Як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) ба манзури ошноӣ ба вазъи гирифторӣ ба бемории табӣ хунӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе омадааст.
Ин ҳайат иборат аз мутахассисони СҶБ ба ҷузъ аз шиносоӣ бо вазъи ин беморӣ дар рафъи ин беморӣ ва оқибатҳои он ба ниҳодҳои Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.
Таври маълум, тайи як моҳи ахир чанд маврид гирифторӣ ба таби хунӣ дар Тоҷикистон ба ҷайд гирифта шуд, ки чор нафар ба асри он ҷони худро аз даст доданд.
Аъзамҷон Мирзоев, сардухтури вогиршиносӣ-беҳдоштӣ ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ба манзури кӯмак ва мусоидат ба мутахассисони тоҷик дар амри ташхис ва муроқибати бемории вогири таби хунӣ дар Душанбе ба сар мебарад.
Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи мутахассисон бо авзои вобаста ба шуюъи таби хунӣ ошно шуда ва барои таҳияи барномаи мубориза бо ин беморӣ ва решакан кардани он мусоидат хоҳад кард.
Сафари ҳайати СҶБ ба Тоҷикистон ва кӯмаки мутахассисони ин созмон ба Тоҷикистон дар амри бартараф кардани оқибати бемории табӣ хунӣ баъди дар ихтиёри ин созмон қарор додани маълумоти кофӣ ва сари вақт роҷеъ ба панҷ маврид гирифторӣ ба ин беморӣ мумкин шудааст.
Бояд гуфт, ки нахустин маврид гирифторӣ ба бемории сироятии табӣ хунӣ дар таърихи 18-уми июл дар ноҳияи Турсунзода иттифоқ уфтод ва 26-уми июл нахустин гирифтор ба таби хунӣ ҷон бохт. Ҳамин тавр, дар як ҳафта се нафари дигар ба шумули наздикон ва сардухтури беҳдоштии ин ноҳия ба думболи муносибат ба бемори фавтида гирифтор шуда ва фавтиданд.
Дар ин ноҳия 44 нафари дигар таҳти назорати пизишкон қарор доштанд, ки гумон меравад, бо афроди бемор ва фавтида робита доштаанд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вазъи беҳдоштӣ дар ноҳияи Турсунзода ба ҳолати одии худ бар гаштааст.
Аммо чанд маврид гирифторӣ ба таби хунӣ дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ба қайд гирифта шудаст.
Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ, дар минтақаи Хатлон 14 нафар таҳти назорати пизишкон қарор доранд ва дар ду рӯзи охир ҳодисаи нави гирифорӣ ба ин маризӣ сабт нашудааст.
Таби хунӣ маризиест, ки тавассути газидани кана одам ба он гирифтор мешавад ва ба одами дигар гузаштани он тавассути иртиботи мустақим ё хуни шахси бемор мумкин аст. Ба гуфтаи мутахассисон, то моҳи октябр имкони шуюъи ин беморӣ ҳамчунон боқӣ мемонад.