Оилаҳо аз ҳам мепошанд. Чаро?

«Масъулияти интихоби арӯс ва хонадор шуданро ба дӯши падару модарам гузоштаму ҳоло фикр мекунам, ки ин хатои ман аст. Сабаби вайрон шудани оилаи ман нафаҳмидани волидайн шуд, ки худашон хуш карданд духтара, лекин бо ҳамон духтари хуш кардагишон соз нагирифта, духтар аз хона баромада рафт…»

Давлат ҷавони 21-сола аст, ки ҳамсари 17-солаашро волидон интихоб кардаву ӯро хонадор намуданд, аммо ҳоло оилаи вай дар ҳоли азҳампошӣ қарор дорад. Вай мегӯяд, бо ин ки ба интихоби волидон розӣ шудааст, иштибоҳ кардааст, аммо ҳоло намехоҳад хонавайрон шавад:
«Хеле боз хона нарафтаам, аз хона занг зада гуфтанд, ки ҳамсарат баромада рафт. Ман гуфтам, ки кор надорам, худатон хуш кардед, ба худатон маъқул буд. Акнун ҳам худатон ҳамин масъаларо бинед. Ман гуфтам, бозича нестам, ҳаёт қартабозӣ нест, ё ки савдои гову мол нест, ки ҳар рӯзи якшанбе молбозор рафта, харидориш кунӣ. Дубахта шудан намехоҳам…»

Сарвиноз, ҳамсари Давлат, мегӯяд, ки сабаби вайроншавии оилаи вай боз ҳам волидон шудаанд, онҳое, ки бидуни пурсиши ӯву Давлат онҳоро хонадор кардаанд. Ба иддаои Сарвиноз, иҷборӣ оила сохта намешавад. Вай як сабаби азҳампошии оилаашро дар бетаҷрибагии худ ва фишорҳои модаршӯяш мебинад:
«Вақте маро шавҳар доданд, 17-сола будам. Розӣ набудам, аммо модарам бачаро дида маҷбур шавҳар дод. Ҷавон ба ман маъқул набуд, аммо дигар илоҷ надоштам. Ду сол зиндагӣ кардам, аммо хушдоманам доим маро аз хона меронад, хонаи модарам меояму боз меравам. Маҷбур оила сохта намешудааст. Хушдомани ман танҳо як писар дорад, бесабаб маро мегӯяд, ки рав хонаи очаат, гӯшҳоям дам гирад, безор шудам аз ту…»

Сарфи назар аз ин ҳама, мақомоти дахлдори маҳаллӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз афзоиши мизони азҳампошии хонаводаҳо, талош мекунанд, оилаҳое мисли ҷуфти Давлату Сарвиноз ҳифз шавад. Маърифатпоччо Навкарова, мудири шӯъбаи САҲШ-и Қӯрғонтеппа, бо овардани мисол аз зиндагии сангини худаш, аз Давлат ва Сарвиноз даъват мекунад, дар баробари мушкилоти рӯзгор сабур бошанд:
«Мо ҳам дар ҷавонӣ зиндагии саҳлу сода надоштем, аммо сабурӣ боло гирифт. Ба ҳама чӣ тоқат кардӣ, бурд мекунӣ. Шавҳар, ки бо ҳамсар хуб бошад, мушкилот тадриҷан рафъ мешавад, муносибатҳо бо ҳама аъзои оила хуб мешаванд. Андешаи фарзанд ва ояндаро бояд кард…»

Дар ҳамин ҳол, Сарвиноз мегӯяд, вай талошҳои батакрор барои ҳифзи оилааш доштааст, аммо дар ниҳоят ноком шудааст:
«Ба ман гуфтанд, ки тоқат кун, кӯдакдор, ки шудӣ, ҳамааш хуб мешавад. Кӯдакдор ҳам шудам, ҳоло 9-моҳа аст, аммо муносибати хушдоманам ҳамоно тағйир наёфтааст. Мегӯяд, ки «шумо меоед, баракати хонаи ман мепарад, шумо бисёр мехӯред, картошкаю пиёз тамом мешавад». Ин ҳам дар ҳоле ки дар хонаи мо ду мард кор мекунанд».

Коршиносон иллати афзоиши чунин мавориди азҳампошии оилаҳоро дар омода набудани зану шавҳари ҷавон ба зиндагии муштарак ва аксари вақт якдигарро хуб надонистани онон медонанд. Раъно Ойматова, мудири шӯъбаи занони ҳукумати Қӯрғонтеппа, мегӯяд:
«Фикр мекунам, сабаби аввалини хонавайрониҳо барвақт ба шавҳар додани духтарон мебошад. 17 сол ҳам ҳанӯз синне нест, ки вориди зиндагии мустақил шавӣ. Духтарон дар ин синнусол одат кардаанд, ки дар хонаи падару модари худ чи гуна рафтор мекунанд, фикр мекунанд, дар дигар ҷой ҳамин бояд ҳамин тавр бошад. Муносибат сохтан дар хонаи навро намедонанд, бо хусуру хушдоман чӣ тавр муносибат кардану дил ёфтанро дуруст сарфаҳм намераванд».

Равоншинос Бибӣ Раҷабова ҳам бар ин андеша аст, ки надонистани ҳамсари ояндаи худ, бетаҷрибагӣ ва тарс аз зиндагии мустақил, ҳамчунин вуҷуди стериотипе чун ин ки келин бояд дар хонадон мисли хизматгор бошад, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳои ҷавон аст.

Ҳамин гуна, шумори оилаҳои аз ҳам ҷудошуда дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯ ба афзоиш дорад. Ба иттилои шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ то 15 ҷуфти ҳамсарон дар ин шаҳр азми ҷудоӣ мекунанд. Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳар як ҷуфте, ки тасмими азҳампошӣ доранд, мулоқотҳои хоса анҷом дода, онҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд.