Нахустин ҳамоиши тоҷирони Чину Тоҷикистон

Дар ҷараёни нахустин ҳамоиши тоҷирони Чину Тоҷикистон дар Душанбе нахустин қарордод миёни ширкати дастгоҳсозии Пекин ва «Тоҷиктрансгаз» имзо шуд.
У Хайюӣ, дабири кулли Ассотсиатсияи ҳамкориҳои Чину Аврупо, ки масъулияти ҳайати чиниро бар ӯҳда дошт, дар бораи ин қарордод гуфт, ин қарордод барои ворид кардани ҳисобкунакҳои газии сохти чинӣ ба имзо расидааст.

Идрис Аҳмадов, муовини раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз», гуфт, ки бар асоси ин қарордод дар оянда қарордодҳои дигар дар бораи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши тавлиди дастгоҳҳои саноатии истихроҷ ва интиқоли газ, имзо хоҳад шуд.

Мо ба Тоҷикистон дар бахши роҳсозӣ грантҳо ироа кардем. Аз ҷумла мо дар Тоҷикистон нерӯгоҳи ҳароратӣ месозем, роҳҳоро таъмир мекунем ва тасмим дорем роҳи оҳан низ бунёд созем ...
Ба гуфтаи Абдуғаффор Раҳмонов, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ҳайати тоҷирон ва раҳбарони корхонаҳои Тоҷикистон дар ин ҳамоишро бар уҳда дошт, ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар ин нишаст ширкат доранд.

Ҷаноби Раҳмонов дар ҷавоб ба суоли мо дар мавриди он, ки ба қавли бархе аз коршиносон Чин бештар ба бозорёбӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дорад ва дар бораи сармоягузорӣ дар бахши саноат алоқамандӣ зоҳир намекунад, гуфт, «ҳадафи мо ин аст, ки мо бо Чин дар бахши воқеии истеҳсолоти саноатӣ, сохтмони зербинои кишвар ҳамкорӣ кунем».

Ҳамин суолро дар гуфтугӯ бо У Хайюӣ, муовини президент ва дабири кулли Ассотсиатсияи ҳамкориҳои Чину Аврупо, дар миён гузоштем. Ҷаноби Хайюӣ иддаоҳоро дар бораи он ки гӯё Чин танҳо дар бораи арзаи колоҳои худ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон талош мекунад, рад кард.

Вай гуфт, «мо барои ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо талош мекунем ва шароит низ фароҳам месозем. Дар сурате ки ин ҳамкориҳо барои ҳарду ҷониб муфид бошад. Барои мисол, мо ба Тоҷикистон дар бахши роҳсозӣ грантҳо ироа кардем. Аз ҷумла мо дар Тоҷикистон нерӯгоҳи ҳароратӣ месозем, роҳҳоро таъмин мекунем ва тасмим дорем роҳи оҳан низ бунёд кунем».

Ҷаноби Хайюӣ афзуд, Чин дар чорчуби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узв 10 миллиард доллар ихтисос додааст. Дар сурате, ки дар бораи иҷрои ин тарҳҳо миёни Чину Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шавад, тарҳҳои пешниҳодии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард долларро дар бар хоҳад гирифт.