Гузариш ба низоми нави таҳсили олӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҳудуди 27 000 хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба курсии донишҷӯӣ нишастанд.
Аз ин шумор 18 000 нафар дар бахши шартномавӣ ва 9 000 донишҷӯ дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд. Якуним ҳазор нафар ба гурӯҳи буҷавӣ тибқи квотаи президентӣ роҳ ёфтаанд.

Раҷабалӣ Сангов, сармутахассиси раёсати мактабҳои олӣ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ қабули донишҷӯ дар шӯъбаҳои ғоибона ва баъзе ихтисосҳо, ки дар чанд донишгоҳ такрор мешаванд, ихтисор гардид.

Ин дар ҳолест, ки нархи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳо низ афзуда, то ҳадди 1800 доллар расидаст.

Ҷаноби Сангов гуфт, таҳсили шартномаӣ бо дархости шӯрои илмии донишгоҳҳо гаронтар шуд: «Мақсад аз баланд бардоштани арзиши таҳсил, беҳтар намудани базаи модиву техникии худи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ,
ҳавасманд кардани омӯзгорон ва худи донишҷӯён аст. Зеро имкони аз гурӯҳҳои шартномавӣ ба гурӯҳҳои буҷавӣ гузаронидани донишҷӯёни фаъол ё арзон кардани баҳои таҳсили онҳо дар гурӯҳҳои шартномавӣ, мавҷуд аст.»

Ба ҳамин тартиб, нархи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон 1800 доллар, ихтисоси умуми тиббии Донишгоҳи тибби 1100 доллар, факултаи иқтисодӣ аз 1300 то 1500 долларро ташкил медиҳад.

Имсол, таври маъмул, ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисод, забонҳои Шарқ, англисӣ, фаронсавию олмонӣ серхаридор будаанд.

Дар баробари ин довталабони факултаҳои омӯзиши илмҳои дақиқ низ кам набуда, боиси то ба 1100 долар расидани арзиши таҳсили Донишгоҳи техникӣ гаштааст. Ин дар ҳолест, ки чанд сол пеш факултаҳои физика ва химия яке аз шӯъбаҳои арзонтарину камрақобаттарин ба шумор мерафтанд.

Дар ҳамин ҳол Рашид, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, донишҷӯи соли аввали шӯъбаи байтории Донишгоҳи кишоварзӣ мегӯяд, тавонистааст, бо донишаш сазовори номи донишҷӯ гардад: «Аввал иншо буд, баъд тест. Ман бо дониши худам гузаштам. Дар мавзӯъи озод иншо навиштам ва баҳои се гирифта бо 32 хол гузаштам. Орзуи байтор шуданро дорам.»

Аммо Раҷабалӣ Сангов афзуд, соли ҷорӣ низ се ҳодисаи ришваситонии масъулони имтиҳоноти қабул мушоҳида гардида, муҷримон боздошт шудаанд: «Дар бархе аз муассисаҳои олию касбӣ, баъзе аз омӯзгорон ва ҳайати комиссиюни қабул ба чунин аъмоли номатлуб даст заданд. Мутаассифона, ин ҳолат имсол низ мушоҳида шуд.»

Фарҳод Раҳимов, ноиби вазири маорифи кишвар, дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муҳассили кишварҳои хориҷӣ гуфт, дар ҷаҳон низоми ягонаи таҳсили олӣ ба вуҷуд омадааст ва Тоҷикистон низ шурӯъ аз якуми сентябри соли ҷорӣ, усули таҳсили аврупоӣ ё худ кредитиро дар тамоми донишгоҳҳои олии кишвар пиёда хоҳад кард.

Раҳимов меафзояд, зарурати тағйири низоми таҳсили олӣ дар тағйири муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳост, зеро гуфтанист, бо пеш бурдани усули шӯравии таҳсил дар рушди ҷомеаи навин наметавон мусоидат кард.

Вазорати маориф умед дорад, бо роҳандозии низоми нави таҳсил, дар бозори меҳнати ҷаҳон ва бозори таҳсилот, ҳуҷҷату дипломҳои донишгоҳҳои олии Тоҷикистон эътироф хоҳад шуд.

Раҳимов афзуд, сар аз якуми сентябр Тоҷикистон ба низоми бисёрзинаи таҳсили олӣ мегузарад. Ба гуфти ноиби вазири маориф аз ин ба баъд хатмкунандагони зинаи магистр дар баробари аспирантура имкони таҳсил дар бахши доктори илмро доранд: «Мӯҳлати охирини ислоҳот дар ин самт соли 2015 пешбинӣ шудааст. Баъд аз омӯзиши ҳаматарафаи низоми ҷаҳонии таҳсил мо ҳам ба хулосае омадем, ки бояд ба усули кредитӣ гузарем.»

Азим Байзоев, устоди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон, мегӯяд, барои гузариш ба низоми кредитии таҳсил, устодони донишгоҳҳо дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок намуда, усулҳои нави таҳияи тестҳои имтиҳонотро омӯхтанд.

Ба гуфти Азим Байзоев, гузаштан ба низоми нави таълим душвор нест, аммо муҳим он аст ки ин низом чӣ хоҳад дод: «Оё он хостаҳое, ки мо аз ин низом интизор ҳастем ба даст меояд ё не? Дар ин зимн суолҳо нисбат ба посухҳо зиёд ҳастанд. Вақте мо ба ин кор шурӯъ кардем, як масъалаи бисёр ҷиддӣ пеш омад, ки оё ба воситаи тест чӣ гуна метавонем, дониши донишҷӯро оид ба донистани ин ё он забони хориҷӣ муайян кунем. Чунки забон чизи дигар аст ва таърих чизи дигар. Аз ин рӯ пешниҳоди мо қабул шуд, ки назарияи тартиб додани санҷишномаҳо вобаста ба хусусияти фанҳои таълимӣ гуногун бошад.»

Дар Тоҷикистон 28 муассисаи таҳсилоти олию касбӣ 156 000 донишҷӯро аз рӯйи беш аз 250 ихтисос ба таҳсил фаро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба 450 навъ мутахассис эҳтиёҷ дорад.