Дар меҳмонии муҳоҷирон

Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар шумораи навбатӣ меҳмони сокинони деҳаи навбунёди Ваҳдат (собиқ деҳаи Қизил йул»)-и ноҳияи Турсунзода шуд.
Дар ин деҳа ҳудуди 200 хонаводаи аз ноҳияҳои Данғара ва Кӯлоби вилояти Хатлон дар се соли пеш муҳоҷир карда шудаанд. Ва «Як рӯз бо шумо» аз шароити рӯзгори ин муҳоҷирон ва дар маҷмӯъ муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар меҳмонии муҳоҷирон



Муҳоҷирини деҳаи навбунёди Ваҳдати ноҳияи Турсунзода мегӯянд, дар тӯли се сол дарк кардаанд, ки шароити зист дар маҳаллаи нави иқомат ба осонӣ даст намедиҳад. Зеро мардуми маҳаллии атрофи деҳа ҳанӯз аз онҳо пуштибонӣ намекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мактаби узбакии атфоли тоҷик



Тавре мушоҳида кардем, рӯзгори муҳоҷирини ихтиёрии дохилӣ дар ноҳияи Турсунзода ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст, ҳар чанд дар се соли гузашта корҳое дар робита анҷом шудааст.

Аммо он чӣ рӯшан аст, муҳоҷирати дохилӣ дар замони шӯравӣ низ дар Тоҷикистон роиҷ буд ва аз манотиқи кӯҳистонии Қаротегину Бадахшон мардумро ба даштҳои Данғара ва аз кӯҳистони Масчоҳ ба ноҳияи марзии Зафаробод ва Ашт кӯч медоданд. Он замон ҳарчанд шароити таъмини муҳоҷирин беҳтар буд, аммо теъдоде аз мардуми муҳоҷир ба зодгоҳи бозпас баргаштанд.

Ва акнун меравем ба сӯҳбати мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва коршиносон. Онҳо ҳадафи муҳоҷирати дохилӣ ва иллатҳои дар баъзан маворид номуваффақии ин муҳоҷиратро чӣ гуна тавзеҳ медиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сабабҳои муҳоҷират



Шунаванда ва бинандаи гиромӣ, он гуна ки аз сӯҳбатҳо шумо дарёфтед, ҷонибдорони муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон зиёданд ва мардум мехоҳанд дар интихоби маҳалли зист дар кишвари худ, ба хусус дар манотиқи серзамину камнуфус, озод бошанд.