Идомаи эътирозҳо дар Эрон

Панҷумин рӯзи паёпай дар Эрон тазоҳуроти эътирозӣ зидди натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи 12-уми июн идома дорад.
Рӯзи чаҳоршанбе низ ин гуна тазоҳурот дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари ин кишвар дар назар гирифта шудааст. Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон розӣ шудаст, ки имкони шумориши бахше аз оро вуҷуд дорад ва вай мардумро ба оромӣ даъват кардааст. Бо вуҷуди ин дар шаҳрҳои мухталиф донишҷӯён беш аз пеш мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва шумораи бештари шахсиятҳои ислоҳталабон боздошт шудаанд.

Ҷонибдорони Мирҳусейни Мусавӣ-нахуствазири собиқи Эрон ба нақша гирифтаанд, ки ба нишони эътироз бар зидди натиҷаҳои
Ман тасаввур мекунам, шумориши дубораи оро дар ин шароит дардеро даво намекунад. Бояд интихоботи нав баргузор шавад...
эълолншудаи интихоботи 12-уми июни раёсати ҷумҳурӣ раҳпаймоии дигар анҷом диҳанд. Онҳо бар ин боваранд, ки моқомоти расмӣ дар натиҷҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд.

16-уми июн ҷонибдорони Мусавӣ дар маркази шаҳри Теҳрон раҳпамоии ором анҷом доданд. Бар зидди ин раҳпаймоӣ ҳазорон нафар ҷонибдорони Маҳмуди Аҳмадинажод, ки ҳоло барандаи интихобот эълон шудааст, як раҳпаймоии дигар анҷом додаанд.

Аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки ҷонибдорони Мусавӣ тавонистаанд онҳоро ба хориҷ бифиристанд, нишонгари он аст, ки ҳазорон нафар бо шиорҳо дар даст оромона роҳ мепаймоянд. Шиорҳои онҳо чунин буд: "Куҷост райъи ман?" ё "Ман Мусавӣ навиштам, Аҳмадинажод хонда шуд". Баъзе аз ин тазоҳуркунандагон бо радиои Озодӣ сӯҳбат карданд. Ин зан аз ҷумлаи онҳост: "Ҳама мардум ин ҷо рӯи замин дар хиёбон нишастаанд. Онҳо бо дар даст шиорҳое доранд аз ин қабил: " Мо барои донишҷӯёни донишгоҳ мотам дорем".

Ба рӯзноманигорони хориҷӣ пӯшиш додани тазоҳуроти эътирозии ҷонибдорони Мусавӣ мамнуъ шудааст. Матбуоти ислоҳталаб ба таври шадид зери сонсур қарор дорад. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби тазоҳуркунандагон ва фаъолон ба таври қобили мулоҳиза хабарҳо дар бораи вазъият ба берун роҳ меёбанд.

Донишҷӯён ва дигарон гузориш медиҳанд, ки дар давоми ду рӯзи ахир дар шаҳрҳои Теҳрону Исфаҳон ва Мозандарон нируҳои Басиҷ, ки аз Аҳмадинежод ҷонибдорӣ мекунанд, ба хобгоҳҳои донишҷӯён ё кӯи донишгоҳӣ ҳамла бурдаанд. Бино ба гузоришҳо, дар аввали ҳафтаи ҷорӣ дар натиҷаи як ҳамлаи бераҳмона ба кӯи донишгоҳии Теҳрон 5 донишҷӯ кушта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин донишҷӯён барои он мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки аз Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ-номзади дигари мақоми раёсати ҷумҳурӣ тарафдорӣ мекунанд. Баъд аз эълони хабари "пирӯзии саросарӣ"-и Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин интихобот Эрон шоҳиди бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ шуд, ки аз соли 1979, яъне аз соли инқилоби исломии Эрон то ҳол назир надорад. Ҳукумати Эрон дар посух ба ин тазоҳуроти эътирозӣ тадобири шадиди фишору тазйиқотро рӯи даст гирифтааст.

Баъзе шахсиятҳои ислоҳталаб ва ононе, ки натиҷаҳои интихоботро зери суол бурданд, боздошт шудаанд. Мусавӣ ин интихоботро як навъ бозӣ хондааст. Дигарон, аз ҷумла ҳизби ислоҳталаби Мушоракат ва бузургтарин гурӯҳи ислоҳталаби донишҷӯён бо номи Дафтари Таҳкими Ваҳдат ҳатто гуфтаанд, ки дар Эрон табаддулот дар ҳоли анҷомёбист.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки Оятуллоҳ Хоманеӣ рӯзи чаҳоршанбе аз ҳамаи тарафҳо дархост кардааст, то онҳо аз ҳар амале, ки боиси нооромӣ мешавад, худдорӣ варзанд. Вай ҳамчунин аз пешниҳоди Шӯрои Нигаҳбон дар бораи шумориши дубораи бахше аз орои баҳсбарангез розӣ шудааст.

Аммо Ширин Ибодӣ-шахсияти маъруфи Эрон ва барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ хостори баргузории интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон шуд: "Ман тасаввур мекунам, шумориши дубораи оро дар ин шароит дардеро даво намекунад. Бояд интихоботи нав баргузор шавад ва ин бор таҳти назорати созмонҳои байнулмилалӣ, ки ҳамаи ширкаткунандагон қонеъ шаванд, ки райе, ки аз сандуқ берун меояд, орои воқеъии мардум аст".

Хонум Ширин Ибодӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи шахсоне, ки дар рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, бояд бидуни ҳеҷ шарт озод шаванд.