Муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилот ва роҳҳои ҳалли мавзуи нишасти дурӯзаи байналмилалие буд, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Меҳмони нишаст, профессори амрикоӣ Катрин Андерсон гуфт, ҳарчанд тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол то сол шакл гирифта, ба ин минвол қишре аз ҷомеаи ин кишварҳо аз вартаи рӯзгори фақрафзо раҳо меёбанд, аммо сатҳи зиндагӣ ва ояндаи ин қишр чандон рӯшан нест. Вай афзуд, ки дар қатори падарон, яъне саробони оилаҳо модарон ҳам роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, ки ин барои занҳо машаққати зиёд аст.
Хонум Андерсон мегӯяд, «вақте падарон ба муҳоҷират мераванд, фарзандонашон бе тарбия мемонанд. Ин як омили манфӣ барои ояндаи фарзандон аст, ки пасфардо худи ин фарзандон ҳам роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Занҳо ҳам ин роҳро пеш гирифтаанд. Мардон он маблағе, ки ба даст меоранд тиҷорат ва ё ягон машғулияти дигарро ба роҳ монда наметавонанд, чунки барномаҳои махсуси фаҳмондадиҳӣ барои муҳоҷирон бо мақсади он, ки маблағро барои тиҷорат ва ё таълими кӯдакони хеш сарф кунанд, назаррас нест».
Хонум Катрин афзуд, ки ҳарчанд муҳоҷирон барои рӯзгузаронии имрӯзаи хеш бештар маблағ касб мекунанд, аммо барои ояндаи худ ва фарзандонашон барномарезии мушаххас надоранд. Ва агар ин раванд тағйир наёбад ва барномаҳои вижаи иқтисодӣ барои муҳоҷирон роҳандозӣ нашавад, дар оянда муҳоҷирон на барои худ ва на барои давлатҳояшон кӯмаки иқтисодӣ карда метавонанд. Ҳар сол муҳоҷирон ба кишварҳояшон маблағи зиёд мефиристанд ва давлатҳо ҳам бояд барои баргардонидани муҳоҷирон ва шароити иҷтимоии онҳо масъулият ҳис кунанд.
Алишер Ёрбобоев, мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, воқеият ин аст, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вориди бозори меҳнати Русия шуда, асосан ба корҳое машғул мешаванд, ки худи шаҳрвандони Русия аз иҷрои чунин корҳо сарфи назар мекунанд. Вале он оморе, ки бештар дар матбуоти Русия дар бораи ҷинояткории муҳоҷирони тоҷик пахш мешавад, аз воқеият дур аст.
Ҷаноби Ёрбобоев меафзояд, ки вақтҳои охир ҳам матбуоти Русия дар бораи даст доштани муҳоҷирони тоҷик ба қочоқи маводи мухаддир низ матолиби бештар нашр намуда, аз чеҳари муҳоҷирони тоҷик қаҳрамони манфӣ метарошанд. Ҳоло он ки рафти санҷишҳо нишон додаанд, ки дар ин кор на танҳо тоҷикон, балки дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам даст доранд, вале танҳо аз номи миллати тоҷик бештар ёд мешавад.
Вай гуфт, «барои мисол соли 2007 дар Русия беш аз аз 200 ҳазор қочоқи маводи мухаддир содир карда шудааст. Аз ин ҳисоб танҳо, 0,2 дарсадаш намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Яъне на ин ки тоҷикон , дигар миллатҳо ҳам содир кардаанд».
Ҷавлон Ҳамдамов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Сафарбаркунии ҷомеа» дар минтақаи Хатлон, пешниҳоди иштирокчиён дар мавриди роҳандозии барномаҳои навро мусбат хонд. Ба гуфти Ҷавлон Ҳамдамов, набояд муҳоҷирон танҳо таъминкунандаи иқтисодии хонаводаҳояшон бошанд, ҳамчунин бояд ба онҳо тавсия дода шавад, ки аз ин маблағ барои тарбияи фарзандон ва сармояи хеш истифода кунанд. То фарзандонашон боз аз паси падарон роҳи муҳоҷиратро пеш нагиранд ва худи падарон ҳам солҳо дар муҳоҷират набошанд.
Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки маблағҳои интиқолӣ, ки 40 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилиро дар соли 2008 ташкил кардаанд, имкониятро барои инкишофёбии манотиқи кӯҳистон пешниҳод мекунанд. Аммо аз натиҷаи тадқиқотҳои дар мавриди муҳоҷирати меҳнати гузаронидашуда, маълум шудааст, ки сарфи назар аз он, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар иқтисодиёти кишварҳо саҳми калон мегузорад, аммо то ҳанӯз манбаи бузурги пасапардохтхҳо ва бо ҳамин васила сарчашмаи рушди соҳибкории хурд ва миёна нагаштааст.
Ин аст ки на худи муҳоҷирон ва на давлатҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқиии онҳо, таъмини шароити шоиста ба ин нерӯ, роҳандозии барномаи вижа барои истифодаи маблағҳои онҳо ва дар ҷиҳати дар бахши иқтисоди ба онҳо кумак расонидан, иқдоми назаррасе анҷом надодаанд. Дар ин ҳамоиш намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, сохторҳои марбутаи давлатӣ, коршиносон аз Амрико, Олмон, Русия ва Осиёи Марказӣ иштирок карданд.