Боз як ҷашни нави давлатӣ - Рӯзи Парчам

Порлумони Тоҷикистон чун ҳамеша пешниҳоди навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба як овоз дастгирӣ карду аз ин ба баъд ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии ин кишвар таҷлил хоҳад шуд.
Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, яке аз нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мегардад ва калимаи “парчам” бо ҳарфи калон навишта шудааст.

То ин замон ҳеҷ як таъриф ё тафсири расмии рангҳои парчами давлатӣ (дар Тоҷикистон) вуҷуд надорад ...
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи пешниҳоди раисиҷумҳур барои таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ гуфтааст, “мо бояд Парчамро ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат эҳтиром намоем ва қадршиносӣ кунем. Рӯзи қабули Парчами давлатӣ барои мо бояд ҳамчун рӯзи ҷашн ва иди умумимиллӣ бошад”.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар соли 1992 аз сӯйи Шӯрои Олӣ қабул шуда, аз рангҳои сурх (аз боло), сафед (дар миён), сабз (дар поён) ва тоҷу ҳафт ситора иборат аст.

То ин замон ҳеҷ як таъриф ё тафсири расмии рангҳои Парчами давлатӣ вуҷуд надорад. Ва аммо таҳиягаронаш мегӯянд, зимни омодасозии он асосҳои таърихӣ ва рамзҳои собиқи давлатдории тоҷикон ба инобат гирифта шудааст.

Хати сабзи парчам ишора ба водиҳои сабзпӯш мекунад, ки ҳамагӣ ҳафт дарсади масоҳати умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин рамзи сарзамини кишварзӣ ва низ кишваре, ки аксари куллӣ аҳолӣ пайрави Ислом ҳастанд. Ранги сафед ба маънои сарвати аслии кишвар – пахта ва ҳамчунин фаровонии барфу яхпораҳои кӯҳҳои баланд омадааст, ки 93 фисади кишварро фаро гирифтааст. Ранги сурх – бозгӯкунандаи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо, ҷоннисориҳои мардум (дар гузашта) ба хотири ҳифзи марзу бум.
Сурх – рамзи бахт, осудагӣ ва шодӣ;
Сафед – озодагиву шаффофият;
Сабз – ҷавонию шукуфоӣ.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, дар мавриди тоҷу ҳафт ситораи рӯйи хати сафеди парчам гуфта мешавад, ки ин ду гувоҳи мустақилият ва дунявияти давлат аст.
Муаллифони парчам нахуст мегуфтанд, ки ҳафт ахтар нишони эҳтиром ба ҳафт шоири бузурги тоҷику форс аст, аммо феълан шореҳони дигар фарзияи содатаре пеш меоранд: гӯё ин ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ифода мекунанд, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон, Бадахшон…

Аз досу болға ба ахтару тоҷ

Парчами Тоҷикистон серангаи сурху сафеду сабзи парчами Тоҷикистони шӯравии сотсиалистиро такрор мекунад ва низ ҳамрангу шабеҳи парчами Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Парчами Тоҷикистон серангаи сурху сафеду сабзи парчами Тоҷикистони шӯравиро такрор мекунад ва низ ҳамрангу шабеҳи парчами Ҷумҳурии исломии Эрон аст ...
Тоҷикон дар тӯли таърих дирафши бисёру гуногуне доштанд. Вале дар ин миён парчами Аморати Бухоро ҷолибтар ба назар мерасад. Соли қабули ин парчам аниқ нест. Он аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда буд. Дар канори чапи рӯйи хати сабз як ҷумла ба хати арабиасос дида мешуд: “Султон сояи Оллоҳ дар рӯйи замин аст”.

Пас аз фурӯпошии Аморати Бухоро, соли 1921-ум Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро таъсис ёфт ва парчами нави ин кишвар низ қабул шуд. Аммо вай аз парчами Аморати Бухоро ба таври куллӣ фарқ намекард. Айнан ҳамон рангҳо ва моҳу ситора, аммо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон – сояи Оллоҳ дар рӯйи замин” чор ҳарф “Б.Н.С.Р” ҷой дода шуд, ки кӯтоҳшудаи “Бухарская Народная Советская Республика” аст. Пас аз се соли дигар аз нимаи сабзранги парчамро ҳам даст кашиданд ва ҳама якранг – сурх шуд.

Бо таъсиси ҷумҳурии автономӣ ва баъдан ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1924-1929, парчами кишвар ҳамоно саропо сурхранг буд, аммо дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ - “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифт.

Пас аз ин парчами Тоҷикистон дар соли 1953-юм тағйир хӯрд. Ин дафъа сохтораш нисбатан содатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз. Дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин тарҳи охирин парчами Тоҷикистони Шӯравӣ буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ кард.

Феълан тартиби таҳия ва истифодаи Парчами давлатии Тоҷикистон тибқи Қонун “Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ” танзим карда мешавад.

Парчамҳои «беҷашн» ва «ҷашндор»

Бо ин ҳама, на дар ҳама кишварҳои ҷаҳон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Далел ин аст, ки мегӯянд, барои ҳифзу гиромидошти парчам зарур нест, ки як гуна ҷашну иде эълон шавад.

На дар ҳама кишварҳои ҷаҳон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Далел ин аст, ки мегӯянд, барои ҳифзу гиромидошти парчам зарур нест, ки як гуна ҷашну иде эълон шавад ...
Дар ҷаҳон қонуну кодексҳои алоҳидае ҳастанд, ки таъкид ба эҳтироми парчам карда, наҳваи истифодаи онро таъин кардаанд. Масалан, дар Амрико Кодекси Парчам мегӯяд, ки “парчами ИМА рами муҳимми давлат аст”. Аммо барои истифодаи нодурусти парчам ва ҳатто қасдан сӯхтани он ба нишони эътироз ё мисли ин ҷавобгарии ҷиноятиву маъмурӣ пешбинӣ нашудааст.

Парчами Амрико бояд рӯзона, аз тулӯъ то ғуруби офтоб дар баландии биноҳо овехта шавад, агар шабона рӯшноӣ бошад, низ мумкин аст. Ин гуна қоида ҳа ҳаст, ки агар парчами Амрико дар миёни дирафши кишварҳои дигар бошад, бояд ҷойгоҳе баландтаре дода шавад, пеш аз дигар парчамҳо бардошта ва баъд аз ҳама поин шавад. Шаҳрвандони Амрико ҳангоми боло шудани парчами кишвар бояд аз ҷой бархезанд, сарпӯши худро бадар ва рӯ ба ҷониби парчам кунанд ва дасти рост болои дил гузоранд.

Вале дар Русия то як соли ахир истифодаи парчам аз ҷониби шаҳрвандони қаторӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ комилан мамнӯъ буд. Аммо порлумони Русия соли 2008 ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуда, истифодаи парчамро барои ҳама мумкин кард. Аммо дар ин кишвар шаҳрвандони болиғ аз 16-сола барои беэҳтиромӣ нисбат ба парчам метавонанд то як сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Дар Туркманистон нисбат ба парчами давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Тайи 15 соли ахир 19 феврал Рӯзи парчами давлатии Туркманистон бо шукӯҳу шаомати хоса таҷлил шуда, ин рӯз расман таътил эълон шудааст. Рӯзи парчами давлаӣ дар ин кишвар бо рӯзи таваллуди раисҷумҳури собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) мувофиқ омадааст (ё шояд мувофиқ кардаанд). Вале беҳурматӣ нисбат ба парчами давлатӣ дар ин кишвар муҷозоти ҷиноӣ дар пай доштааст.

Ва аммо дар Тоҷикистон имсол 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатиро, ки ид эълон шудааст, дар шароити корӣ таҷлил мекунанд. Ба фарқ аз Туркманистон, дар Тоҷикистон Рӯзи Парчам рӯзи таътил нест, он гуна ки, ғолибан, кормандони идораҳои давлатӣ интизор доштанд.