Кеннет Гросс, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, имрӯз эътиборномаи худ ба ин мақомро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон супорид.
Дар ҷараёни дидор ва мулоқоти сафири нави Амрико ба президенти Тоҷикистон, ки беш аз якуним соат тӯл кашид, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақа, вазъ дар Афғонистон ва ҳамчунин омодагиҳо ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки қарор аст дар моҳи феврали соли 2010 баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Кеннет Гросс, сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, сатҳи равобит миёни кишвараш бо Тоҷикистонро мусбат ва бо самар арзёбӣ мекунад. Оқои Кеннет баъди дидор ва мулоқот бо президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кард. Вай гуфт тайи замони адои масъулияташ талош хоҳад кард, ки равобити Вашингтону Душанбе густариши бештар пайдо кунад.
Вай афзуд ба се масъала - масъалаи таъмини амният ва субот, махсусан таҳкими марзи беш аз 1400-километраи Тоҷикистон бо Афғонистон, мусоид кардани иқлими сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими равандҳои низоми демократӣ ва устувории ҷомеаи маданӣ ва ба вижа барои баргузории интихоботи дар пешистодаи порлумонӣ дар Тоҷикистон - авлавият хоҳад дод.
Сафири Амрико дар посух ба саволи радиои Озодӣ, ки оё барои баргузории интихоботи шаффофу мунсифонаи порлумонии Тоҷикистон кадом барномаҳоеро дар назар гирифтааст, гуфт, якҷо бо ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ ба иҷрои барномаҳое дар ин замина хоҳанд пардохт:
Ӯ мегӯяд «мо ният дорем, ки ин интихобот шаффоф, мунсифона ва озод баргузор шавад. Ва ҳама номзадҳои аҳзоби сиёсӣ шароити баробар барои таблиғ ва ташвиқи барномаҳояшонро дошта бошанд. Мо ҳамчунин қасд дорем, барои Комиссияи марказии интихобот ва комиссиюнҳои маҳаллӣ давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати баргузории як ин интихоботи мутобиқ бо меъёрҳои байнулмилалӣ доир кунем».
Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик тақвият ва таҳкими ҳузури Амрико дар Тоҷикистонро барои устувории истиқлоли кишвар, эътидол ва тавозуни сиёсатҳои геостратегии кишварҳои абарқудрат дар минтақа муҳим ва боаҳамият арзёбӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, мегӯянд ин коршиносон, ба тафовут аз кишварҳои дигари минтақа равобити Тоҷикистон ва Амрико то ба имрӯз дучори кадом мушкил нашудааст.
Рашид Ғанӣ, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, баъди касби истиқлол чаҳор кишвар - Русия, Чин, Эрон ва Амрико - барои Тоҷикистон ба шарикони муҳим ва асосӣ табдил ёфтаанд. Оқои Ғанӣ гуфт, бо онки Амрико дар чаҳорчӯби барномаҳои мухталиф бо давлати Тоҷикистон ҳамкории хуберо роҳандозӣ кардааст, ҳамчунин дар доираи созмонҳои молии байнулмилалие, чун Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Сандуқи байналмилалии пул, сармояи бештареро ба иқтисоди Тоҷикистон вогузор мекунад.
Ба гуфтаи коршинос, афзун бар ин Амрико бо таваҷҷӯҳ ба вазъи Афғонистон ва ҳамҷавории Тоҷикистон бо ин кишвар дар оянда низ ҳамкориҳои бештареро бо Тоҷикистон хоҳад дошт.
Зимнан сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон низ аз ҳамкориҳои Тоҷикистон барои таҳкими субот ва оромиш дар Афғонистон изҳори қадрдонӣ кард. Оқои Гросс гуфт, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари муҳим ва шарики боэътимод дар амри барқарорсозии субот ва амният дар Афғонистон барои Амрико муҳим хонда мешавад.
Амрико нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва сафоратхонаи худ дар Душанберо боз кард. Ҳоло Амрико ба яке аз кишварҳои асосии кӯмакунандаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Танҳо кӯмакҳои билоивази ин кишвар дар ин муддат аз 1 миллиард доллар бештар шудааст.
Кеннет Гросс, сафири ҷадиди Амрико дар Тоҷикистон, дар солҳои 2002-2004 ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон фаъолият доштааст. Ҳамчунин ӯ дар Ҳаитӣ, Малайзия, Непал ва Олмон низ иҷрои взифа намудааст. Бо забони тоҷикӣ, фаронсавӣ ва немисӣ сӯҳбат мекунад.
Кеннет Гросс, сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, сатҳи равобит миёни кишвараш бо Тоҷикистонро мусбат ва бо самар арзёбӣ мекунад. Оқои Кеннет баъди дидор ва мулоқот бо президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кард. Вай гуфт тайи замони адои масъулияташ талош хоҳад кард, ки равобити Вашингтону Душанбе густариши бештар пайдо кунад.
Кеннет Гросс гуфт, Тоҷикистон ба унвони як кишвари муҳим ва шарики боэътимод дар амри барқарорсозии субот ва амният дар Афғонистон барои Амрико муҳим хонад мешавад ...