Озмуни доирабазм дар Бадахшон

Ҳангоми ҳунарнамоӣ.

Дар Хоруғ «Озмуни вилоятии доирабазм» баргузор шуд. Дар он ҳунармандони ҳашт ноҳияи вилоят, хонаи фарҳанги шаҳр ва театри вилоятӣ сабқат варзиданд.
Коргардони намоиш Маъруфшо Мазҳабшоев баргузории «Доирабазм»-ро идомаи талошҳои мақомот дар эҳёи шоҳкориҳои фарҳангие ба мисли «Шашмақом» ва «Фалак» номид.

Ба гуфтаи фарҳангшиносон, «Доирабазм» чун намуди ҳунари миллӣ беш аз ҳама дар манотиқи кӯҳистонии Бадахшон дар байни мардум
Тамошоварони ҷашнвораи Дафсоз.
густариш доштааст. Ба фикри Зуробшо Айналишоев, як иштирокчии озмун аз ноҳияи Шуғнон, дафсоз ва ё доирабазм дар шароити набуди дабистонҳо дар кӯҳистон хусусияти маърифатӣ касб карда, ҳадафи он расондани ашъори баланмазмуни шоирон ба шунавандагон ва гарм намудани маҳфилҳои шодӣ будааст.

Вай изҳор дошт, ки дафсоз маҳсули тафаккур ва андеша буда, моҳияти фалсафӣ дорад ва абёти сабукро намепазирад. Ба гуфтаи ҳунарманд он умдатан аз ашори шоирони классик ва дар сабки мухаммас ва ё абёти панҷҳарфа иҷро шуда аз хонанда малакаи махсус талаб мекунад.

Ба гуфтаи мутахассиси идораи фарҳанги ноҳияи Дарвоз, Музаффар Отахонов, доира чун қадимтарин намуди сози мардуми дар маракаҳои мардуми минтақа ҷойгоҳи махсус доштааст. Вай афзуд, ки аммо пасон мавқеъаш танг шуда, агарчанде алҳол бештар дар маҳфили махсуси бонувон садо медиҳад, ба василаи озмун ҳунармандони дарвозӣ тавонистаанд, ки бо гулдастае аз боғи ҳунари ниёкон маҳфилро гарм кунанд.

Роҳбари Хонаи эҷодиёти халқи вилоят, Мулкамон Мамадамонов, изҳор дошт, ки дар баробари умумият доштан дафсоз хусусиятҳои мардуми ҳар як маҳалро инъикос мекунад ва ин гуногунранги дар озмун баръало мушоҳида гардид. Вай гуфт, ки дар шеваи иҷроиши ҳунармандони Рӯшон ва Роштқалъа ҳаракатҳо ва бозиҳои гуногун бартарӣ доштанд, ки ҳолати равонии хонандагон ва шунавандагонро ба ҳам васл мекунанд.

Дар ҳавои дафсоз аз абёти орифона ва ҳолати тафаккуру эҳё то ба дараҷаи самоъи сӯфиёна расидани иштирокдорони «Доирабазм» ба мушоҳида мерасад.

Сарони фарҳанги Бадахшон тасимим гирифтаагд, ки намоишро такмил дода, «Доирабазм»-ро чун як намунаи ҳунари миллии мардуми тоҷик дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ намоянд ва бовар доранд, ки садои дафи ҳунармандони манотиқи мухталифи кӯҳистонии кишвар ба он ҷӯр шуда, базмро боз гармтар ва рангинтар мекунад.

«Доирабазм»-ро «Амонатбонк» ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.