Ҷавонони шарқӣ дар кишварҳои ғарбӣ

Онҳо ба Ғарб ва Амрико майл мекунанд, аз пешрафтҳои фанноварӣ дар ин кишварҳо истифода мекунанд, вале оё дар бораи арзишҳои башарӣ чӣ андеша доранд?
Раъно донишҷӯйи тоҷики як омӯзишгоҳи забон дар ноҳияи Бруклини шаҳри Ню Йорк мегӯяд, вай мехоҳад, арзишҳои умумии ағлаби кишварҳои ғарбиро дар ватани хеш низ бубинад. Ба монанди риояи меъёрҳои демократия ва ташкили ҷомеъаи озод, арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқҳои ӯ, заминаҳои мустаҳкам ва шароити муосир барои таҳсилу зиндагӣ, истифодаи вақт ва кушиши расидан ба мустақилият ва амсоли инҳо.
Дар инҷо бисёр эҳтиромро мебинам. Ба гузаштаи ту чандон эътибор намедиҳанд, муҳим шахсият ва донишу малакаи туст. Ҳар нафареро ки эҳтиром кардед, аз ӯ эҳтиром мебинед...


Раъно мегӯяд: “Ман се сол шудааст, ки дар Амрико зиндагӣ мекунам ва мебинам, ки дар ҷомеае, ки ҳуқуқи инсон риоя мешавад ва демократия аст зиндагӣ кардан осон аст. Ман мехоҳам, ки дар ватани мо ҳам ҳамин хел бошад. Пеш аз ҳама мехоҳам ки инсонро эҳтиром кунанд ва мардуми мо ҳам зиндагии арзанда дошта бошанд.”

Арзишҳои инсонӣ вобаста ба хислат, фарҳанг ҷаҳонбинӣ, нигоҳи инсон ба зиндагӣ ва мақсадҳояш аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар асоси онҳо ағлаби одамон пайроҳаи зиндагии худро ба сӯйи максадҳо бунёд мекунанд ва бо меъёрҳои ба худ хос зиндагиро идома медиҳанд, мегӯянд равоншиносон.

Сенада ҷавони 27-солаи сомалитабор, ки 15 соли зиндагии худро дар Амрико сипарӣ кардааст, мегӯяд барои ӯ дар зиндагӣ аз ҳама муҳим оила ва муҳаббат аст, ки барои ин ҳарду омода аст тамоми дороияшро қурбон кунад:

“Ба назари ман, яке аз арзишҳои инсонӣ, пеш бурдани зиндагии самимӣ ва боэҳтиром нисбати худ ва пайвандону дӯстонат аст. Ҳамчунин дӯст дошта тавонистани шахси хеш, атрофиёну дӯстон низ хеле муҳим аст. Имрӯз ҷавонон аз бунёди оила меҳаросанд ва ба назар мерасад, ки ин арзиши бисёр муҳим дар ҷомеаи Амрико бо мурури замон дар миёни онҳо мавқеъи худро аз даст медиҳад. Зеро ҷавонон дар интихоби ҷуфти хеш нимаи пурраи худро, ки рӯҳану ҷисман барои ҳам офарида шудаанд пайдо карда наметавонанд. Шахсан барои ман оила хеле муҳим аст. Маблағ ҳам нақши муҳиму тақдирсозро мебозад, чун шумо тамоми ниёзу хостаҳои худро ба воситаи он бароварда месозед, вале бо ин вуҷуд агар миёни муҳаббат ва маблағ интихобе гузоранд, ман ишқро интихоб мекунам."

Дар ҳамин ҳол Ҷеф, ҷавони нигерӣ мегӯяд, ҳама он чизе ки барои инсон хушбахтӣ меораду зиндагиро осон месозад, арзишҳои инсониянд: “Одамон гуногунанд, ҳар кас шахсияти алоҳида аст ва ба даст овардани зиндагии комилан мустқилу арзанда, дастоварди инсонаст. Аммо бо ин вуҷуд ба андешаи ман шахсияти комил будан аз мустақилият ба даст овардан ба маротиб муҳимтар аст”.

Карим Атик, зодаи Кашмир, ки 2 сол мешавад, дар Амрико таҳсил мекунад, мегӯяд он чизе ки дар бисёри кишварҳои Ғарб мақбулаш омадааст, ин аст, ки нисбати муҳоҷирон одатан муносибати дӯстона ва эҳтиромро эҳсос мекунад. Ин имкон медиҳад, ки новобаста аз вазъи иҷтимои, сатҳи дониш ё синнусол дар ин кишварҳо метавон донишу таҷриба ва маблағ ба даст овард.

Карим мегӯяд мехоҳад дар кишвари худ озодӣ, демократия, рияои ҳуқуқҳои инсон ва пешравии иқтисодиро монанди Амрикову Аврупо бубинад: “Ман хурсандам, ки дар инҷо зиндагӣ дорам, танҳо донистани забон муҳим аст, бо забони англисӣ ҳарф занед, аксари дарҳо бароятон боз мешаванд. Дар инҷо бисёр эҳтиромро мебинам, ба гузаштаи ту чандон эътибор намедиҳанд, муҳим шахсият ва донишу малакаи туст. Ҳар нафареро ки эҳтиром кардед, эҳтиром мебинед”.

Арзишҳои ҷавонон дар зиндагӣ вобаста аз фарҳанги онҳо фарқ мекунад, ба вижа на ҳамаи усулҳои зиндагии мардумони Ғарб аз нигоҳи мардуми шарқ хуш пазироӣ мешаванд. Зиндагӣ бо аъзои оила, дар мадди аввал гузоштани манфиати пайвандон, эҳтироми ақидаву андешаи калонсолон новобаста аз дурусту нодурустии онҳо, дар маҷмӯъ гузашт кардан қариб дар ҳама ҳолат ба нафарони аз худ калон, шарм, худдорӣ аз намоиши тамоюлҳои ҷинсӣ ва садҳо дигар амалҳое, ки иҷрои онҳо қоидаҳои махсусро талаб мекунад, хоси тарбияи шарқист.

Ин дар ҳолест, ки аксари ин меъёрҳо дар кишварҳои ғарбӣ аслан риоя намешаванд ва ё манзараи акси онро мушоҳида кардан мумкин аст. Мерган, ҷавони 29-сола аз Туркманистон, ки тайи чанд моҳи охир барои таҳсил ба Ню Йорк омадааст, мегӯяд дар пасманзари ҳама пешравиҳои технологиву, дастрасӣ ба демократияву риояи ҳуқуқҳои инсон, "тарбияи фарзандон дар оилаҳои солими Осиёи Марказӣ ба гунаест, ки волидон барои ба воя расидани фарзанди мусоидат мекунад, фарзанде ки ғолибан то ба охирин лаҳзаҳо масулияти нигоҳубини волидонро ба ӯҳда дорад."

Рушди технология ба арзишҳои инсонӣ бетаъсир нест. Метавон гуфт қариб дар тамоми ҷаҳон интернет дар ҳаёти ҷавонон нақши фавқулода муҳимро мебозад. Ба назари коршиносон ворид шудани интернет ба ҳаёти ҷавонон бе муҳобот боиси рушди маънавию зеҳнии онҳо гардида, дастарсӣ ба итилоот ва қабл аз ҳама илмро осонтар кардааст.

Аммо бо ин вуҷуд ин арзиши нави ҷавонон барои гурӯҳи аъзам таъсири манфӣ ҳам зоҳир мекунад, ки ин одат кардан ба зиндагии виртуалӣ аст. Аксари ҷавонон, ки соатҳои муфиди зиндагии худро дар шабакаи интернет бо дӯстони хаёлӣ ва ё реалии интернетии худ сипарӣ мекунанд, ки ба назари равоншиносон, ин одат онҳоро аз зиндагии воқеӣ ва арзишҳои заминӣ дуртар месозад.