Бо Рашиди 7-сола дар назди утоқи пизишки кӯдакона вохӯрдам, ки ҷисми лоғараш ӯро аз синнаш ба маротиб хурдтар нишон медод.
Ӯ бо ранги парида ҳамроҳи модараш барои даромадан ба назди духтур навбат мепоид ва аён буд, ки интизорӣ ӯро бемадор мекард. Барои кӯтоҳ кардани вақт Рашидро ба сӯҳбат кашидам.
Рашид гуфт, ки падараш дар муҳоҷирати Русия аст ва модараш дар мактабе фаррошӣ мекунад. Ва ғизое, ки ӯ ҳаррӯз истеъмол мекунад, бо назардошти талаботи ҷисми вай басанда нест.
Дилшода Мамадалтозова, мудири маркази беҳдоштии рақами 3-и шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба маҳзи ҳамин камғизоӣ ва норасоии витамини “А" Рашид ҷисман хуб рушд наёфтаву камхун аст ва зуд зуд ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешавад. Ба гуфтаи хонум Дилшода, Рашид 14 килло вазн дорад ва қадаш 80 см аст. Ҳол он ки за рӯи меъёрҳои муққараршуда дар тиб дар ин синну сол кӯдаки солим бояд 20 кило вазн дошта, дарозии қадаш 105 сантиметрро ташкил кунад.
Хонум Дилшода меафзояд, кӯдаконе, ки аз камғизоӣ ранҷ мебаранд, ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд ва бархе бинбар заифии масъунияти бадан ҳатто мефавтанд.
Дар ин зимн ахиран ЮНИСЕФ - Бунёди атфоли СММ бо нашри як гузориш гуфтааст, ки ҳоли ҳозир ҳар як тифли сеюм дар Тоҷикистон аз камғизоӣ ва камбуди витамини “А" ранҷ мебарад.
Ҳонгвей Гао, раиси бунёди ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, мегӯяд, имрӯз камғизоии кӯдакони тоҷик ба ҳаёт, солимӣ ва рушди онҳо хатар эҷод карда, мизони фавти чунин кӯдакон дар муқоиса бо дигар ҳамсолонашон, ки ба хӯрокҳои серғизо дастрасӣ доранд, 6 маротиба бештар аст.
Вай афзуд, «имрӯз дар Тоҷикистон 17 дарсади кӯдакон ба камвазнӣ, 27 дарсад - ба қадпастӣ ва 9 дарсади дигар ба лоғарӣ мувоҷеҳанд. Илова бар ин ба 26 фоизи атфоли тоҷик витамини “А" намерасад ва 39 фоизи кӯдакон камхунанд. Аз сӯи дигар, амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ таъсири худро гузошта вазъро боз ҳам бадтар кардааст».
Ҳамчунини бар тибқи иттилои вазорати беҳдошти Тоҷикистон, феълан дар кишвар беш аз 70 дарсади кӯдакони тоҷик кирми рӯда ва ё гиҷҷа доранд, ки ин ҳам монеи рушди ҷисмонии кӯдакон мешудааст. Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Раҳматуллоев, раиси бахши саломатии модар ва кӯдаки вазорати беҳдошти Тоҷикистон, мегӯяд, ин ниҳод бо ҳамдастии 7 созмони байнулмилалии мустақар дар Тоҷикистон нақшаи вижаеро оиди беҳтар кардани ғизои солим миёни кӯдакон ва модарон рӯи даст гирифтааст.
Аз ҷумла дар доираи ин нақша ахиран дар ҷараёни як нишасти хабарӣ вазорати беҳдошти Тоҷикистон ва намояндагони ЮНИСЕФ эълон карданд, ки дар кишвар корзори тақсими витамини “А" барои кӯдакон ва эминкунии онҳо аз кирми рӯда оғоз шудааст.
Қарор аст, ҳудуди як милллион кӯдаки синни аз шашмоҳа то шашсола бо ин витамин ва беш аз ҳафтсад ҳазор кӯдаки аз ду то шашсола бо доруҳои зидди гиҷҷа, ё кирми рӯда таъмин шаванд.
Гуфта мешавад, тақсими витамини “А" миёни кӯдакон барои беҳтар кардани солимии онҳо мусоидат карда, мизони фавти атфолро то 23 дарсад пойин мебарад.
Рашид гуфт, ки падараш дар муҳоҷирати Русия аст ва модараш дар мактабе фаррошӣ мекунад. Ва ғизое, ки ӯ ҳаррӯз истеъмол мекунад, бо назардошти талаботи ҷисми вай басанда нест.
Дилшода Мамадалтозова, мудири маркази беҳдоштии рақами 3-и шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба маҳзи ҳамин камғизоӣ ва норасоии витамини “А" Рашид ҷисман хуб рушд наёфтаву камхун аст ва зуд зуд ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешавад. Ба гуфтаи хонум Дилшода, Рашид 14 килло вазн дорад ва қадаш 80 см аст. Ҳол он ки за рӯи меъёрҳои муққараршуда дар тиб дар ин синну сол кӯдаки солим бояд 20 кило вазн дошта, дарозии қадаш 105 сантиметрро ташкил кунад.
Имрӯз дар Тоҷикистон 17 дарсади кӯдакон ба камвазнӣ, 27 дарсад - ба қадпастӣ ва 9 дарсади дигар ба лоғарӣ мувоҷеҳанд. Илова бар ин ба 26 дарсади атфоли тоҷик витамини "А" намерасад ва 39 фоизи кӯдакон камхунанд ...