Дар як амалиёти вижа алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Карочии Покистон ҳамроҳ бо даҳҳо шаҳрванди хориҷӣ се тоҷик низ боздошт шудаанд.
Мақомоти полиси Қарочӣ гуфтаанд, ки ин се танро дар масҷиди Низомободи Шимолӣ бо он далел дастгир кардаанд, ки санадҳои қонунӣ барои будубош дар Покистонро надоштанд. Ҳангоми боздошт онҳо худро Муҳаммад Бахтиёр, Абдулҳай ва Абдулбоқир муаррифӣ кардаанд.
Мухтор Шарифов, консули Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар бораи боздошти тоҷикон аз расонаҳои Покистон хабар ёфтанд ва аммо ҳанӯз номаи расмии Вазорати умури хориҷӣ ё дигар ниҳоди ин кишварро дарёфт накардаанд: “Тибқи қоида мақомоти кишвар бояд ба мо дар ин бора расман хабар диҳанд, ки онҳо шаҳрвандони моянд ё тоҷикони Афғонистон. Аз куҷо будани онҳо ҳанӯз маълум нест. Баъде, ки онҳо моро расман дар ҷараён мегузоранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, мо бо онҳо вомехӯрем, мушаххас мекунем, ки сабаби боздошт чист, онҳо чӣ гуна ба ин ҷо омадаанд, мақсадашон чист. Агар аз тарафи ҳукумат хабар дарёфт накунем, мо худамон дархост мефиристем, ки дар расонаҳои шумо ҳамин хел хабар дода шудааст ва кистанд ин афроди боздоштшуда? Ҳамин қадар хабар аст. Хориҷиҳо бисёр боздошт шудаанд, аз ҷумла, 50 тан аз афғонҳо боздоштшудаанд ва се тоҷик.”
Мухтор Шарифов ҳамчунин гуфт, ки то ҳол алайҳи ин се нафар ягон иттиҳом эълом нашудааст. Аз ӯ суол кардем, ки оё аз ин пеш дар Покистон ягон шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм боздошт шуда буд?
Ӯ мегӯяд, ки “на, бо айби терроризм ягон кас боздошт нашудаст. Вале дигар ҳодисаҳо бисёр буданд, ба ин ҷо беҳуҷҷат. бе раводид ва шиноснома меоянд ва ҳамроҳ бо мо онҳоро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Лекин бо иттиҳоми терроризм... на, ин хел ҳодисаҳо набуд.”
Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Исломобод бо масъулини хадамоти амниятии Покистон ва ҳамчунин бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, дидору гуфтугӯ дошт.
Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Хайриддин Абдураҳимов дар музокирот бо ҳамтои покистонии худ – раҳбари Хадамоти амниятии ин кишвар асосан масоили марбут ба таъмини амнияту субот дар минтақаро баҳсу муҳокима кардааст.
Сафири Тоҷикистон афзуд, Хайриддин Абдураҳимов дар мулоқот бо раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ вз дидору гуфтугӯҳои муфид бо ҳамкасбони покистонияш ҳарф зад ва гуфт, онҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухадир ва ифротгароиро идома медиҳанд.