорист ва мустақиман ба сатҳи зиндагии одамон таъсир мегузорад, сатҳи зиндагиро поён мебарад. Хуллас, фасод нигаронии асосии мо дар робита ба рушди тиҷорат аст."

Майкл Деланӣ, ёвари вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба ин низ ишора кард, ки равобит байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳанӯз бар пояе нест, ки ба рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ кӯмак кунад.

Вай ин ҳолатро як ҳассосияте ба гузаштаи шӯравии ин кишварҳо номид ва изҳори умедворӣ кард, ки он падидаи муваққатӣ буда, бо аввалин дастовард ва баҳраварии кишварҳо аз ҳамкориҳои минтақаӣ фазои равобит байни онҳо тағйир хоҳад кард.