Маърифат, ки мебоист имсол синфи нӯҳум мехонд, таҳсил дар мактаби миёнаро қатъ карда, барои сабақгирӣ назди, ба истилоҳ бибихабихалифаҳо, рафтааст.
Маърифат дар сӯҳбат ба «Ояндасоз» гуфт, ки бародараш зидди идома додани таҳсили ӯ дар мактаб буда, маҷбураш кардааст, ки ҳиҷоб кунад ва бо таври инфиродӣ сабақи исломӣ омӯзад.
Маърифат гуфт: «Дар мо духтарҳоро хондан зарур намедонанд. То синфи чаҳорум хондам. Хайр намонанд чи кор мекунӣ. Мардҳо мегӯянд ки зан чиву хонданаш чӣ. Шавҳар мекунем, мехӯронад мепӯшонад, чи даркор хондан.»
Дар ҷомеаи феълии Тоҷикистон духтарҳои назири Маърифат кам нестанд. Ҷамила низ аз зумраи чунин ҷавонҳост, ки то синфи ҳашт хонда, дигар таҳсили дунявиро зарур надонист. Ҳоло ӯ ҳушҳол аст, ки дарси исломӣ мегирад. Вай мегӯяд: «Вақте ман исломро хондам, фаҳмидам, ки ислом чист. Сатр мекунем. Ман имрӯз хурсанд ҳастам, ки аз мактаб баромадам, пушаймон нестам».
Дар ҳоле ки аз оғози соли нави таҳсил қариб як моҳ сипарӣ мешавад, ҳамсӯҳбатони мо нияти бозгашт ба мактабро надоранд. Вазорати маорифи Тоҷикистон тобистони имсол аз таҳсил дар канор мондани ҳудуди 50 ҳазор хонандаи мактаб бонги изтироб зада буд.
Мақомоти Вазорати маориф мегӯянд, онҳо мизони аз таҳсил дур мондани духтарҳоро дар соли нави хониш ҳанӯз ҳисоб накардаанд.
Волидони чанд хонавода бо сабаби ба мактаб нарафтани фарзандонашон ба додгоҳ кашида шуда ба андозаи 600-700 сомонӣ ҷарима шуданд.
Вале боз ҳам ин методҳо гӯё кор намедиҳад ва мавридҳои аз таҳсил дур шудани духтарҳо ҳамоно зиёд ба чашм мехӯрад.
Солҳои охир сабаби аслии дар канор мондани наврасонро аз мактаб дар фақри иҷтимоии мардум, дилсардӣ аз мактабҳои дунявӣ ва мушкилоти дигар мегӯянд.
Дар ҳоле, ки духтарҳои ҳамсӯҳбати мо тасмими худро оид ба тарки мактаби миёна карданашон дуруст арзёбӣ мекунанд, Қобилҷон Боев мудири шӯъбаи фатвоии Маркази Исломии Тоҷикистон ин кори онҳоро як иштибоҳ хонд.
Вай гуфт, ин духтарон бояд ба ҳар роҳе набошад бояд дар канори улуми динӣ аз илмҳои дигар низ баҳравар шаванд, то ки дар зиндагӣ пешрафт кунанд.
Коршинос Сафват Бурҳонов бар он аст, ки бо сабақ гирифтан қаноатманд шудани духтарон ҷойи нигаронӣ надорад, балки фақри фарҳангии онҳо аз дур шудан аз улуми дунявӣ боиси таассуф аст. Ӯ мегӯяд, бо афзоиши ингуна афкори иртиҷоӣ дар миёни як қишри ҷомеа он ба зеҳни наслҳои баъдии онҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Дар миёни хонаводаҳое, ки фарзандашонро таълими динӣ медиҳанд, бархе ёфт мешаванд, ки таҳсили баробари ҷигарбандашонро дар мактабҳои дунявӣ зарур медонанд. Мадина аз зумраи чунин духтарҳост.
Ӯ мегӯяд, ислом омӯхтани илмро ҳам барои мард ва ҳам барои зан фарз медонад. Ва ӯ аз ҳоло медонад, ки фардо бо чунин силоҳи қавии донишҳои исломиву дунявӣ метавонад роҳи худро дар кору пешрафтҳои иҷтимоӣ хеле боз кунад:
Бархе коршиносон мегӯянд, андешаи зарур набудани таҳсил барои духтарҳо дар ҳама давру замон иштибоҳ буд ва ҳоло беш аз пеш, бо мушкил шудани ҷараёни зиндагиву пеш омадани масоили зиёди иқтисодӣ духтарҳо бо омӯзиши илм ва касбҳои мухталиф худро аз гирифтории оянда ба фақру нодорӣ эмин медоранд.
Ҳеҷ кас барои ин духтарҳо фардо таъмини пурраи зиндагиро аз ҳисоби шавҳару мард кафолат намедиҳад ва аз ин хотир духтарҳо бояд аз ҳоло дар муқобили чолишҳои дар пешистодаи зиндагӣ бо донишу касб мусаллаҳ шаванд.
Рустам Ҳайдаров аз зумраи ин соҳибназарон аст, ки мегӯяд, маҳдуд шудан танҳо бо илмҳои динӣ дуруст нест, зеро андешаи ҳамқадами замон будан бояд дар авлавияти инкишофи зеҳнии шахс қарор дошта бошад.
Коршинос мӯътақид аст, ки ҳарчанд ҳоло шумори ингуна духтарҳо нисбатан кӯчак аст ва гӯё наметавонад боиси нигаронии ҷиддии ҷомеа бошад, вале дар оянда ин масъала метавонад монеаи ҷиддии рушди ҷомеа шавад, чунки зани босаводу коргар намунаи пешрафтҳои зиёди иқтисодиву сиёсии ҷомеа маҳсуб мешавад. Чунки як меъёери арзёбии вазъи ҷомеа дар шароити занонаш мебошад.