Баҳси аҳзоби кишвар сари Қонуни интихобот

Порлумони Тоҷикистон

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси олиро, ки аз тарафи Ҳизби коммунист пешниҳод шуда буд, рад кард.
Дар ҳоле ки аксари аҳзоб ва коршиносони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ карда ва бар ин умед буданд, ки қабули он заминаро барои иштироки баробари ҳизбҳо ва баргузории як интихоботи демокративу шаффоф фароҳам мекунад.

Ҳамакнун, ки Қонуни интихобот тағйир намеёбад, оё аҳзоби сиёсӣ бо чӣ умеде вориди корзори интихобот мешаванд? Оё имкон дорад, ки аҳзоби мухолиф барои ба даст овардани курсии бештар даст ба таъсиси эътилоф бизананд?

Ва оё иваз накардани қонун ба ин маъност, ки ин навбат низ аҳзоби сиёсӣ ба истиснои ҲХДТ наметавонанд дар шохаи қонунгузории ҳокимияти кишвар ҳузури муассир дошта бошанд ва аз тарафи дигар оё ин сару садоҳо, ки натоиҷи интихоботи порлумонӣ аз ҳоло маълум аст, то куҷо ҷон дорад?

Барои дарёфти посух ба ин суолҳо ва огаҳӣ аз ҷараёни омодагии аҳзоб ба ин маъракаи муҳим намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии кишварро барои як сӯҳбати ошкоро даъват кардем.

Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ:
«Чаро Ҳизби халқӣ-демократӣ, агар аз баргузории интихоботи шаффофу бидуни тақаллуб ҳарос надорад, намехоҳад дар участкаи интихоботӣ, ки 19 узв дорад, як нафар узв аз дигар аҳзоби мухолиф бошад? Ба хотири он ҳарос дорад, ки агар намояндагии баробари аҳзоб дар комиссияҳои шумориши оро аз қитъаи раъйдиҳӣ то Комиссияи марказӣ таъмин шавад, тақаллуб ва тахаллуф дар интихобот ва ҳамин тавр курсиҳи ҲХДТ дар порлумон камтар мешавад».

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократи Тоҷикистон: «Тамоми мақомоти маҳаллӣ як сол инҷониб ба интихобот вобаста карда шудааст. Дар аксари шаҳру навоҳии шимоли ҷумҳурӣ, ман шоҳид ҳастам, аллакай рӯйхати аъзои комиссияҳои ҳавзаӣ ва участкавӣ мувофиқа карда шудааст. Ва тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо узви ҲХДТ мебошанд».

Мӯсо Асозода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе:
«Як чиз возеҳ аст, ки дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ пеш рафта истодааст. Лекин ба он дараҷае, ки комилан аксарияти овозҳоро гиранд, ин хел ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳатто ҲХДТ. Пеш аз ҳама ин аз он вобаста аст, ки таваҷҷӯҳи мардум ба кадом ҳизб равона карда шудааст. Кадом ҳизби сиёсиро медонанд. Гап дар ин аст».

Субҳон Сафиаллоев, котиби аввали Ҳизби коммунист дар Душанбе: «Мо тайи шаш моҳ омӯхтем, машваратҳо гузаронидем. Аз Муҳибулло Шарифов, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон, суол кардем, ки таклифу пешниҳодоти мо дар Маҷлиси намояндагон мегузарад ва ё на? Як гапро гуфтанд, ки то худи раҳбари аввали сиёсии давлат розигӣ надиҳанд, ягон пешниҳоди шумо нахоҳад гузашт. Ба ҳамон хотир мо дар ҳамон давра дасту панҷаамонро шустем, ки ягон пешниҳод дигар намегузарад».

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси мустақил: «Ба назари ман, қобили пешбинӣ буд, ки ҳеҷ заминаи ҷиддӣ дар заминаи фароҳам кардани ҳузури фаъолтар ва ҳаққи роҳ ёфтан ба порлумонро дар интихоботи пеширӯ барои аҳзоби сиёсӣ ба хусус аҳзоби фаъоли кишвар фароҳам намоянд. Бо вуҷуди гузашти 18 сол аз замони фурӯпошии шӯравӣ ҳанӯз осори зиёде аз фазои сиёсии шӯравӣ дар Осиёи марказӣ мушоҳида мешаванд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гунае дар заминаи тасмимгириҳои умдаи сиёсӣ ҳамоҳанг амал мекунанд».

Барои шунидани сӯҳбати мизи гирд ишораи чандрасонаи дар гӯшаи саҳифаро нохун занед.