Як соҳибкори рус, ки мегӯяд баъди сафарҳои чандинкарата ба Тоҷикистон ба ин кишвар дил бастааст, тавассути ширкати тозатаъсиси худ мехоҳад ҳаводорону корафтодаҳоро дар қаламрави Русия ва давлатҳои дигари хориҷӣ барои истироҳату муолиҷа дар осоишгоҳҳои Тоҷикистон ҷалб кунад.
Сергей Басалаев ширкати "Фракталтурс"-и худро махсус барои ташвиқу таблиғи осоишгоҳҳои маъруфи Тоҷикистон, ба мисли Хоҷа Обигарм, Шамбарӣ ва Гармчашма, ифтитоҳ карда, тавассути сомонаи интернетии вижа нафарони ҳавасманди истироҳату тафреҳ ва табобатро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад.
Вай маълумоти тиббиву илмиро роҷеъ ба манфиати обҳои маъдани ин осоишгоҳҳо ҳамроҳ бо аксҳои зебои худ дар сайти интернетиаш ҷо додааст.
Сергей мегӯяд, ин риштаи бизнеси осоишгоҳҳои Тоҷикистон ва ҷалби муштариёни хориҷӣ ба он ҳамоно берақобат боқӣ мемонад ва вай қарор кард, ки ташаббусро ба дасти худ бигирад. Сергей мегӯяд, ки ин кор чандон осон нест, ба вижа дар шароите, ки аз лиҳози хизматрасонӣ ин ҳама муассисаҳо камбудиҳои зиёд доранд.
Вай роҷеъ ба паҳлӯҳои мусбату манфии шароити осоишгоҳҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "шумо тасаввур карда метавонед, ки он ҷо чӣ қадар чашмаҳои табиии маъдани хеле олӣ вуҷуд дорад, ки аз зери замин мебарояд? Обе, ки дорои миқдори хеле зиёди оҳан асту фавқулодда манфиатовар аст. Инчунин чашмаҳои хеле зиёди кӯҳие ҳаст, ки мавриди истифодаи мардум қарор мегирад, яъне шумо бо як пиёла омада онро ҳамин тавр нӯшида метавонед. Аммо ҷиҳати манфиаш ин ки оддитарин васоили хизматрасонӣ вуҷуд надорад. Масалан, агар шумо барои табобат ба Помир рафтанӣ шавед, бояд донед, ки он ҷо мушкили осоишу хизматрасонӣ вуҷуд дорад. Масалан аз чаҳор меҳмонхонаи маҳаллӣ фақат якеаш душ дораду тамом, хоҷатхона дар кӯча аст. Аммо аҷиб аст, ки дар навбати аввал ҳатман моҳвора гузошта мешавад".
Сергей Басалаев мегӯяд, таҷрибаи кор бо давлатҳои мухталифи шарқиву осиёи мисли Эрону Ҳиндро дорад ва умедвор аст, ки метавонад бо Тоҷикистон ҳам ҳамкории хубе ба роҳ монад. Агар фурсат даст диҳад, вай мехоҳад дар назди ин осоишгоҳҳо меҳмонхонаҳои хубу начандон гарон аммо дорои шароити хубро бунёд кунад.
Вай мегӯяд, дидааст, ки ибарои муолиҷа дар Гармчашма, масалан, хориҷиҳои зиёд мераванд, чунки обҳои нодири табобатии ин маҳал воқеан ҳам барои раҳоии нафарони зиёд аз бархе маризиҳои пӯст, мисли витилиго мӯъҷизаҳо кардааст.
Вай мегӯяд, "масалан тавассути ширкати мо шаш нафар барои табобати витилиго ба Гармчашма рафта буданд. Онҳо марҳилаи 28-рӯзаи табобатро гузашта дар ҳайрат монданд. Оби ин маҳал мӯъҷизаосо буд. Чунки онҳо натавонистанд бо маводи дорувор ба натиҷае даст ёбанд. Ин нафарон бо кӯдаконашон рафта буданд".
Вай мегӯяд, як камбудии Гармчашма дар дур ҷойгир будани он аз Душанбе ба фарқ аз Хоҷаобигарм аст. Аз назари кайфияти ҳамаҷонибаи хизматрасониву муолиҷа ин соҳибкор Хоҷаобигармро зиёд таъриф кард. Вай гуфт, ки аз миёни ҳама осоишгоҳҳои Тоҷикистон маҳз ҳамин муассиса ҳоло ҷавобгӯи ҳама талаботи тиббиву тафреҳӣ мебошад. Вай афзуд, ки Хоҷа Обигарм мутобиқи меъёрҳои аврупоӣ таъмир шуда, дар он мутахассисони хуб ҷалб шудаанд, ғизову шароити хобу истироҳаташ ҳам қобили таҳсин аст.
Сергей Басалаев гуфт, "дар Хоҷаобигарм бемориҳои дил, гурда, безурётӣ, бемориҳои марбут ба аъзои ҳозимаро табобат мекунанд. Арзишмандтарин қисмати муолиҷаи ин осоишгоҳ обҳои родон ҳисоб мешавад. Ҷараёни муолиҷа аз 12 рӯз зиёд нест, ба хотири ин ки кас метавонад ташашшӯъ шавад. Агар рӯзе 10-12 дақиқа дар ҳавзи родон хобида истироҳат кунед, хеле сабук мешавед".
Вай мегӯяд, ки ҳарчанд ҳоло шумори муштариҳои тавассути ширкати ӯ барои тафреҳу муолиҷа ба Тоҷикистон ҷалбшуда зиёд нест, аммо вай бо умед ба ояндаи ин тиҷораташ дида дӯхтааст. Ҳоло, мегӯяд вай, бӯҳрони молии пешомада ба кори ӯ ҳам таъсир расондааст, аммо вай умедвор аст, ки бо беҳтар шудани вазъ метавонад дар мавсими баҳор то тирамоҳ муштариҳои зиёдро ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон ҷалб кунад.
Вай гуфт, ки ширкати ӯ аз муштариҳои Маскав барои табобат дар Хоҷаобигарм ҳудудан 100 ҳазор рубл тақозо мекунад. Ин пул тамоми хароҷоти роҳу муолиҷаву сабти номро дар Тоҷикистон ва дигар хароҷоти кориро мепӯшонад.
Аммо барои ман, мегӯяд вай, пеш аз ҳама ҷиҳати башарии кор мавриди таваҷҷӯҳ аст. Вай афзуд, ки дӯстони зиёд тоҷик дорад ва ҳамеша мехост як кори тиҷоратиеро шурӯъ кунад, ки барои хурсанд кардани мардум равона шуда бошад.