Зиндагиномаи Василий Аксёнов худ як романи пурмоҷаро ва иборат аз саҳнаҳои талошу низову нифоқ ва дарду андӯҳ аст.
Ӯ аз адибонест, ки онҳоро дар Русия насли солҳои 60-ум мехонанд, Аксёнов ва чанде аз ҳамқаламонаш маҳз ҳамон солҳо ҷуръае аз ҷоми озодӣ нӯш карданд ва ба адабиёти шӯравӣ лаҳни тозаи гуфтор – лаҳни озоду бебоконаро ворид карданд.
Замоне, ки ӯ дар чаҳорсӯи интихоби касб қарор дошт, модараш - адиби шинохта Евгения Гинзбург машварат дод, ки табиб шавад. Василий Аксёнов, ки баъд аз сари падар чандин солро ҳамроҳ бо модараш дар чаҳордевори зиндон сипарӣ карда буд, маънии ин машваратро хуб дарк кард - дар лагеру зиндонҳо вазъи табибон нисбат ба дигар зиндониён беҳтар аст.
Аксёнов донишгоҳи тиббии Ленинградро хатм кард ва чандин сол дар минтақаи Шимол, дар Карелия, дар бандари тиҷоратии Ленинград ва дар бемористони сил дар Маскав ба шифои маризон машғул шуд. Ва аммо муҳабббат ба адабиёт рагу пайвандашро асир карда буд ва ӯ вақтҳои фориғ аз шуғли асосӣ қоғазу қалам ба даст мегирифт.
Нахустин ҳикояҳо ва баъдан қиссаи “Ҳамкорон”-и ӯро, ки соли 1960 дар маҷаллаи он замон маъруфи “Юностъ” нашр шуданд, хонандагон хуб пазируфтанд. Баъди як сол дар ҳамин маҷалла қиссаи “Билети бахт” чоп шуд, ки Василий Аксёновро дар сартосари шӯравӣ шӯҳратёр гардонд.
Ва аммо ин дер идома накард – бо хатми нармиши замони Хрушёв солҳои 70-ум маҷаллаҳо аз нашри қиссаҳои ӯ сарпечӣ мекарданд. Таваҷҷуҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба адабиёт, шадид шудани сензура ва нақди адабӣ Аксёновро барои тақрибан даҳ сол аз табъу нашр дур сохт.
Ҳамон солҳо ӯ ду роман иншо кард – яке “Сӯхтагӣ” ва дигари “Ҷазираи Қрим”, ки сензураи шӯравӣ нашри онҳо манъ кард. Соли 1979 Василий Аксёнов яке аз муассисон ва муаллифони алманахи орӣ аз сензураи адабии “Метропол” шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳида нашр мешуд.
Охири ҳамон сол ӯ ба нишони эътироз сафи Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳодияи Шӯравӣ тарк намуд. Баъди ин таъқибу фишори бесобиқа ва нашри матлабҳои саропо бӯҳтон дар бораи асарҳои Аксёнов шурӯъ шуд ва баъд аз ним сол, вақте ки барои нашри асарҳояш ба Амрико сафар кард, шаҳрвандии ӯ ва хонумаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ лағв карда шуд.
Василий Аксёнов баъдан дар мусоҳибаҳо мегуфт, ки ҳиҷрат дар Амрико барояш сангин буд ва аммо дар ин кишвар имкон дошт, ки дар донишгоҳи Мейсони Вошингтон дарс бигӯяд, асар нависад ва онҳоро нашр кунад. Ҳамзамон бо ин Василий Аксёнов барои Радиои Озодӣ ҳам гузоришҳо таҳия мекард. Дар Амрико ӯ чанд асар, аз ҷумла, романи сегонаи «Московская сага” ё “Ривояти Маскав”-ро иншо кард, ки аз рӯзу рӯзгори се насли зиёиёни рус қисса мекунад.
Номи Василий Аксёнов фақат охирҳои солҳои 80-ум дар Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ дубора вирди забон гардид – нашри китобҳои ӯ дар ватанаш аз сар гирифта шуд. Солҳои 90-ум ӯ ба Русия баргашт ва аммо як муддат дар зодгоҳаш ва мудате дар Фаронса ба сар мебурд.
Охирин асари ӯ “Мардумаки чашм”, ки бештар тарҷумаиҳолист, чаҳор сол пеш нашр шуда буд. Адиби тоҷик Абдулҳамиди Самад бо таассуф мегӯяд, ки бо осори ин адиби тавоно дар Тоҷикистон фақат теъдоди ками алоқамандони адабиёт ошно буданд. Ва як иллат он аст, ки роману қиссаҳои Василий Аксёнов ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд.
Абдулҳамиди Самад дар бораи сабабҳои тарҷума нашудани осори Василий Аксёнов мегӯяд, “иллати аслӣ он аст, ки он солҳо тарҷумонҳои мо ба осори Аксёнов кам муроҷиат мекардаанд, насле, ки бояд ин асарҳоро тарҷума мекард, ба иллати дастрасӣ надоштан ба асарҳои ӯ натавонист онҳоро баргардон кунад”.
Василий Аксёнов дар оромгоҳи Ваганковскии Маскав макони охират пайдо хоҳад кард, дар оромгоҳе, ки он ҷо боз чанд тан аз адибони насли солҳои 60-ум хуфтаанд.